Нашрияи Омӯзгор

Натиҷаҳо хурсандибахшанд

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Дар нишасти матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори он Хуршед Икромӣ сараввал дар бораи омодагӣ  ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) барои соли таҳсили 2018 иттилоъ дод. Бино ба гуфти номбурда бо мақсади иттилоърасонӣ ва шинос кардани алоқамандони низоми ИМД бо хусусият ва тартибу қоидаҳои ИМД дар соли ҷорӣ марказ мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша - чорабиниҳои марказ курси омӯзиши низоми ИМД – ро аз моҳи январ то охири моҳи март дар се давра гузаронд.  

Дар соли 2018 дар 55 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 42 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шуд. Соли ҷорӣ шумораи умумии шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ ташкил карда шуд, афзуд.

Чунонки директори ММТ- и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Икромӣ гуфт, дар ду марҳалаи бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД дар соли 2018 ҳамагӣ 95817 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки ин шумора нисбат ба соли 2017 – ум 724 нафар кам аст. Имсол дар байни дохилшавандагон 377 нафар соҳибимтиёзанд. Онҳо тибқи квотаи Президентӣ омада, ятимони кулл, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 мебошанд.  Натиҷаҳои имтиҳонҳо 30 июл ҷамъбаст гардид. Соли ҷорӣ бори аввал дар ИМД навиштани кори хаттӣ - эссе ба роҳ монда шуд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш