Нашрияи Омӯзгор

Ситоишномаи Пешво

Сана: 2022-02-14        Дида шуд: 99        Шарҳ: 0

Дар ҳама давру замон шахсиятҳое ҳастанд, ки бо кору пайкор ва фаъолияти доманадору манфиатбори худ дар рушду инкишоф ва пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлоли миллӣ, бунёди сохтмонҳои азим, нақбу роҳҳо ва рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидмати босазо анҷом доданду медиҳанд. 

Ин шахсияти таърихӣ тавонистанд бо иродаву садоқат ва корномаҳои беназир дар қалби мардум ҷой бигиранд. Ҳамин аст, ки имрӯз аз ҷониби адибону публитсистон симои Пешвои миллат дар осори фарогир ба таври шоиста офарида шудааст. Асарҳое, ки доир ба фаъолияти Пешвои миллат таълиф гардидаанд, аз ҷониби  Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 8 ҷилд гирд оварда шудаанд, ки дар ин ҷода хидмати кормандони пажӯҳишгоҳ бузургу мондагор мебошад. Дар ҳамин замина китоби наве бо номи «Пешвои миллат – ифтихори миллат» (мураттиб ва муҳаррир Садриддин Ҳасанзода, Душанбе: Ирфон, 2021 – 260 саҳ.) ба табъ расид, ки он фарогири навиштаҳои публитсистиву таҳлиливу таҳқиқӣ доир ба фаъолияти ибратбахши Пешвои миллат мебошад. 
Дар мақолаи академик Абдуҷаббор Раҳмонзода «Бозтоби симои Пешвои миллат дар адабиёти тоҷик» муаллиф тавонистааст хидматҳои Пешвои миллатро дар осори адибони муосир таҷассум намояд. Муаллиф дар оғоз руҷӯе ба фаъолияти мондагори Сарвари давлат дар замони соҳибистиқлолӣ намуда, хидматҳои Сарвари давлатро дар рушди давлатдории миллӣ бо мисолҳои ибратбахш рақамзанӣ кардааст. Маҳз таъмини сулҳу субот ва бунёди ҷомеаи демократӣ Пешвои миллатро миёни халқ маҳбуб намуд. Асарҳоеро, ки вобаста ба фаъолияти Пешвои миллат офарида шудаанд, метавон ба ду гурӯҳ –  назм ва наср ҷудо намуд. Китобҳои «Бахтофарин», «Эъҷози Раҳмон» ва «Пешво» аз ҷумлаи он асарҳое мебошанд, ки дар шакли назм мураттаб гардидаанд. Ба гурӯҳи дуюм асарҳои насрӣ шомил мебошад, ки теъдоди онҳо хеле зиёд аст. Аксари ин асарҳо публитсистӣ буда, дар шакли асарҳои ҳуҷҷатӣ, эссе, ёддошт ва очерку лавҳа  таълиф гардидаанд. Ба таъкиди А. Раҳмонзода: «Дар насри публитсистӣ бошад, нависандагон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки гуфтаҳояшонро бо далелҳои таърихии ҳаёти вай қиёсу андоза намоянд. Ба ин мақсад як қисми адибон таассуроти сафарашонро ҳангоми ҳамроҳӣ намудани Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳо дар жанри очерк, хотира, портрет, ёддошт, эссе ба қалам дода, қисми дигарашон, дастовардҳои замони истиқлолиятро таҳлил намуда, нақши Роҳбари давлатро дар жанри мақола, очерк, публитсистика, очерки проблемавӣ ва ғайраҳо бозтоб мегардонанд». 
Ин мақолаи донишманди тоҷик ҷанбаи қавии илмӣ дошта, муаллиф асарҳоеро, ки дар шакли китоби алоҳида дар бораи фаъолияти Пешвои миллат таълиф гардидаанд, ба гунаи мушаххас таҳлил намуда, мавзую муҳтавои он осорро баррасӣ кардааст.
Мақолаи адиб Абдулҳамид Самад «Заҳри носозӣ ва шаҳди ошноӣ», ки дар жанри эссе офарида шудааст, хеле ҷолибу хонданӣ мебошад. Нависандаи маъруф дар ин навишта лаҳзаҳои ҷолибро аз ҳаёти Пешвои миллат, ки бевосита худ шоҳиди ин лаҳазот будааст, ба таври шоиста қаламдод намудааст. Эссе бо сафари адиб ҳамроҳи Пешвои миллат ба вилояти Суғд оғоз меёбад. Дар ин матлаб адиб нақл не, балки бо истифода аз василаҳои муассири тасвирӣ хонандаро ба таъриху фарҳанг ва хидматҳои мондагори Сарвари давлат ошно месозад. Махсусияти ин навишта дар он аст, ки нависанда тавонистааст бо овардани лаҳзаҳои ҷолиб ва маълумоту далоили таърихӣ, ки Сарвари давлат дар ҳолати фоҷеабор дар роҳи таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ кӯшишу неруи худро дареғ надошта, ҳастияшонро баҳри бақою  пойдории кишвару миллат бахшидаанд, хонандаро ҳамроҳи худ чун дар навори кино бо нишон додани воқеаҳои сангину фоҷеабор, ки бар сари халқи тоҷик омада буд, ҳамзамон, пешрафту шукуфоии имрӯзи Ватани азизамонро таъкид намояд.
Дар баробари ин, эпизодҳои ҷолибро аз сафари хеш бо Президенти кишвар ба Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки соли 2000-ум анҷом ёфта буд, ёдовар шуда,  саҳми Пешвои миллатро дар гиромидошти абармардони илму фарҳанг ба гунаи махсус зикр намуда, аз ҷумла,  иқдоми Сарвари давлатро дар зебову обод намудани оромгоҳи Мирзо Абдулқодири Бедил бозгӯ мекунад. Бояд қайд кард, ки андешаҳои адиб таҳрикбахши афкори омма буда, хонандаро ба дӯст доштани Ватан ва муқаддасоти миллат водор менамоянд. Дар охири навиштаи худ Абдулҳамид Самад хеле хуб овардааст: «Фарзанд аз ҳама бештар барои модар азизу гиромист. Модари нозпарвари мо Тоҷикистони озоди мост. Ба ҳар қитъаи дунё ё шаҳрҳои обод биравему олам-олам сарват гирд оварем, рӯзгори пур аз шаҳд дошта бошем, болои Моҳ низ бароему хайма бизанем, бе Ватан ҳақиру ғарибем, бе Тоҷиистон хору нотавонем. Дили тангамон аз дуриҳои дур ба ёди ин сарзамин, шаҳру деҳ, водиву кӯҳсорон, рӯду чашмасорон ва як пора нони гармаш метападу гум мезанад. Меҳри бузургаш моро модарвор ба оғӯши гармаш мекашад. Он гоҳ мехоҳем болу пар барорем, агар қудрат дошта бошем… Охир, меҳан аст. Ва қарзи фарзанди бонангу бошараф ин аст, ки дар ҳама ҷо то ҷовидон хоки муқаддаси Ватанро мисли падару модар дӯст ва чун дину имон поку бегазанд нигоҳ дорад ва барои ҳифзи он содиқона сина сипар кунад».
Муҳаққиқон Фахриддин Ҳайдаров, Сангин Гулов ва Абдулмуъмин Қутбиддинов дар мақолаи «Пешвои миллат ва озодии баён»  хидматҳои  Сарвари давлатро дар рушди ВАО-и кишвар баррасӣ кардаанд.  Дар мақола дар асоси далоилу арқоми муътамад, ки ба рушду пешрафти фаъолияти ВАО-и кишвар нигаронида шудааст, андешаҳои ҷолиб баён гардидааст. Ҳамчунин, мисолҳои мушаххас ба таври муқоиса оварда шудаанд, ки аз пешрафти воситаҳои ахбори омма дар кишвар шаҳодат медиҳанд. Воқеан, хидматҳои Пешвои миллат баҳри рушди матбуоту телевизион ва радиову оҷонсиҳои иттилоотӣ назаррас аст. Ба таъкиди муаллифон, «Агар дар соли нахусти истиқлолият – соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 139 адад рӯзномаву маҷалла  (аз ҷумла, 4 рӯзномаи хусусӣ) ва ҳамагӣ як агентии иттилоотии  давлатӣ вуҷуд дошта бошад, пас, имрӯз бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ  беш аз 500 расона қайд шудаанд, ки 75 фоизи онҳо ба бахши хусусӣ рост меоянд. Аз 11 оҷонсии иттилотии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта, 10 оҷонсӣ ғайриҳукуматӣ мебошанд».
Навиштаҳои маҷмуаро метавон ба ду гурӯҳ ҷудо намуд. Қисми аввали он аз ҷониби адибону публитсистон эҷод шудааст, ки ҷанбаи бадеии ин гуна навиштаҳо қавӣ буда, дар бозтоби корномаи Пешвои миллат тахайюлу образофарӣ бештар мебошад.
Қисми дуюми навиштаҳо ба қалами муҳаққиқон тааллуқ дорад. Дар ин навиштаҳо ҷанбаи таҳлилӣ меҳварӣ буда, муаллифон ба таври муқоиса андешаҳои хешро тақвият бахшидаанд.
Дар маҷмуъ, китоби мазкур фарогири 29 навишта буда, дар онҳо паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Пешвои миллат инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, навиштаҳои «Президенти мардумӣ», «Пеши раҳи ту во бод!», «Пешвои миллат – ифтихори миллат», «Президенти ман», «Бунёдгузори давлати миллӣ», «Хушбин ва некманиш», «Маҳбуби дилҳо», «Тафсилоти як сафари пурхатар», «Масъалаи Пешвои миллат хеле фаротар аз масъалаи як шахс аст», «Сархати сатри тиллоии таърихи навин», «Аз қасри Арбоб то арбоби барҷастаи сиёсат», «Рушду нумӯи фарҳанги миллӣ» ва амсоли инҳо мебошад. 
Дарвоқеъ, китоби «Пешвои миллат – ифтихори миллат» барои  устодону омӯзгорон, пажӯҳишгарон ва аҳли адаб ҳамчун дастури арзишманд дар шинохти кору пайкор ва симои барҷастаи Пешвои миллат хидмат мекунад. 
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш