Нашрияи Омӯзгор

Забони модарии мо тавоност

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 177        Шарҳ: 0

 

Борҳо таъкид шудааст, ки дар ташаккули дурусту бомароми кӯдакон, дар рушди маънавии онҳо ва дар шаклгирии одатҳои ҳамидаи насли наврас зинаи аввали таҳсилот нақши барҷаста ва хеле муҳим дорад. Аз ин рӯ, дар дабистонҳо ба сатҳи таълиму тарбия дар синфҳои ибтидоӣ бояд диққати махсус зоҳир кард. Ҳикмати барҳақест, ки «Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст».

Бояд бикӯшид, ки шогирдони мо аз хурдӣ «по рост гузоранд» ва «ба роҳи беварта» қадам зананд. Агар дар шогирди мо дар зинаи аввали таҳсилот одате ношоиста пайдо шавад, барои рафъи он омӯзгорро зарур меояд, ки басо заҳмат ба харҷ диҳад. Бояд бар он бикӯшид, ки хонандагон аз ҳама гуна одату рафтори ношоиста барканор бошанд, дар онҳо ҳисси ватандӯстию эҳтироми миллат ва арзишҳои миллӣ, муҳаббат ба халқу диёри азизи хеш, эҳтиром нисбат ба калонсолон, таваҷҷуҳ ба китоб ва илму фарҳанг пайваста боло бигирад.

Яке аз хислатҳои ҳамидае, ки онро дар кӯдакон аз зинаи аввали таҳсилот бояд пайваста талқин кард, эҳтиром нисбат ба забони модарист. Ин масъала солҳои охир вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ ва мавқеи бештар пайдо кардани забонҳои сернуфуз боз ҳам ҷиддитар гаштааст. Аз тарафи дигар, чунонки воситаҳои ахбори умум пайваста бонги изтироб мезананд, забони наврасони мо зери таъсири алфози кӯчагӣ ва филмҳои хориҷӣ махлуту олуда мешавад, аксари ҷавонон бо забони модарӣ равону беғалат сухан гуфта наметавонанд. Дар кӯдакон, пеш аз ҳама, бояд нисбат ба каломи модарӣ муҳаббати самимӣ бипарварид. Барои ин бояд ба онҳо бо забони содаву шево оид ба моҳияту аҳамияти забони тоҷикӣ шеърҳо гуфт, афсонаҳо бояд нақл намуд. Хушбахтона, дар ситоиши забони модарии мо шеърҳои зиёде гуфта шудаанд ва қисме аз онҳоро (бо пешниҳоди омӯзгор) шогирдони хурдсоламон бояд азёд донанд. Ба хонандагон таъкид бояд кард, ки сухани нодурусту муғлақ фаҳми маъниро душвор мекунад, ҳусни баёнро мекоҳонад ва сабаби малоли хотири ҳамсуҳбат мешавад. Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома» овардааст: «Сухандону сухангӯй он бувад, ки ҳар чи гӯяд, мардумонро маълум шавад». Ба таъкиди Аҳмади Дониш, «маънии ҳар сухан бояд равшантар аз моҳ бошад». Барои ин шогирдонро, махсусан, ба луғатомӯзию луғатдонӣ ҷалб кардан мебояд. Ба онҳо дар бораи фарҳангҳои забони тоҷикӣ ва луғатномаҳо нақл кардан лозим аст, ҳамчунин, батадриҷ ба хонандагон тариқи истифода фарҳангу луғатномаҳо аз луғатомӯзиро бояд омӯхт. Ба шогирдон тариқи талаффузи дурусти овозҳо ва донистани мавриди корбасти онҳоро омӯзонидан низ муҳим мебошад. Масалан, бо далелҳо ба онҳо таъкид бояд кард, ки нодурусту бемавқеъ истифода кардани овозҳои ӯ ва у боиси халалдор гардидани маъно ва нодуруст фаҳмидани матлаб мешавад. Овардани ин далелҳо мувофиқи мақсад аст: бӯр – бур, мӯл – мул, гӯл – гул, дӯхт - духт, кӯл – кул… Дар бораи мавқеи зада ва аҳамияти он дар дурустии фаҳми калимаҳо низ ба хонандагон маълумот ироа кардан муҳим аст. Ғалатҳои хонандагонро ҳангоми суҳбат ва суханрониашон бояд сари вақт ислоҳ карду тавзеҳ бахшид. Бояд бар он ноил шавем, ки шогирдони мо ҳам нисбат ба забони модарӣ муҳаббати самимӣ дошта бошанд ва ҳам бо ин забон равону беғалат сухан гуфта тавонанд ва бо фахр бигӯянд:

Забони модарии мо тавоност,

Сари болои мо, ганҷинаи мост!

 

Фазила УМАРОВА,

муовини директор оид ба

синфҳои ибтидоии мактаби №87-и

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш