Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.
Дар он намояндагони сохторҳои академия ва роҳбарони бахшҳо, ки бо хонандагон дар давоми соли таҳсил кор мекунанд, намояндаи раёсати таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро академик Ҳикмат Ҳисориев ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ифтихори 50-солагии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Дар сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагон – аъзои Ҷамъияти илмӣ-эҷодии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, гимназияҳои шаҳри Душанбе ва хонандагон аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Ҳисору Норак иштирок намуданд.
Дар маҷмуъ, 16 нафар хонанда корҳои илмии анҷомдодаи худро пешниҳод намуданд.
Дар сессия инҳо баромад намуданд: дар бахши математика Қудратова Сайрам (МТМУ №34)-и ноҳияи Рӯдакӣ, Кучакшоев Муртазо (МТМУ №71)-и ноҳияи Шоҳмансур дар бахши физика, Ярахмадов Алиҷон (МТМУ №36)-и ноҳияи Шоҳмансур ва Иванова София (литсейи №3)-и шаҳри Душанбе дар бахши технологияи иттилоотӣ, дар бахши тиб Алимқулова Амина (литсейи №2)-и шаҳри Душанбе, Сайфиддинова Меҳрона (гимназияи №2)-и шаҳри Душанбе ва Расулова Меҳрона (литсейи №3)-и шаҳри Душанбе дар бахши биология, дар бахши астрономия Акрами Мусо (литсейи «Раҳнамо»)-и шаҳри Душанбе, дар бахши химия Амонова Марҷона (МТМУ №47)-и шаҳри Ҳисор ва Раҳмонова Фотима (МТМУ №45)-и ноҳияи Рӯдакӣ, дар бахши ҳуқуқ Асадуллозода Насиба (МТМУ №71)-и ноҳияи Шоҳмансур, дар бахши таърих ва бостоншиносӣ Ибодова Сановбар (МТМУ №33)-и ноҳияи Сино ва Тағойзода Фирдавс (МТМУ №4)-и шаҳри Норак, дар бахши гидрохимия Раҳмонов Насрулло (МТМУ №76)-и шаҳри Ҳисор ва дар бахши генетика Саидаминова Амина (МТМУ №21)-и ноҳияи Шоҳмансур. Баромадкунандагон баъди анҷоми маърӯзаҳои худ ба саволҳои аз тарафи олимон пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас доданд тавонистанд.
Дар фарҷоми сессия бо фармоиши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 50-солагии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандони шуъбаи кор бо мактаббачагони раёсати Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгороне, ки солҳои тӯлонӣ хонандагонро ба сессияҳои тобистона ва зимистонаи Академияи хурди илмҳо омода кардаанд, бо ифтихорномаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Тӯрақул ҶУМЪАЕВ,
собиқадори маориф
Иловакунӣ
Иловакунии фикр