Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгор меҳрпарвар аст

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 133        Шарҳ: 0

 

Ман омӯзгори синфҳои ибтидоиям  ва  аз рӯзи аввали ба мактаб қадам ниҳодани шогирдонам дар назди худ вазифа гузоштаам, ки бояд  аз  тарзи зиндагии хонаводагии  онҳо  маълумоти аниқ ва огоҳӣ дошта бошам. Аз ин лиҳоз ҳамеша бо волидайн дар тамосам. Ба дарсҳои иловагӣ онҳоро даъват карда, аз тарзи рӯзгор ва шароити фарзандонашон мепурсам. Зеро муаллимӣ танҳо 45 дақиқа  дар синф будану  машғулият варзидан нест, балки  муаллим бояд огоҳӣ дошта бошад, ки оё хонанда шароити хуб дорад ё не? Омӯзгор бояд мисли  модар ва ё равоншинос дарду шодии кӯдакро эҳсос намояд.

Аз таҷрибаи кориам дарк намудам, ки дар натиҷаи номусоид будани муҳити оила кӯдак наметавонад, ки худро хуб идора кунад. Мебинам оилаҳое, ки ноустуворанд, фарзандонашон низ он қадар шавқи мактабхониро надоранд, аммо фарзандони хонаводаҳои устувор бештар ва хубтар завқи хондан ва омӯхтан доранд

Фикр мекунам, ки волидайн  ҳатман илму фарҳанги тарбияро омӯхта бошад, вагарна ин вазифаи масъулиятнокро иҷро карда наметавонад, чунки кӯдак ҳам шахсият аст ва ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад шахсияти ӯро таҳқир намояд. Баъзе падару модарон  гумон мекунанд, ки вазифаи онҳо танҳо хӯрондану пӯшондани  онҳост, аммо фаромӯш мекунанд, ки дар баробари ин, ҳамчунин, фарзандро тарбияи хуб додан лозим аст. Хеле муҳим аст, ки волидайн нисбат ба дигарон, яъне хешу табор, ҳамсоя ва ҳамкорашон муносибати хубу эҳтиром дошта бошанд, то фарзанд инро дида, аз кӯдакӣ дар дилаш меҳру муҳаббатро ҷой бикунад. Ҷангу ҷанҷоли оилавӣ ба асабу  ҳолати рӯҳии кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Ва агар миёни кӯдаку падару модар ҳусни тафоҳум набошад, якдигарро дарк намекунанд, сирру асрори ҳамдигарро пинҳон медоранд, ки дар натиҷа фарзанд якраву рӯҳафтодаву дилшикаста мешавад, ва ин ба ояндаи ӯ зарбаи калоне мерасонад.

Яъне фарзанди накую хушахлоқу инсондӯсту ватанпарвар  дар доман парваридан масъулияти бузургеро тақозо мекунад, дар ин ҷо тарбияи якҷояи ҳам падар ва ҳам модар лозим аст. Оила мактаби нахустин ва бузургест, ки дар он арзишҳои инсониро кӯдак омӯхта, минбаъд метавонад дар мактаб нақши назаррасе дошта бошад. Танҳо оила, ки комилтарин ҷузъи оила маҳсуб меёбад, дар такмили одобу маърифати кӯдакон замина  мегузорад. Агар  кӯдак дар оила тарбияи хуби падару модарро нагирад, барои муаллим низ дар таълиму тарбияи ӯ мушкилот эҷод мегардад.

Имрӯз мо дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ ба сар мебарем ва аз ин рӯ,  кӯдаконро он гуна таълиму тарбия бояд дод, ки  аз фарҳангу адабиёту забони мардуми худ огоҳӣ дошта бошанд. Ба вижа, аз забони тоҷикии худ,  ки калидаи илму донишу фарҳанг аст. Саъдии Шерозӣ марбут ба ин мавзуъ фармуда:

“Дар хурдӣ таъсири тарбия бештар корагар аст, балки дар бузургӣ”.

 Маҳз дар ҳамин синнусол таҳкурсии инкишофи кӯдакон  гузошта мешавад ва ҳам оила ва ҳам омӯзгорро заррур аст, ки барояш китобҳои ба синнусоли ӯ ҷавобгӯ дарёфт карда, ба хондани китоб ҳидоят намоянд. Дар ин айём кӯдак  бояд   бештар китоби афсона, чистон, тезгӯяк  хонда, нутқашро инкишоф бидиҳад.

Аз ҳама омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ тақозо мешавад, ки  бештар бо волидайни шогирдонашон ҳамкорӣ дошта бошанд, то тавонанд, шогирди хуберо  тарбия ва таълим бидиҳанд.  Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат  хеле барҳақ фармудаанд: “Беҳбудии сифати таълиму тарбияи насли наврас бояд дар маркази диққати падару модар қарор дошта бошад. Онҳо бояд дар тарбия ва донишандӯзии фарзандони худ ҳамеша бо муассисаҳои таълимӣ, ба вижа, бо омӯзгори масъул дар тамос шуда, масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд”.

 

Румия ҲАЙИТОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №93- и ноҳияи  Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш