Нашрияи Омӯзгор

Маориф, ба пеш!

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 112        Шарҳ: 0

 

 

Бувад Сарвари мо ҳумоюнгуҳар,

Дар олам набошад чу ӯ тоҷвар.

Табори шарифу нажоди баланд,

Худо карда ӯро басе арҷманд.

Зи оли бузургони бонангу ном,

Зи пушти азизони фаррухпаём.

Башоратдеҳи нури сулҳу сафо,

Ба имрӯзу фардои мо раҳнамо.

Табори шарифу нажоди саид,

Ки дидори ӯ мардумонрост ид.

Башорат расонид бар хосу ом,

Ки унвони пайғоми ӯ буд Паём.

Паёме, ки таҳлили садсола дошт,

Ба қалби ҳама набзи хушнудӣ кошт.

Зи рушди маориф гуфта навид,

Ба мактаб, ба таълими нав ҷон дамид.

Ҳазорон дабистон гулистон аз ӯ,

Ҳазорон гулистон гулафшон аз ӯ.

Чу андар Паёми нав иброз дошт,

Ки бе илм як гом натвон гузошт.

Ба ҷуз илму таълиму тадриси нав,

Нагардад раҳо ҷони мо аз гарав.

Низоми маорифро нав кунем,

Ҷудо дони гандум зи ҳар ҷав кунем.

Надонем  агар мо забонро, чӣ сон

Тавонем огаҳ шавем аз ҷаҳон?!

Забонҳои бисёр аз бар кунем,

Сафар бар дусад навъ кишвар кунем.

Ҳунар бояд омӯхту касби зиёд,

Ки табъи халоиқ аз ин ҳарду шод.

Зи илми дақиқу зи касбу ҳанар,

Ба кайҳон расидаст аҳли башар.

Маорифи мо то шавад пештоз,

Бар он дода шуд бештар имтиёз.

Валекин ҳанӯзам маорифи мо

Надорад, ба ҳадде  ки хоҳам, зиё.

Маориф хоҳад такопӯи беш,

Аз ин рӯ, маорифи миллат, ба пеш!

 

Шариф Шарифов,

дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш