Нашрияи Омӯзгор

Рақамикунонии низоми идоракунии маориф

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 51        Шарҳ: 0

 

Дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи низоми иттилоотии идоракунии маориф ва илм таҳти унвони “Рақамикунонии низоми идоракунии маориф” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он намояндагони Вазорати маориф ва илм, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтисодчиёни раёсату шуъбаҳои маорифи кишвар, намояндагони Бонки исломии рушд, Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна, ЮНИСЕФ ва Маркази иттилоотию таҳлилии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, инчунин, намояндагони ҷумҳуриҳои Қирғизистону Муғулистон (онлайн) иштирок намуданд.

Дар оғоз Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм зикр кард, ки рақамикунонии низоми идоракунии маориф ва таҳияи Консепсияи таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки рушди  низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф самаранокии фаъолияти сохторҳои гуногунро вусъат бахшида, имконият медиҳад, ки иттилоот ҳамчун воситаи муҳими идоракунӣ истифода шавад. Гузашта аз ин, низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф барои таъмин намудани сохторҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ ва аҳолӣ бо иттилоот нақши муассир мегузорад.

Сипас, Абдураҳмон Гулзода - сардори шуъбаи низоми иттилоотии идоракунии Вазорати маориф ва илм дар мавзуи “Рақамикунонии системаи иттилоотии идоракунии маориф (emis): мушкилот ва пешомадҳо” баромад намуда, таъкид дошт, ки мақсади асосии ба вуҷуд овардани Системаи иттилоотии идоракунии маориф (СИИМ) ин муттаҳид гардонидани ҷараёни ҷамъоварӣ, коркард ва муҳофизати иттилоот оид ба таълиму тарбия ва фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва таъмин кардани Вазорати маориф ва илм, инчунин, мақомоту сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ бо иттилоот мебошад.

Ҳамзамон, Шавкат Каримзода - директори Маркази иттилоотию таҳлилии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар мавзуи “Татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ”, Муродбек Неъматуллоев - директори Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар мавзуи “Тақвияти ҳамкориии муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон тавассути барномаи электронии “eDonish” ва Ҷилдиз Доолбекова - ҳамоҳангсози барномаҳои ташкилоти Таалим-Форум (онлайн) дар мавзуи “Омӯзиш бо истифодаи технологияҳои фосилавӣ барои баланд бардоштани сифат ва дастрасӣ ба таҳсилот дар Ҷумҳурии Қирғизистон” суханронӣ  карданд.

Бахтовар САФАРОВ,

корманди Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш