Нашрияи Омӯзгор

Қадри зар заргар бидонад

Сана: 2022-02-14        Дида шуд: 139        Шарҳ: 0

Яке аз сарварони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияе, ки дер вақт бо банда риштаи дӯстию ошноӣ дошт ва умри азизи хешро сарфи таълиму тарбия намудааст, дар суҳбат бо мо гуфт, ки чанде қабл ба нафақа баромадааст. Бояд хотиррасон кард, ки собиқ директор зиёда аз 45 сол аз пайи пешаи омӯзгорӣ зиндагии шоистаю босаодат умр ба сар мебурд. 

Аз ин миён 10 сол ҳамчун сарвари мактаб фаъолияти ибратомӯзу густурдае дошт, ки самараи он иштироки ҳамасолаи шогирдони таълимгоҳаш дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад, ки ба гунаи ҳатмӣ бо гирифтани ҷойҳои аввал ва медалҳо меанҷомид. Мактаб, воқеан, дар замони раҳбарии ӯ соҳиби шуҳрату нуфуз гардида, таърифу ситоишаш аз даҳон ба  даҳон мегузашт ва ин ҳама дастовардҳои зиёди толибилмони  он таълимгоҳро ҳамчун муассисаи намунавӣ ва овозадор дар қаламрави ноҳия муаррифӣ мекард. Ҳамасола хатмкунандагони мактаб, ба таъкиди собиқ директор, тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супоридани имтиҳонҳо ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо, ҳамзамон, мактабҳои олии бонуфузи кишварҳои хориҷӣ дохил мешуданд. Дар хусуси ширкати хонандагони таълимгоҳ дар дигар озмуну чорабиниҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ, билхоса, озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва гирандагони шаҳодатномаи аъло бо медалҳои тиллову нуқра ва  биринҷӣ метавон соатҳои дароз ҳарф зад. Аммо…
Аммо ҳосили он ҳама бедорхобию такудав ва заҳматҳои собиқ  директор чӣ шуд? Ба як сухан, ҳеҷ (сифр). Чаро? Зеро  рӯзе мудири шуъбаи маорифи ноҳия ҳамроҳи номзади нав ба вазифаи директорӣ ба мактаб ҳозир шуда, дар ҳузури ҳайати омӯзгорону устодони таълимгоҳ ҷамъомади кӯтоҳе баргузор намуда, орому бесадо баромада, ба мошинаш нишасту рафт.   Дигар  на ҳарфеву на сипосу миннатдорие ба директори қаблӣ! Ҳамсуҳбатам иброз дошт, ки омӯзгоронро аҷаб омад аз рафтори мудири шуъбаи маориф  ки дар ҳаққи директори собиқ суханони таҳсиномез ба забон наовард, чӣ расад ба баргузории тантанаю бо туҳфаи хотиравӣ сазовор гардонидани ӯ. Мутаассифона, чунин носипосӣ ба директорону ҷонишинони онҳо дар бахши аъзами шаҳру ноҳияҳои кишвар ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронии ҷиддист. Инак, сарвари  собиқи як таълимгоҳи шуҳратёр рӯҳафтодаю дилшикаста чун узлатнишини замонҳои қадим дар хонааш сар ба ҷайби муроқибат кашида, дигар ба мактаб ҳозир намешавад. Ба ин ҳол магар метавон муросо кард? Ҳаргиз! Ҳол он ки сарвари  соҳибтаҷриба, омӯзгори собиқадору донишманд акнун ба синни 63 қадам ниҳода, метавонад солҳои зиёде донишу таҷрибаи худро ба омӯзгорони ҷавон биёмӯзонад. 
Масъалаи дигари ташвишовар, ба таври зарурӣ қадрдонию ҳавасманд нагардонидани омӯзгорони соҳиблаёқату заҳматкаш ва ҷӯяндаю кӯшо аз ҷониби иддае аз директорони муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Солиёни зиёд мушоҳида кардаему шикваю шикояти бевоситаи омӯзгорони варзидаро дар он хусус шунидаем, ки хидматҳои тӯлонии онҳо (аз 30 то 50-солаашон) бо ифтихорномаю сипоснома ва бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ нагардидааст. Пурсида мешавад, ки чаро сарварони таълимгоҳҳо дар иҷрои вазифаи пурмасъулияти роҳбарии худ ба саҳлангарию бепарвоӣ роҳ медиҳанд? Магар арҷгузорӣ ба фаъолияти ибратбахши омӯзгорони сарсупурдаю пешқадам амали мушкилу мураккаб аст? Маҳз чунин муносибати фориғболонаю яктарафаи раҳбарони мактабҳо нисбат ба омӯзгорони заҳматкаш эшонро дилсарду навмед намуда, барои минбаъд ин омӯзгорон таҷриба дониши худро ба гунаи зарурӣ ба мутахассисони ҷавон намеомӯзонанд, дарсҳояшонро  навъе гузаронида, ба сарнавишти хеш тан медиҳанд.
Дар ин радиф чанд сухан дар бораи робитаи мақомоти маҳаллӣ (ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва руасои шаҳру ноҳияҳо) бо муассисаҳои таълимӣ иброз доштанием. Бисёр дидаему шунидаем, ки қисми зиёди раисони шаҳраку ҷамоат ва раҳбарони шаҳру навоҳӣ ба таълимгоҳҳои қаламрави шаҳраку ҷамоат ва  шаҳру  навоҳии тобеи худ бо амри дилу виҷдон ташриф оварда, аз наздик бо омӯзгорон вохӯрӣ ва суҳбат анҷом намедиҳанд. Барои иҷрои ин амал ҳеҷ гуна тантанаю ҳамҳама зарурат надорад. Ба мактаб омада, атрофи як пиёла чой суҳбати хоксоронае бо муаллимон метавон анҷом дод. Магар дар баробари воқиф гардидан аз масоили ҳалталабу мушкилоти ину он таълимгоҳ, аз вазъи зисту зиндагии омӯзгорон огаҳӣ пайдо кардан ягон вазнинӣ дорад? Не, албатт! Танҳо  барои ин майлу таваҷҷуҳ ва бо  амри дил азму саъй кардан мебояду халос. Охир, рисолату вазифадории намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллию давлатӣ аввалқадам маҳз аз рӯ овардан ба мактабу маориф иборат аст Ҳамин тавр не?!
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш