Нашрияи Омӯзгор

ВАО оинаи тамомнамои зиндагист

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

Рӯзноманигорони мамлакатро зарур аст, ки вобас-та ба таҳаввулоти замони муосир тарғиби сулҳу субот ва оромиву осоиши кишвари маҳбубамонро бештар ба роҳ монда, ба хотири таъмини амният ва ҳифзи ин сарзамини муқаддас аз тамоми неру ва қобилияти эҷодии худ истифода намоянд. Зеро гузашти замон нишон дод, ки рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ягонагӣ сахт вобаста мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Беш аз ду сол мешавад, ки Муассисаи давлатии «Академияи васоити ахбори омма» фаъолият дорад. Муассисаи мазкур 1 –уми марти соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба истифода дода шуд. Вобаста ба фаъолияти муассисаи мазкур суҳбате доштем бо директори он Зинатуллоҳ Исмоилзода, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

- Муҳтарам Зинатулло Исмоилзода, нахуст мехостем дар хусуси рисолат ва вазифаҳое, ки дар назди Академияи ВАО  меис-тад, маълумоти мухтасар ироа мекардед. Умуман, ҳадафи таъсиси Академияи ВАО аз чӣ иборат аст?

- Дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба аз зарурати таъсиси муассисаи давлатие, ки ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи ВАО машғул гардад, ишора намуданд. Дар ҳамин асос бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 январи соли 2014 Муассисаи давлатии Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид ва он 1 –уми марти соли 2016 бо иштироки  Пешвои миллат дар баробари ду муассисаи нави давлатӣ- телевизиони «Варзиш» ва «Синамо» ба фаъолият оғоз  намуд.  Рисолати ин даргоҳ ба он нигаронида шудааст, ки кормандони эҷодиву техникии ВАО таҳсилу таҷриба омӯхта, аз навгониву имконоти соҳа дар шароити муосир огоҳ шаванд. Ин аст, ки машғулиятҳои омӯзишӣ ва дарсҳои маҳорат қолабиву нусхабардорӣ набуда, балки ба таври озод дар онҳо баҳсҳову масъалаҳои рӯз баррасӣ мешаванд. Завқу майл ва муроҷиату дархости журналистонро ҳамеша ба инобат мегиранд ва тартиби баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ низ дар ҳамин замина роҳандозӣ мешаванд. Муассиса бештар бо дарназардошти мушоҳидаву омӯзишҳо ва дархости идораҳои ВАО устодонеро барои таълиму тадрис ҷалб  менамояд, ки онҳо дар фазои иттилоотии кишвар ва берун аз он мақому нуфуз доранд. Такмили ихтисос мафҳуми онро дорад, ки бояд журналистон ихтисоси худро вобаста ба дигаргуниҳои куллӣ, ки имрӯз дар бахши технологӣ ба вуҷуд меоянд, аз ҷумла журналистикаи чандрасонаӣ такмил бахшанд. Агар дар солҳои аввали истиқлолият мо ҳамагӣ як шабакаи телевизионии умумимиллӣ бо 8 соат  пахши барномаҳо  дошта бошем, имрӯз танҳо шабакаҳои умумимиллии давлатии  мо ба 6 адад расидааст. Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ 32 шабакаи радиотелевизионии мустақил фаъолият мекунанд. Низоми ВАО –и  кишвар ба шакли умум  зуҳур намуд ва табиист, ки имрӯз ба мутахассисони кордон ва журналистони ҳирфаӣ ниёз дорад. Барои фаро гирифтани журналистон ҳамасола мо бо роҳбарони  ВАО  пурсишнома мегузаронем, то бифаҳмем, кадом табақаи  кормандони онҳо дар навбати аввал ба бозомӯзӣ ниёз доранд. Дар асоси ин пурсишномаҳо мо курсҳои омӯзиширо дар се самт ба роҳ мемонем:

Машғулиятҳои омӯзишӣ, мастер классҳо (дарсҳои маҳорат) ва машғулиятҳои сайёр дар шаҳру ноҳияҳои кишвар.

Дар шаш моҳи аввали соли 2018 8 машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо 138 нафар иштирок карданд ва 110 нафар соҳиби  шаҳодатнома гардиданд.

- Мақсад аз баргузории машғулиятҳо беҳтар намудани муҳтавои барномаҳо ва навиштаҳои нашрияҳо ба ҳисоб меравад. То кадом андоза машғулиятҳои мазкур дар беҳтар гардидани сифати барномаҳо мусоидат карданд?

- Бояд қайд кард, ки машғулиятҳо дар Академия ВАО  вобаста ба соҳаи муайян гузаронида мешаванд. Масалан, барои журналистоне, ки дар соҳаи мусиқӣ барнома тайёр мекунанд, яке аз донандагони  хеле хуби илми санъатшиносӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор  Аслиддин Низомов  машғулият гузаронид, ки дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон  дарсҳои амалӣ  сурат гирифтанд. Баъди ин машғулият дар муҳтавои барномаҳои мусиқии шабакаҳои телевизион ва радио дигаргунию навгониҳо ба мушоҳида расид.  Машғулияти дигар дар мавзӯи «Ҳаҷв дар ВАО» гузаронида шуд, ки натиҷаи онро дар баъзе аз барномаҳои ҳаҷвии Радиои Тоҷикистон ва дигар нашрияҳо дида истодаем. Гузаронидани  машғулиятҳои омӯзишӣ дар мавзӯи ҳаҷв хеле зарур ва саривақтист. Чунки дар гузашта жанри ҳаҷв хеле фаъол буд. Фелетон, памфлет ва луқма (реплика) қариб, ки аз байн рафта истодаанд. Ҷомеаи мо имрӯз бисёр мушкилоте дорад, ки метавон ба воситаи жанрҳои ҳаҷвӣ  роҳи ҳалли ин мушкилотро пешниҳод кард. Дар Академияи ВАО бо ҷалби коршиносон муҳтавои нашрияҳои даврӣ ва барномаҳои телевизион ва радио низ таҳлил мешаванд. Таҳлилҳо нишон дод, ки  жанри мусоҳиба дар ВАО серистеъмол аст. Дигар жанрҳо, ба мисли очерк, мухбирномаҳо, лавҳаҳо камтар ба назар мерасанд.

Бояд қайд кард, ки муассирии ВАО ба рангорангии жанрҳо иртибот дорад. Наметавон танҳо бо пешниҳоди мусоҳиба ё хабар аудиторияи васеъро ҷалб намуд. Имрӯз хонанда иттилои нав ва фавриро аз матбуоти даврӣ дастрас намекунад, балки аз оҷонсиҳои иттилоотию  шабакаҳои иҷтимоӣ қабул менамояд.  Аз ин рӯ, кормандони ВАО самаранокии кори худро метавонанд бо роҳи пешниҳоди барнома ва навиштаҳои рангин пурмуҳтаво гардонанд.

- Раванди машғулиятҳо дар Академияи ВАО чӣ гуна ҷараён мегиранд?

- Машғулиятҳо  бо  пайванди назария ва амалия гузаронида мешаванд. Аксари рӯзноманигороне, ки  ба машғулиятҳо ҷалб мешаванд, хатмкардагони  факулта ва шуъбаҳои журналистии муассисаҳои олии кишвар ҳастанд ва то андозае аз назария бархӯрдоранд. Аз ин лиҳоз бештари машғулиятҳои мо таҷрибаи амалӣ доранд. Дар ин робита семинар барои наворбардорону коргардонҳо гузаронида шуд, ки ба омода намудани барномаҳо дар формати нави HD иртиботманд буд, ки асосан амалӣ сурат гирифт.  Имрӯз ҳамаи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ дар ин формат барномаҳоро пахш мекунанд ва ин баёнгари он аст, ки ба мутахассисони соҳаи мазкур эҳтиёҷ зиёд мебошад. Ҳамин гуна машғулиятҳои амалӣ бо ҷалби 14 корманди марказҳои матбуотии вазорату идораҳо амалӣ  гузаронида шуд.

- Қисми дигари фаъолияти Академияи ВАО ба бозомӯзии кормандони нашрияҳои маҳаллии кишвар алоқаманд аст. Дар ин самт академия чӣ корҳоро ба сомон расонидааст?

- Ба ВАО-и маҳаллӣ  Академияи воситаҳои ахбори омма таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар давоми беш аз ду сол машғулиятҳои сайёр дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронида шуд. Ҳамчунин, барои нашрияҳои маҳаллӣ се дарси маҳорат гузаронида шуд. Дар дарси маҳорат сармуҳаррирони нашрияҳои шаҳру навоҳии тобеи марказ, минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва вилояти Суғд иштирок варзиданд. Дар ин машғулиятҳо муайян карда шуд, ки иқтидори техникиву эҷодии нашрияҳои маҳаллӣ дар кадом ҳолатанд. Дубора фаъол намудани нашрияҳои маҳаллӣ  имкон медиҳад, ки кадрҳои журналистии ҳирфаиро дар музофот  ба камол расонем.  Таҷриба собит намуд, ки таваҷҷуҳи мардум дар маҳалҳо ба матбуот ва умуман, нашрияҳо  бештар аст. Академияи ВАО омода аст, ки ба кормандони нашрияҳои маҳаллӣ барои тайёр ва омода намудани мутахассисони сомонаҳо кумаки амалии хешро расонад. Нашрияҳои маҳаллӣ бояд  минбари мардуми маҳал ва воситаи таъсири мусбат расондан ба афкори омма бошад.

- Назарсанҷиҳо вобаста ба муҳтавои барномаҳои телевизиону радио ва маводи нашрияҳо чиро нишон медиҳанд? Оё имрӯз муҳтавои воситаҳои ахбори омма талаботи ҷомеаро қонеъ мегардонанд?

- Назарсанҷиҳо вобаста ба сифати пешниҳоди барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ ин як бахши фаъолияти Академияи ВАО мебошад. Аз ин хотир дар ҳар се моҳ дар ин ё он минтақаи кишвар назарсанҷӣ гузаронида мешавад ва дар онҳо нуқтаи назари мардум ба муҳтавои ВАО-и кишвар муайян карда мешавад. Дар соли 2018 дар вилояти Суғд чунин назарсанҷӣ бо фарогирии 1500 нафар аз шаҳру навоҳии вилоят доир гардид. Натиҷаи назарсанҷиҳо коркард гардида, ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияҳо пешниҳод карда мешаванд.

- Барои самаранок амалӣ намудани ҳадафҳои академия  заминаи моддиву техникии он аҳамияти муҳим дорад. Вазъи техникиву моддии Академияи ВАО дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Дар Академияи ВАО ҳамаи шароит баҳри бозомӯзии кормандони воситаҳои ахбори омма муҳайё карда шудааст. Барои гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ аз воситаҳои баланди техникӣ  истифода карда мешавад, ки ба пурмуҳтаво сурат гирифтани машғулиятҳо мусоидат мекунанд. Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои дастрас намудани таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла, камераҳои наворбардорӣ, фотоаппарат ва дигар таҷҳизот бо маблағи беш аз 20 ҳазор евро ба Академияи ВАО ворид гардидааст. Ин имкон медиҳад, ки сатҳу сифати машғулиятҳо боз ҳам беҳтар гардад. Илова бар ин, академия дорои  китобхона бо теъдоди беш аз 12 ҳазор китоб мебошад, ки намояндагони ВАО-и кишвар метавонанд аз ин хазинаи маънавӣ самаранок истифода намоянд. Ҳамчунин, китобхонаи электронӣ мавҷуд аст, ки  кормандони воситаҳои ахбори омма аз он адабиёти заруриро дастрас карда метавонанд. Кӯшиш карда истодаем, ки студияи таълимии Академияи ВАО - ро таъсис бидиҳем, то донишҷӯён барномаҳо ва лоиҳаҳои телевизонии худро дар ҳамин ҷо омода намоянд.

- Рӯзноманигорон ва кормандони ВАО дар умум, барои такмили ихтисос ба машғулиятҳо дар академия фаро гирифта мешаванд. Дар ин боб чӣ проблемаҳо ва норасоиҳо мавҷуданд?

- Бояд роҳбарони ВАО ҳавасманди он бошанд, ки кормандони онҳо аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ  гузаранд. То замоне ки ҳамин рӯҳия дар зеҳни роҳбарони ВАО нақш набандад, дар рушди бозомӯзии онҳо натиҷаи дилхоҳ ба даст нахоҳад омад. Пеш аз доир намудани машғулиятҳо пурсишнома байни кормандони воситаҳои ахбори омма гузаронида шуда, маълум карда мешавад, ки дар кадом ҷабҳа онҳо ба такмили ихтисос эҳтиёҷ доранд. Ба роҳбарони ВАО мактуб ирсол карда мешавад, ки онҳо кормандони худро барои иштирок дар машғулиятҳо сафарбар намоянд. Мутаассифона, на ҳамаи  роҳбарони ВАО дар ин кор фаъол ҳастанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки дар дилхоҳ ВАО –и хориҷӣ ҳар як корманд дар як сол ҳадди ақал як маротиба аз бозомӯзӣ гузаронида мешавад.

- Ҳамкории макотиби олӣ ва устодону рӯзноманигорони пуртаҷриба, ки соҳиби мактаби вижаи худ ҳастанд, бо Академия ВАО дар кадои сатҳ қарор дорад?

- Академияи ВАО аз рӯзи таъсис бо роҳбарони муассисаҳои олии кишвар, ки факулта ва шуъбаҳои журналистӣ доранд, ҳамкориро дар сатҳи хуб ба роҳ мондааст. Бо ёрии роҳбарияти ДМТ дар Академияи ВАО  кафедраи сайёри телевизион ва радио таъсис дода шуд, ки он бо таҷҳизот ва технологияи замонавӣ  таъмин аст. Академияи ВАО ба муассисаҳои олии кишвар, ки факулта ва шуъбаҳои журналистӣ доранд, пешниҳод кард, ки аз курсҳои аввал амалия дар баробари назария таълим дода шавад. Маврид ба зикр аст, ки омӯзгорони факултаю бахшҳои журналистӣ дар идораҳои ВАО бояд ҳатман ба сифати ҳамкор фаъолият дошта бошанд. Устоде, ки бо ВАО ҳамкорӣ намекунад, ӯ ҳуқуқи маънавии таълим додани журналистони ҷавонро надорад. Ин нуктаҳоро дар робита ба он иброз менамоям, ки дар тренингҳо барои мо баъзан ошкор мешавад, ки хатмкардаҳои факултаҳои журналистӣ аз одитарин ҷузъиёти соҳа огоҳ нестанд. Назарияву амалия дар робита қарор нагирифтааст. Журналистони ҷавон ба техникаву технологияи радио ва телевизион, дизайн ва ороиши рӯзнома, хусусиятҳои PR, сабку услуб ва дигар ҷанбаҳо пурра сарфаҳм намераванд. Аз ин рӯ, тадрис  дар факултаҳои журналистӣ ба таҷдид ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Зеро дар шароити феълӣ мутахассиси ҳирфаӣ, навиштаи хуб ва ҳунари асил харидори худро дорад. Журналистони тоҷик сарфи назар аз фаъолият дар шаклҳои гуногуни ВАО манфиатҳои миллатро дар нигоштаҳояшон муқаддам мегузоранд ва ваҳдати афкори солимро  пайгирӣ мекунанд. Дар ин росто, дар  Академияи ВАО барои тадрису такмили касбияти намояндагони ВАО беҳтарин муаллифон даъват мешаванд ва омӯзиши чандзинаӣ дар рушду такомули касбӣ онҳоро роҳнамоӣ мекунад.

- Сатҳи касбият ва донишу ҷаҳонбинии хатмкардаҳои факултаҳои рузноманигорӣ оё шуморо қонеъ мекунад? Раванди таълим дар шуъба ва факултаҳои журналистикаи мактабҳои олии кишвар ба талаботи рӯз ҷавобгӯ ҳастанд?

- Масъалаи дигар ин тарбияи журналистони соҳавӣ ба ҳисоб меравад. Бубинед, имрӯз дар ҷаҳон журналистикаи соҳавӣ дар ҳоли рушд аст. Журналистикаи иқтисодӣ, экологӣ, тиббӣ, варзишӣ ва ғайра, ки бо ин омил метавонанд дар ҳар самти муайяни соҳа журналистони ҳирфаиро тарбияву ба камол расонад. Ин тарзи фаъолият метавонад, ки ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоидат намояд. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов як бахши журналистика амал мекунад, ки ҳамасола 10 -15 нафарро кабул мекунад, аммо баъди хатм онҳо дар куҷо фаъолият мекунанд, маълум нест. Яъне ба сифати таълим ва кадрҳои илмии факулта ва шуъбаҳои журналистика таваҷҷуҳи ҷиддӣ бояд зоҳир кард. Тибқи маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол  387  нафар ба факулта ва шуъбаҳои журналистӣ қабул карда мешаванд, вале баъди хатм қисми зиёди онҳо дар куҷо фаъолият мекунанд, маълум нест. Ҳадди ақал, агар 30 фоизи онҳо дар ВАО фаъолият мекарданд, имрӯз воситаҳои ахбори оммаи кишвар нерумандтар мегардид. Қабули довталабон ба факулта ва шуъбаҳои журналистӣ низ таҷдиди назар мехоҳад. Ҳамеша бар он назар ҳастам, онҳое ба факулта ва шуъбаҳои журналистӣ қабул карда шаванд, ки онҳо ҳаваси навиштан доранд.  Онҳо пеш аз он ки ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоранд, бояд озмуни эҷодиро гузаранд ва бо ВАО ҳамкорӣ дошта бошанд. Мо як назарсанҷӣ байни донишҷӯёни факулта ва шуъбаҳои журналистӣ гузаронидем, ки аз 50 нафар иштирокчӣ 48 нафари онҳо умуман бо ВАО таҷрибаи ҳамкорӣ надоштаанд. Аз ин гуна донишҷӯён мо чӣ гуна метавонем мутахассисони ҳирфаӣ тайёр намоем, ки тавонанд дар бархӯрдҳои иттилоотӣ манфиатҳои миллиро ҳимоя намоянд ва журналистикаи тоҷикро рушд бахшида тавонанд.

Мусоҳиб

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш