13 январи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини вазири маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода, сардорону кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии вазорат вобаста ба омӯзиши Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, вазъи риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва “Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” хониши идоравӣ доир гардид.
Муовини якуми вазири маориф ва илм М. Саломиён зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста таъкид медоранд, ки “дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд”.
Сипас, сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода доир ба мақсади асосӣ ва вазифаҳои Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф барои давраи то соли 2030, мақсад ва дурнамои ислоҳот дар соҳаи маориф, вазифаҳои калидии стратегияи мазкур, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва заминаи маъёрии ҳуқуқӣ, фазои сохторӣ (институтсионалӣ)-и соҳаи маориф, заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, алоқамандӣ бо афзалиятҳои миллӣ ва соҳавӣ суханронӣ кард.
Дар рафти хониши идоравӣ, инчунин, сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро Шодмон Саидзода доир ба вазъи риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва “Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” тавзеҳ бахшид.
Ҳамчунин, риояи қатъии тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии муроҷиатҳо, ирсоли саривақтии ҷавобҳои мукаммалу асоснок ба муаллифони онҳо, риояи талаботи муошират бо муроҷиаткунандагон, инчунин, пурра, холисона ва ҳаматарафа баррасӣ намудани муроҷиатҳо аз ҷониби кормандон бояд мунтазам чораҳои дахлдор андешида шавад.
Зайнаб ҲУСЕЙНОВА,
корманди Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр