(Чанд андеша оид ба нодонӣ, хурофот ва таассуб, ки омили асосии боздорандаи рушди миллатҳо ва нобудии давлатҳост)
Дар дарозои таърих ва тамаддуни башарӣ яке аз омили аслие, ки сабаби бадбахтӣ ва ҷангу куштор, вомондагӣ, бечорагӣ ва дасти ниёзи хеш бар сӯи тахайюл дароз намудани башар гардида, нодонӣ будааст. Нодонӣ дар пайи хеш ҳазорон мушкили дигарро бар сари башарият овардааст.
Аз ин лиҳоз, агар ба решашиносии хурофот назар афканем, он решаҳои имрӯзӣ надорад, балки умқи онро ҳанӯз аз ҷомеаи ибтидоӣ ва инсони нимаваҳшӣ метавон ҷуст, ки он замон дар баробари ҳодисаю воқеаҳо дониш ва таҷрибаи илмӣ надоштад. Нодонӣ ҳамвора барои башарият мушкили меҳварӣ ва сабаби бозмондагӣ ва дар як ҷо по кӯфтан будааст. Инсон аз замоне, ки худро шинохт, олами ҳастӣ ва падидаҳои атроф ба назараш асрорангез ва тааҷҷуббарангезанда ба назар мерасид. Вале чун дониш ва ҷаҳонфаҳмияш ҳанӯз падидаҳои атрофро дуруст ташхис карда наметавонист, ночор ба тахайюл задан перомуни ҳодисаҳо пардохтааст.
Омили дигари ба хурофа тамоюл кардани инсонҳо тарси инсон дар баробари ҳаводис аст, ки маншаъ аз нодонии инсон дар баробари ҳаводис будааст. Чун ҳаводиси дар табиат ба вуқӯъ пайваста, гоҳо барои инсону ҷомеаи ӯ хатарафзо буданд ва одатан аксари онҳо метавонистаанд ба ҳаёти воқеии инсон таъсиргузор бошанд ва дар бисёр маврид хатари вуҷудиро ба миён меоварданд ва дар баробари онҳо инсон оҷиз буд ва амалеро анҷом дода наметавонист, ӯро тарс аз нобудӣ фаро мегирифт, ночор аз рӯи тахайюли худ амалҳоеро анҷом медод ки гӯё аз ин роҳ мехост як навъе ба қувваҳои мармузе, ки муҳаррики асосии ин воқеаҳо буданд як навъ хоҳишу илтиҷои хешро анҷом диҳад. Ҳамин аст, ки дар баробари ин гуна ҳодисот инсон ҳазорон навъи расму оинҳоро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла, дар баробари ҳодисаҳое аз қабили тӯфон, обхезӣ, хушксолӣ, сард омадани зимистон амалҳоеро, аз қабили қурбонӣ кардан ба дарёҳо, илтимосу илтиҷо кардан аз борону тӯфону амсоли ин, хондани дуову аврод ва ибодат кардан дар баробари ҳодисаҳои ба вуҷуд омада ва амсоли ин амалҳоеанд, ки инсон ба ҳаводис хусусияти инсонӣ дода, барои раҳоӣ аз онҳо чораандешии тасаллибахши хаёливу рӯъёӣ намудааст.
Омили дигар ин ниёзи инсонӣ аст. Мусаллам аст, ки инсон ҳамчун мавҷуди зинда дорои ниёзҳои моддист, ки муҳаррики асосии фаъолияти ӯ қарор гирифтаанд. Яъне ниёзҳои моддии инсон, ки асоси зиндагии ӯро ташкил медиҳанд, сабаб гардидаанд, то инсон роҳҳои гуногуни ҳалли онҳоро чораандешӣ намоянд. Чун барои қонеъ кардани ниёзҳояш имкон ва шароитҳои табиӣ ҳамеша муътадил ва яксон набудаанд. Гоҳе ки ин ниёзҳоро бароварда карда наметавонист ва дар садади маргу зиндагӣ қарор мегирифт, ночор буд барои бароварда кардани ниёзҳои моддиаш ба амалкардҳое аз қабили дуохонию ибодат кардан ва мадад ҷустан аз падидаҳои атроф ва қувваҳои мовароӣ ақаллан барои хеш умед ҷӯяд ва зеҳни ноороми хешро ором созад. Чун одами ночор ба ситез бо табиат буд ва ҳар лаҳза дар хатари ҳуҷуми ҳамнавъони худ ва ё ҳайвоноту ҳодисаҳои табиӣ, таҳаввулоти заминӣ буд, ба ин умеде кашонида мешуд, ки ӯ аз маҷмуи қуввот дархости кумак мекард ва пеш аз ҳама худро оромиш мебахшид ва гумон мекард, ки ин тарзи амалкард ӯро қудрат ва неру мебахшад то тавонад дар баробари ин ҳаводиси кушанда истодагарӣ намояд ва хешро наҷот диҳад.
Омили дигари хурофаандешии инсонҳо он будааст, ки чун аз табиати инсон ноогоҳ будаанд ва қобилиятҳои инсонҳоро дуруст шинохта наметавонистаанд ва таъсири ҷанбаҳои биологию иҷтимоиро дар рушди инсон ташхис карда наметавонистаанд, аз ин ҷиҳат гумон мекарданд, ки нафароне, ки қобилияти бештар доранд, онҳо асрорангез, муъҷизанок ва сарнавиштианд. Ҳамин боис гардида, ки як инсони ҳамнавъи заминиро ки ҳеҷ қудрати мовароие надорад, тахайюли хешро ба он бор кунанд ва аз он як вуҷуди фарозаминии дуруст кунанд ва онро мавриди ибодату парастиш қарор диҳанд. Ноогоҳӣ аз раванди ташаккули фард дар ҷомеа ва ба шахсият табдил ёфтани он асли ин падида аст.
Қобили қайд аст, ки дар тамоми даврони мавҷудияти хеш башарият ҳамеша барои зинда мондан тадбирҳоеро андешидааст. Гоҳо ин тадбирҳо тадбирҳои таҷрибашуда, оқилона ва таъсиргузор буда, гоҳо ин тадбирҳо хусусияти ниёишӣ, ибодатӣ, тахайюлӣ ва эътиқодӣ доштаанд. Дар раванди таҳаввули донишҳои илмиву таҷрибии башар яхҳои кӯҳи хурофот бо расидани нурҳои хирад ором – ором аз он ваҳшати куҳане, ки дар зеҳни башар доштаанд, ба як чизҳои одӣ ва маъмулӣ табдил ёфтаанд. Инсон бо мусаллат шудан ба донишҳои навин ва огоҳии илмӣ пайдо намудан дар баробари онҳо на танҳо аз бинишҳои қаблии хурофотии худ даст кашид, балки аз ин падидаҳои ваҳмангези пурасрор бо дарки хусусияту моҳияташон аз онҳо фарояндҳое ба вуҷуд овард, ки тавонистаанд ба сатҳу сифати зиндагии инсоният таъсири мусбии хешро гузоранд.
Дар баробари ин, ҳанӯз ҳам дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон хурофот ва нодонӣ бедод мекунад. Он ҷо ки хурофоту нодонист, мардум на аз ақл, балки аз ҷаҳл кор мегиранд. Ҷоҳилӣ мушкилро як бар сад меафзояд. Он ҷо ки ҷаҳолат аст, ноадолатӣ, ҷабру зулм, нобаробарӣ ва фақру беморӣ бедод мекунад. Ҷомеаи хурофазада сахт осебпазир ва бадани иҷтимоии он заифу нопойдор аст. Мардумонаш бо донишу огоҳӣ ва хирадварзӣ дар ситез қарор мегирад. Хушбахтиву саодатро на дар амалкардҳои худ ва роҳҳои ҳалли ақлонии он, балки аз бегонагон ва қувваҳои мовароӣ интизоранд. Онҳо ҳамеша мутмаинанд, ки неку бадашон ва камиву костиашон марбути онҳо нест. Гӯё ба ҳамаи ин кадом омилҳои берунӣ (кишварҳои берунӣ) ё сарнавиштӣ таъсиргузоранд. Ин гуна ҷомеа ва мардум ба ҳайси қувваи арзони корӣ мавриди сӯистифодаи кишварҳои дигар қарор мегиранд. Захираҳои табииашон танҳо чун ашёи хом барои кишварҳои дигар хидмат мекунад. Илм ва ниҳодҳои илмиву маърифатӣ дар ин гуна ҷомеа ҷойгоҳи муассире надоранд. Олим ва омӯзгор ба ҳайси як қишри бе пушту паноҳ мақоми чандоне надорад. Баръакс, мардум аз илммеҳварӣ бештар эътиқодмеҳваранд ва аз роҳҳои илмии ҳалли мушкилот, бештар думболаи ҳалли эътиқодии мушкилашонанд. Ин гуна тафаккур ва ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмӣ сабаби он гардидааст, ки дар ин гуна кишварҳо маҷмуи ниҳодҳои эътиқодӣ бештар аз ниҳодҳои илмианд. На танҳо ибодатгоҳҳо, балки ҳазорон макону ашёву ҳодисаҳо ба ҳайси «мушкилкушои» (Ин ҷо ба шумули ибодатгоҳҳои расмӣ, эшонҳо, дуохонҳо, ҷинбарорҳо, мазорҳо, чашмаҳо, қадамҷоҳо ва ғ. дар назаранд.) бовармандони ин навъи ҷомеа фаъоланд.
(Давом дорад)
Исомиддин ШАРИФЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи фанҳои
гуманитарии ДТТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр