Нашрияи Омӯзгор

Асосҳои назарияи иқтисодро бояд донист

Сана: 2022-02-14        Дида шуд: 107        Шарҳ: 0

Илми назарияи иқтисод ҳаёти муътадили фаъолияти зиндагии ҷомеаи башариро меомӯзад ва дар ташаккули ҷомеаи инсонӣ яке аз рукнҳои арзишҳои умумибашарӣ буда, ба ҷаҳонбинии шахсият таъсири амиқ мерасонад ва қобилияти дарккунии ӯро боло мебарад. Дар робита ба ин чунин савол ба миён меояд:
Чаро донишҷӯе, ки дар қарни ХХl зиндагию фаъолият дорад, бояд асосҳои илми назарияи иқтисодро биомӯзад?
Имрӯз ба касе исботи зарурати омӯзиши донишҳои иқтисодӣ нест. Шахсеро тасаввур наметавон кард, ки ба масоили иқтисодӣ дар зиндагиаш ҳар рӯзу ҳар соат дучор наояд. Шахс ҳар қадаре пештару бештар бо мафҳумҳои иқтисодӣ ва истилоҳоти иқтисодӣ, қонуниятҳои илми иқтисод шиносоӣ пайдо кунад, ҳамон қадар беҳтару пухтатар фаъолияташро имрӯзу фардо ба роҳ мемонад ва ба ҷомеа манфиатрасон мешавад.
Манфиати аввали омӯзиши назарияи иқтисод аз он иборат аст, ки ин назария бо масоиле сару кор дорад, ки ҳамаи моро фаро мегирад. Ба ғайр аз масъалаҳои шахсию оилавӣ назарияи иқтисод масоили дорои хусусиёти сиёсиро низ фаро мегирад, ки ҳаллу фасли онҳо ҳар як фарди ҷомеаро бетараф намемонад. 
Барои донишҷӯёни бахшҳои гуногуни  илми имрӯза ва умуман ҷавонон, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлоланд, дар донистани илми назарияи иқтисод камаш се омили пешбарандаро хотирнишон мекунем.
Якум, омӯзиши назарияи иқтисод ба онҳо имкони дарки ҳақиқати (айнии) муҳите, ки онҳоро иҳота кардан аст, муҳайё мекунад. Назарияи иқтисод масоили зиёди ҷолиби таваҷҷуҳи ҷавононро барои ҳал кардан ба миён мегузорад, зеро чунин масоил дар ҳаёту фаъолияти онҳо ногузир дучор меоянд ва ба онҳо ҷавоб пайдо кардан маънои аз назарияи иқтисод воқиф будани онҳоро дорад.
Дувум, агар донишҷӯён захираи дониши андӯхтаашонро аз илми иқтисод ғанӣ гардонанд, худро дар зиндагӣ чун субъект шахсияти бохабар ва варзида дар бахши муносибатҳои бозорӣ эҳсос менамоянд, зеро дар фаъолияти онҳо зарур меояд, ки масъалаҳои зиёди бахши хоҷагӣ ва хоҷагидориро ҳаллу фасл намоянд. Донистани назарияи иқтисод ба донишҷӯёни аълохон аснодеро дастрас мекунад, ки пешрафти онҳоро ба қуллаҳои мақсуд осон мекунад ва метезонад.
Сеюм, дониши асосҳои назарияи иқтисод ба мутахассисони оянда имкон пайдо мекунад, ки ҳадди тавони худро дар сиёсати иқтисодӣ муайян намоянд. Ҳамчун шаҳрванди кишвар ҷавонон дар ташаккули сиёсати тақсими манбаъҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд. Дар мавриди зарурӣ дар интихоби номзаде, ки дар маъракаи интихоботӣ аз тарафи ширкат иштирок мекунад, ҷавонон вазъияти иқтисодии кишвар ва барномаи иқтисодии довталабро таҳия ва таҳлил мекунанд.
Дониши асосҳо ва принсипҳои илми иқтисод дар мавридҳои мухталифи ҳаёт ба ҳама қишрҳои ҷомеа кумак мерасонад. Ва дар куҷое, ки дар оянда кору фаъолият кунанд (дар телевизион, дар курсии роҳбари корхона, ширкати саҳомӣ ва ё дар вазифаи аввалдараҷаи кишвар), ҷавонон аз устодон сипос мекунад, ки онҳоро ба омӯхтани назарияи иқтисод ва моҳияти он дар баланд бурдани масъулияти ватандорӣ ҳидоят намудаанд.
Назарияи иқтисод, ки қаблан бо номи “иқтисоди сиёсӣ” маълум ва машҳур буд, имрӯз ҳам дар донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон бо ин ном амал мекунад ва илмест, ки маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиро дар ҷомеа, дар байни одамон, дар раванди истеҳсолот, тақсимот, муомилот ва истеъмолоти маҳсулоти меҳнат, ки дар давраи муайяни тараққиёти ҷамъият ба вуҷуд меоянд, меомӯзад.
Назарияи иқтисод дар ҳар давру замон вобаста ба воқеият қонунҳоеро меомӯзад, ки мувофиқи онҳо ҷамъият роҳҳои идора кардани манбаъҳои (ресурсҳо) нисбат ба талабот маҳдудро идора карда тавонад.
Якум, назарияи иқтисод бо масоили баҳсноке (проблемаҳое) кор дорад, ки касеро бидуни истисно бетараф намемонад.
Дувум, мазмуни назарияи иқтисодӣ кулли масоили ҷанбаҳои иқтисодидоштаро фаро мегирад.
Сеюм, назарияи иқтисод ба мушкилот (проблема)-ҳои муҳимтарине, ки дар назди ҷомеа ва миллат қарор доранд, ҷавобгӯй мебошад.
Чорум, назарияи иқтисод бо ҳаёти инсонҳо сару кор дорад, ҳаёти инсоният бошад, ниҳоят мураккаб буда, бо мафҳумҳои соддаю ҷавобҳои нопурра маҳдуд шуда наметавонад.
Пас назарияи иқтисод чӣ маъноеро ифодагар аст?
- Назарияи иқтисод илмест дар бораи намудҳои фаъолият дар робита бо муомилоти байни одамон ва гурӯҳҳо;
-    Назарияи иқтисод илмест дар бораи аз тарафи одамон истифода намудани манбаҳои истеҳсолкунандаи камёфт ё маҳдуд (замин, меҳнат), молҳои таъиноти истеҳсолӣ (воситаҳои истеҳсолот);
- Назарияи иқтисод илмест дар бораи фаъолияти корию зиндагии ҳаррӯзаи одамон, дарёфти воситаҳои зиндагӣ ва истифодаи судманди онҳо;
- Назарияи иқтисод илмест дар бораи он кӣ чӣ тавр башарият аз уҳдаи вазифаҳои хеш доир ба истеҳсолоту истеъмолот баромада метавонад;
- Назарияи иқтисод илмест дар бораи сарват (боигарӣ).
Аз гуфтаҳои боло чунин хулосаи мухтасар баровардан мумкин аст: иқтисод илмест дар бораи он ки кадоме аз манбаъҳои камёфти истеҳсолкунандаро одамон ва ҷамъият дар тӯли вақту замон барои истеҳсоли намудҳои гуногуни мол интихоб мекунанд ва тақсимоти онҳоро ба мақсади истеъмоли ҳаррӯза ё тақсим байни афрод ва гурӯҳи одамон ва ё афроди алоҳидаи ҷомеъа муайян месозанд.
Назарияи иқтисод ё иқтисоди сиёсӣ бо дигар илмҳои иҷтимоӣ – сотсиология, сиёсатшиносӣ, равоншиносӣ, психология ва антропология робитаи зич дорад. Назарияи иқтисод бо илми таърих низ хеле наздик аст. Дар қатори мазмунҳои илмии хеле зиёд мақоми илми омор (статистика) махсус аст.
Ба тариқи хулоса метавон гуфт, ки иқтисод ҳастии инсониятро муайян менамояд ва билохира, ҳастии ҷамъиятро барои ҳар як давру замон поягузор мебошад.
Фирӯз НАСРИДДИНОВ,
мудири кафедраи 
назарияи иқтисодии ДДМИТ 
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш