Нашрияи Омӯзгор

Пирӯзии Тахмина Абдуалиева ва Фирӯза Ғаниева

Сана: 2022-01-19        Дида шуд: 93        Шарҳ: 0

 

11-13-уми январи соли ҷорӣ даври ниҳоии озмуни  «Мураббии соли Тоҷикистон - 2021» баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи он вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини вазир Гулчеҳра Ғанизода, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагон аз раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва довталабони озмун ширкат варзиданд.

Дар оғоз вазири маориф ва илм М. Имомзода  иброз дошт, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ самти бисёр муҳиму тақдирсоз буда, барои рушду инкишофи дурусти зеҳнию ҷисмонии кӯдакон ва омодасозии онҳо ба мактаб нақши мондагор дорад. Ин бахши соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад.

Муовини вазири маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода ҳозиринро бо ҳайати Кумитаи тадорукот ва ҳакамон шинос намуда, афзуд, ки сол то сол теъдоди зиёди љавонон ба соҳаи таълиму тарбия, хусусан, таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба сафи омӯзгорону мураббиёни кишвар мепайванданд.   Довталабоне, ки дар озмуни мазкур иштирок мекунанд, мутахассисони ҷавони соҳаи  таҳсилоти томактабӣ мебошанд.

Раиси аъзои ҳакамон, мудири бахши таҳсилоти томактабии вазорат Маҳина Бобоева  шартҳои озмунро ба  довталабон тавзеҳ бахшид.

Дар даври ниҳоии озмун мураббии Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ Гулрӯ Гулбекова, мураббии кӯдакистони №24-и шаҳри Бохтар Мунира Ризоева, мураббии кӯдакистони №23-и шаҳри Хуҷанд Тахмина Абдуалиева, мураббии кӯдакистони №64-и шаҳри Душанбе Фирӯза Ғаниева ва мураббии кӯдакистони №1-и шаҳри Турсунзода Маҳбуба Пӯлодова ҳунару маҳорати касбии худро нишон доданд. Иҷрои шартҳои озмун дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №149-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Бахши муаррифии фаъолияти педагогӣ дар доираи 20 дақиқа (барои ҳар як нафар) давом карда, дар он довталабон корҳои эҷодии худро дар шакли нақшаи корӣ, намунаи машғулияти кушод, дастуру маводи методӣ, наворҳои видеоӣ, мақолаҳои чопшуда дар матбуоти даврӣ ва воситаҳои аёнӣ пешниҳод намуданд. Аз рӯйи таҳлилҳои ҳайати ҳакамон дар иҷрои ин шарт мураббии муассисаи томактабии №24-и шаҳри Бохтар (вилояти Хатлон) Мунира Ризоева, мураббии муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд (вилояти Суғд) Тахмина Абдуалиева, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Турсунзода Маҳбуба Пӯлодова натиҷаи фаъолияти педагогӣ ва дастовардҳои хешро ба воситаи наворҳо нишон доданд.

Иштирок дар шарти баъдӣ аз довталабон дониш ва маҳорати баландро тақозо мекард, зеро дар ин бахш онҳо бояд ба 5 савол дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф, таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таълимию тарбиявӣ ҷавоби дуруст медоданд. Дар иҷрои ин шарт Фирӯза Ғаниева, Мунира Ризоева ва Тахмина Абдуалиева пешсафӣ нишон дода, ба суолҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас доданд.

Аз таҳлилҳои доварон маълум гардид, ки довталабон дар ташкили яке аз шартҳои дигари озмун-мизи мудаввар навовариҳои зиёд ворид намудаанд. Дар ин бахш низ Ф. Ғаниева, М. Ризоева ва Т. Абдуалиева шарти озмунро мувофиқи талабот иҷро намуда, тавонистанд холҳои бисёр ба даст биёранд.

Яке аз шартҳои муҳими озмуни мазкур, гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ мебошад, ки дар раванди он довталаб бо истифода аз усулҳои муосир ба кӯдакон донишҳои нав дода, сатҳи касбият ва маҳоратҳои педагогии худро нишон медиҳад.

Ба гуфтаи узви ҳайати ҳакамон, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Қутбиддин Муҳиддинзода баргузории машғулиятҳо собит намуд, ки довталабон ба озмун омодагии хуб дидаанд. Намояндагон аз вилояти Суғд-Тахмина Абдуалиева, аз шаҳри Душанбе-Фирӯза Ғаниева ва аз вилояти Хатлон-Мунира Ризоева машғулиятҳои худро дар доираи барномаи таълимии «Рангинкамон» ва бо риояи талаботи он бисёр хуб гузарониданд. Фирӯза Ғаниева ва Мунира Ризоева дар иҷрои ҳамаи шартҳо фаъол буданд. 

Маросими ҷамъбасти озмун дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм баргузор шуд. Муовини вазири маориф ва илми кишвар Муҳаммаддовуд Саломиён қайд кард, ки ҳадафҳои аслии баргузории озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» дарёфт ва муаррифии мураббиёни боистеъдоду болаёқат, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ, ташаккули қобилияту фаъолияти эҷодии онҳо, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва қадрдонии меҳнати онҳо мебошад.

Сипас, муовини вазир Гулчеҳра Ғанизода дар вазъияти тантанавӣ ғолибони озмунро эълон дошт. Мураббии кӯдакистони №23-и шаҳри Хуҷанд Тахмина Абдуалиева ва мураббии кӯдакистони №64-и шаҳри Душанбе Фирӯза Ғаниева соҳиби ҷои аввал ва ғолиби озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2021» дониста шуданд. Мураббии кӯдакистони №24-и шаҳри Бохтар Мунира Ризоева ҷои дуюм, мураббии Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ Гулрӯ Гулбекова ва мураббии кӯдакистони №1-и шаҳри Турсунзода Маҳбуба Пӯлодова ҷои сеюмро ба даст оварданд.

Ба ҳамаи иштирокдорони озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2021» нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дипломи дараҷаи 1 (ба ғолибони ҷои якум), мукофоти пулии Кумитаи иттифоқҳои касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ ва роҳхат ба осоишгоҳ супурда шуд.

Дилафрӯзи Аваз,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш