Нашрияи Омӯзгор

Пойтахти давлат – ифтихори миллат

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 130        Шарҳ: 0

 

(Дар ҳошияи мақолаи “Пойтахти давлат ва истиқлоли миллат”-и С. Ятимов)

Мақолаи таҳлилию тадқиқии “Пойтахти давлат ва истиқлоли миллат” ба мавзуи бунёдӣ-шукӯҳу манзалати пойтахти давлат, ҳифзи истиқлоли як миллати воҳиди қадимтарину мутамаддинтарин – мо, тоҷикон, аз зовияи фаҳму дарки донишҳои сиёсию фарҳангӣ, маърифатию мазҳабӣ, динӣ, ҳуқуқӣ, марзҳои озодихоҳиву ҳувиятхоҳии ватанпарварона ва шинохти миллӣ таълиф гардида, масоили мубраму дархӯри замону ҳолати воқеиро аз дидгоҳи назариву амалӣ мавриди баҳс қарор додааст.

Дар муқаддимаи мақола профессор С. Ятимов баъд аз тавсифи истиқлоли миллӣ таъкид менамояд, ки бидуни ташкилоти сиёсии марказонидашуда, устувор мондан, ҳифзи абадияти миллӣ ва нишонаҳои асосии он – забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва рифоҳи миллӣ ғайриимкон аст. Мавсуф ба нуктаи ниҳоии мазмуни мақола ба таври мушаххас ишорат менамоянд - “...мавзуи баҳс манзалати сиёсии пойтахти давлат дар чаҳорчӯбаи истиқлоли миллат мебошад...”

Мутобиқ ба баррасии масъала, муаллиф маъниҳои бикру андешаҳои тозаи хешро дар фаслҳои мақола – “Пойтахт; Пойтахт ва фарҳанги сиёсӣ”; “Пойтахт ва амният”; “Идеяи миллӣ ва пойтахт”; “Истиқлол, пойтахт ва ҷавонон” ва хулоса ба таври мушаххасу муҷаз манзури хонанда мегардонад.

Асолату салобати давлатдорӣ, шукӯҳу шаҳомати мамлакат марбут аст ба пойтахти он, зеро пойтахт зербино, субот, амният ва ба василаи тарҳи шаҳрдории зебову маъмурии ифодакунандаи арзишҳо ва армонҳои миллӣ, хиёбону гулгаштҳои муосир дар чашми хориҷиён, намоди соҳибқудративу салтанатдории ҳар миллат маҳсуб меёбад ва хушбахтона, шаҳри Душанбе муносиб ба ин гуна сифатҳост.

Дар ин замина, муҳаббат парвардан ба пойтахти мамлакат, садоқат доштан ба маркази зуҳури эътибори миллати хеш вазифаи муқаддаси ҳар як сокини Тоҷикистони азиз аст.

Масъалаи ҳаётан муҳим барои давлат, амният ба шумор меравад ва ин нукта бе баҳс буда, ки заминаи бунёдии рушду нумуи кишвар дар кулли ҷабҳаҳои зиндагӣ, амну суботу осоиштагист. Аз ҳамин нуқтаи назар, С.Ятимов дар мақолаи “Пойтахти давлат ва истиқлоли миллат” ақидаи возеҳро перомуни нигоштаҳои боло дар фасли “Пойтахт ва амният” ба қалам дода, суханро аз масъулияти умдаи давлатдорӣ, осудагии кулли кишвар, услуби вижаи роҳандозии фаъолияти маъмурии пойтахт оғоз мебахшад. Ва баъди ишорае ба ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат (1992-1997) роҷеъ ба асоси оромиву осоиштагии кишвар фарзияи мукаммалу мухтасарро ироа карда, ҷуброннопазирии оқибатҳои ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро барҷаставу муассир ёдрас мешаванд:

“...Оқибатҳои фоҷиабори хостаҳои онҳо (гурӯҳҳои хуношоми ҷанги шаҳрвандӣ – М.Ғ.) ҷуброннопазиранд, баргардонии тақдири инсонҳо – ҳазорҳо оилаҳои фарзандгумкарда, падару писарталафдода ғайриимкон аст...”

Дар фасли – “Пойтахт ва амният”, дар мабнои мавқеъ гирифтан дар чунин давраи пурихтилофу ноороми ҷомеаи муосир, ки илму дониш, мактабу маориф ва андешаҳои созандаи зиёиёни мамлакат метавонанд кишварро аз ҳар гуна омилҳои хатарзову фоҷеабор вораҳонад, мавсуф ақидаҳои  пешқадамро баён мекунад. Дар ин масир мо бояд пайваста саҳм гирем. Ва мусаллам аст, ки дар дилхоҳ кишварҳои олам ҳанӯз аз асрҳои миёна тулуи авҷи илму дониш аз пойтахт шуруъ мешавад ва ин андешаи дақиқ дигар арқому далоили яқин надорад. Хушбахтона, чунон ки аз муҳтавои мақолаи мазкур бармеояд, тайи солҳои охир пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази рушди бесобиқаи илму маориф мубаддал гардидааст ва ин музаффарият паёмест аз ояндаи дурахшони мамлакатамон.

Мафҳумҳои “идеяи миллӣ” ва “пойтахт” қутбнамою меҳвари истиқлоли комили давлатии ҳар як давлати миллист. Бар ҳамин асос рафъати андешаи миллии мардум, ки дар такя ба идеяи миллӣ зуҳур мекунад, дар ҳифзи арзишҳо ва ормонҳои миллӣ қарор мегирад ва дигар ҳеҷ ҷаҳонбинии таҳмилию сунъӣ наметавонад ба тафаккури созанда рахна ворид намояд. Дар тақвияти ин андеша профессор С. Ятимов воқеъбинона мегӯяд, ки: “...Агар ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, дидгоҳ ва рӯҳи мардум ба рӯи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ асос наёфта бошад, Истиқлоли давлатӣ, ғайр аз эъломияи холӣ зуҳуроти пойдор ва дарозмуддате нест ва буда ҳам наметавонад. Ҳама гуна шаклҳои шуури ҷамъият, аз ҷумла, ҳизбӣ, синфӣ, динӣ, гурӯҳӣ ҳатто геополитикӣ ҳам ҳаққи мавҷудиятро доранд. Аммо сирф дар чаҳорчӯбаи манфиатҳои миллӣ. Зеро ҷаҳонбинии миллӣ офтоби ҳаётбахши миллат аст...”

Дар фасли ироашуда доир ба таълимоти Мартин Лютер (асри ХVI) - донишманди олмонӣ фикрҳои ҷолиб изҳор шудааст, ки таҳлили доманфарохи он аз имкони роқими сутур берун аст ва ҳамин ишораи муаллифи мақола перомуни ғояи меҳварии Мартин кофист, ки оид ба ташкили давлати миллӣ сарфаҳм равем: “...То миллат аз рӯҳияи ғуломӣ озод набошад, вобаста ва идорашавандаи бегонагон хоҳад буд...”  Ва сухани Ф. Бекон бо дарназардошти шароити феълӣ - бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф” (2020-2040) дар кишварамон мувофиқу муносиб аст:

“...Бузургтарин натиҷаи ақли инсонӣ – сохтани асбоб ва воситаҳост...” Ҳоло замони ихтироъю кашфиёт кайҳо фаро расидаву ба тадқиқи асрори илмии заминӣ ва коинотӣ дастрасӣ надорем, яъне амаламон ҷавобгӯи тақозои давр нест. Дар ин маврид бояд дастҷамъона биандешем, ки рушди пойтахт ва дар маҷмуъ, кулли самтҳои тараққиёти ҷомеаамон ниёз ба ихтирооту тадқиқи асрорҳои навини илмӣ дорад, хоса илмҳои дақиқу табиатшиносӣ.

Фасли охири мақолаи “Пойтахти давлат ва истиқлоли миллат” – Истиқлол, пойтахт ва ҷавонон буда, муаллиф бо ишораи қатъию огаҳмандона аз давлатдорӣ ва ҳифзу пешбурди манфиатҳои миллӣ суханро шуруъ менамояд. Ва тафохур аз фарҳанг ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба хотири пойдории давлат яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ба нангу номуси мамлакат аст.

Дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардид. Аз ин хотир, муаллиф дар ин фасл суханро аз муҳимтарин масъалаи ҳифз ва пешбурди манфиатҳои миллӣ оғоз карда, мушкилоти ҳифзи ҳадафҳои олиро дар шароити гуногуни воқеӣ ва оид ба мақоми барҷастаи Пешвои миллат ба таври зайл шарҳ медиҳад:

“... Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати навини тоҷиконро асос гузошт. Мактаб ва усули роҳбарии мабно бар дониш, хирад, мардумсолорӣ, тавоноии дарки орзуву омоли халқи заҳматкаш, додрасӣ, намунаи рафтори роҳбарӣ, қудрати волои суханварӣ, фурӯтаниву хоксорӣ ва олиҳимматии ҷавонмардонаро дар амал нишон дод...”

Воқеан, тезиси зерини муҳаққиқи назарсанҷ ҷанбаи назаргоҳест, ки хонандаро ба муҳтаво ва дарунмояи мақолаи “Пойтахти давлат ва истиқлоли миллат” мутаваҷҷеҳ мекунад.

Таъкиди сиёсатшиноси муваффақ ба нуктаи фавқ вобаста аст ба хатти мазмуни нигошта, ки маҳз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон макони аслии падидоии шахсияти таърихӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мактаби эҷоднамудаи давлатдории муосири миллати фарҳангсолори тоҷикони эшон аст ва аҳли ҷомеа - хоса ҷавонони зираку ҳушманди мамлакат бояд бо донишу фазилат, хулқу рафтори писандида меросбар - вориси ҳақиқию воқеии маркази эҳёи соҳибистиқлолии кишвари маҳбуб - Тоҷикистон - пойтахти он бошанд.

Ҷавонони банангу номуси мамлакат дар замоне ки даргириҳои геополитикӣ сурат мегирад, бояд зираку ҳушёр бошанд, вазифаи ҷониву имонии онҳо аз он иборат аст, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат сарзамини биҳиштосои хешро аз ҳар гуна хавфу хатарҳои таҳдидкунанда ба ваҳдати комили миллат чун гавҳараки чашм муҳофизат менамоянд. Вобаста ба ин дар мақола дастури муфидест барои ҷавонони кишвар:

“...Устоди беҳтарини инсон илм, маърифат, дониш ва ҷавҳари он таҷрибаи зиндагӣ мебошад...”

Фасли “Истиқлол, пойтахт ва ҷавонон” бо мазмуни зерин ҷамъбаст мешавад, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастпарвари мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Фарзияи боло ҳақиқати воқеист, зеро таърихи 30-солаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан ба исбот расонд, ки мактаби давлатдории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷанбаҳои муҳимми санъати сарварии як давлати воҳиди миллӣ дар душвортарин марҳилаи таърихӣ қодир аст сиёсатмадорону иқтисоддонон ва фарҳангиёнеро тарбият намояд, ки шахсияташон метавонад боиси иззату эҳтироми вижаи ҳама гуна ҷомеаи мутамаддин қарор гирад.

Дар маҷмуъ, дар мақолаи “Пойтахти давлат ва истиқлоли миллат” ба мафҳумҳои “пойтахти давлат” ва “истиқлоли миллат” тафсири комил дода шуда, он барои минбаъд мавқеъ гирифтан дар самти рушди ҷабҳаҳои гуногун ва муҳимми ҳаёт дастури созандаест.

Меҳриддин ҒИЁСӢ,

мудири шуъбаи иттилоот,  робитаҳои илмӣ  ва омӯзиши тамаддуни Шарқи Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш