Нашрияи Омӯзгор

Роҳнамои аҳли ҷомеа

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 117        Шарҳ: 0

 

Паёми Президенти мамлакат дар соли барои мардуми Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ пешниҳод гардид. Аз ин рӯ, Паёми имсола хусусияти хосе ба худ касб намуд.   Аз лиҳози илмӣ он нуктаи аз ҳама муҳиме, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гашт “...расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад...” буд, ки тамоми ҳадафҳои минбаъда аз ҳамин гуфтаҳо сарчашма мегиранд.

Дар Паём бо натиҷагирӣ аз 30 соли сипаригашта, Пешвои миллат дар бобати бурду бохти тамоми соҳаҳо сухан ронда, муҳимтарин падидаҳои сиёсати дохиливу хориҷиро мавриди таҳлил қарор доданд. Дар идома, дар баробари баррасии дигар соҳаҳо масъалаҳои иҷтимоӣ мавриди суханронии Пешвои миллат қарор гирифтанд. Дар ин замина, таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи илму маориф  дар Паёми имсола бори дигар ифодаи худро ёфт. Илму маориф чун соҳаи аввалиндараҷа ва афзалиятиятнок ва рушду инкишофи он дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид. Боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ,  баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврасро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими аҳли маориф, омӯзгорону тамоми ҷомеа маънидод намуда, Пешвои миллат хеле бомаврид зикр намуданд, ки “... падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар, бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд. Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс, касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад...”

 Воқеан,  дар мавриди ғамхориҳои давлату ҳукумат ба соҳаи маориф, бахусус, тӯли солҳои охир, баҳри рушди он корҳои зиёд анҷом дода шуда истодаанд, барои таҳсили ҷавонон  чи дар дохил ва чи берун аз кишвар тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Монеаи ҷиддие дар ин роҳ мавҷуд нест. Танҳо зарур аст, ки насли ҷавонро ҳар чи бештар ба касбу илмомӯзӣ ҳидоят намоем, баҳри тарбияву бакамолрасонии насли аз ҳар ҷиҳат солиму дорои тафаккури созанда, худшиносу ватандӯст омӯзгорону волидон масъулияти бештар зоҳир намоем, ба ибораи дигар, фарзандонро ба роҳи дуруст, омӯзиши илму ҳунар ва ободию созандагии ватани азизамон Тоҷикистон ҳидоят намудан вазифаи ҷонии мактабу маориф ва қарзи ҳар як падару модару аҳли ҷомеа мебошад. 

Боиси сарфарозии аҳли варзиши кишвар, аз ҷумла, мо-устодону кормандони ДТҶТ ба номи ҷаҳонпаҳлавон С.Раҳимов аст, ки Пешвои муаззам дар баробари таҳлили соҳаи маориф чун суханрониҳои  қаблиашон рушди варзиш, оммавигардонӣ ва инкишоф додани ин соҳаро варзишро дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа арзёбӣ намуданд.   Воқеан, тавре шоҳидем, давоми солҳои охир дар соҳаи варзиш дигаргуниҳои назаррас ба вуқӯъ пайвастанд. Тавре дар Паём зикр гардид, “...“...аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30–солагии истиқлоли давлатӣ сохташуда 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳад...”.

Аз лиҳози илмӣ низ собит гаштааст, ҷомеае рушду инкишоф меёбад, ки агар аҳолиаш солим бошад, дар ин замина тандурустии сокинон, бахусус, ҷавононамон, ки нуфузи асосии аҳолиро ташкил медиҳанд, тандурустии миллат аст. 

Аз ҷумла, пайваста ба варзиш машғул шудани хонандагон - истеъдоду салиқаи онҳоро ҳам такмил медиҳад. Мактаб вазифадор аст, ки дар баробари таълими дигар фанҳо, аҳамияти варзишро ба мактаббачагон бифаҳмонад. Варзиш тавоноӣ, зебоӣ ва доноӣ аст. Ба воситаи варзиш миллат қудратманду эътибору нуфузаш боз ҳам баланд мегардад.     Варзиш ғайр аз он ки нерубахши ҷисму рӯҳ аст, муаррифгари миллату давлат аст. Ҳар як ғалабаи варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, обрӯи варзиши тоҷик ва давлати миллии моро боз дучанд мекунад... 

Умуман, ҳидоятҳои судманди Пешвои миллат дар Паёми имсола ҳар як сокини кишварро барои расидан ба самти қуллаҳои нави созандагиву бунёдкорӣ рӯҳбаланд менамоянд.

Маҳмадамин ҚАЮМОВ,

декани факултети

омодагии  дифои ҳарбӣ ва тарбияи  ҷисмонии ДТҶТ ба номи С.Раҳимов,  номзади

илмҳои педагогӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш