Нашрияи Омӯзгор

Рисолати ояндасози Паём

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

 

Маориф дар сиёсати давлати миллиамон пойгоҳи маҳкам ва устуворест, ки рушду нумуи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар  ба он иртиботи ногусастанӣ дорад. Пешвои миллат аз нахустин рӯзи ба сари идораи давлат омадан то ба ҳол маорифро самти афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа медонанд.

Сарвари  кишвар дар Паёми навбатии хеш таъкид доштанд, ки: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Воқеан, рушду пешрафт ва саодати ҳар миллат ба маориф ва фарҳанги он пайванди мустаҳкам дорад. Ин нуктаи муҳим ва бунёдсоз ҳамасола дар Паёмҳои Пешвои маорифпарвари миллат таъкид ва таъйид меёбад.

Аз тарбиятдиҳандагону тарбиятгирандагони замони кунунӣ талаб карда мешавад, ки бо донишу фарҳанг ва технологияи муосир мусаллаҳ бошанд ва ба меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои маънавӣ муҷҷаҳаз гардида, дар роҳи аз худ намудани онҳо кӯшиш намоянд. Бо назардошти ин матлаб, дар ин бахш бояд аз тамоми зарфиятҳои зеҳнӣ ба қадри имкон истифода кард.

Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат барои ҳар фарди ҷомеа ҳамчун дастуру қутбнамо буда, ҷиҳати зиндагии шоиста ва пурфараҳро ноил гардидан роҳкушоӣ менамояд, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳия ва тадвин намудани дастуру китобҳои таълимӣ ва тайёр кардани кадрҳои ҳирфавӣ таъсири мусбат ба бор меорад. Ҷавҳари сиёсати Роҳбари давлатро дар соҳаи маориф масъалаҳои дар низоми маориф ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасбу ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ташкил мекунад.

Дар Паём бо дарназардошти рушди соҳаи саноат, ки пешрафти ҷомеа ба он пайванди устувор дорад, солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон карда шуд. Аз ин рӯ, вобаста ба саноатикунонии кишвар, ки чорумин ҳадафи стратегии давлат ва ҳукумати Тоҷикистон эълон гардидааст, ба мутахассисони кордону ҳирфавӣ сахт ниёзманд аст. Иқтисодиёт ҳамон замон ба пешрафти назаррас ноил мегардад, ки кормандони донову кордон дар истеҳсолот фаъолият кунанд ва дар ин раванд дар омода намудани мутахассисони донишманду зиракро тарбият кардан вазифаи аввалиндараҷа ҳисобидан лозим меояд. Барои расидан ба ин матлаб тафаккури техникии онҳоро тарбият намудан муҳимтарин ҳадафи мактабу маорифи муосир бояд бошад. Аз ин ҷост, ки тафаккури техникӣ ҷузъе аз тафаккури илмӣ буда, парваришу тақвияти он ба муассисаҳои таълимӣ вобастагии қавӣ дорд.

Роҳбари давлат дар баробари мустаҳкам кардани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, мусоидат ба болоравии сифати таълиму тарбият ва омодасозии мутахассисони соҳа, ба масъалаҳои бунёдии соҳа, аз ҷумла, шароити зисту зиндагонии аҳли маориф ҳамасола таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд.

Миллати муваффақ он миллатест, ки ҳамрадифи замон қадам бардошта, баҳрабадорӣ аз навгониҳои муосири таълиму тадриси посухгӯ ба ҷаҳони имрӯзро дар муассисаҳои таълимии кишвар фароҳам меорад. Дар рафъи нуқсону камбудиҳои ҷойдошта ҷидду ҷаҳд мекунад. Дар давраи истиқлолият ин шоистагӣ ба мо ҳам насиб гардид. Истеъдодҳои зиёди ақлонӣ рӯи кор омада, бо ақлу хиради фитрии хеш дар миқёси ҷаҳон муаррифгари давлату миллат шуданд. Вале ҳанӯз ин кам аст. Онро ҷустану кашф кардан ва дар зимн онро тарбият намудан вазифаи масъулини соҳа аст.

Бо ташаббус ва иқдоми  маорифпарварона ва адабпарастонаи Пешвои миллат озмуни  ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ба ҳукми анъана даромадааст. Ин амал тамоми  қишри ҷомеа, бахусус, хонандагону донишҷӯёнро ба мутолиаи осори бадеӣ ташвиқ мекунад. Бузургони адаби мо “Дониш  андар дил  чароғи равшан аст”, “Ҷаҳонро ба  дониш тавон  ёфтан”,  гуфтаву ба ин тариқ афкори ҳикматборро ба мо талқин намудаанд. Шоири тозагуфтор  Абдурауф Муродӣ дар ҳавои  гуфтаҳои ниёгонамон фармудааст:

Арши миллатро китоб аст офтоб,

Шод бодо миллати соҳибкитоб.

Ҳикмати зерин  бояд такондиҳандаи зеҳну шуури мо дар роҳи суд бардоштан аз илму маърифат бошад: “Агар ғами яксоларо хӯрӣ, шоликорӣ кун, агар даҳсоларо мадди назар дошта бошӣ, боғ бунёд кун, агар андешаи садсоларо карданӣ бошӣ, соҳаи маорифро пурқувват намо”. Бо дарки ин маънӣ мунсифона бояд изҳор дошт, ки дар шароити кунунӣ тамоми имконият барои таҳсилот фароҳам аст ва инак, майдони ҳунару ҳунарнамоӣ дар дасту ихтиёри ҳар яки мост.

Паёми Пешвои миллат манзалати як дарси пурмуҳтаворо дорад. Он дарси худогоҳиву хештаншиносӣ, ватандориву ватандӯстӣ ва ҳувияту ҳайсияти мост. Он бояд ҳамчун барномаи муштарак дар рӯзгори пур аз амну рифоҳи  ҳамватанон қарор бигирад.

Ҳасан ҶӮРАЕВ,

 устоди факултети педагогикаи  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои педагогӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш