Нашрияи Омӯзгор

Ғолиби озмун аз Боми Ҷаҳон

Сана: 2022-02-03        Дида шуд: 81        Шарҳ: 0

 Ҳафтаи гузашта  даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2021» баргузор гардид. Иҷрои шартҳои озмун аз ҷониби довталабон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансур сурат гирифт. Шарти аввали озмун муаррифии таҷрибаи корӣ дар доираи 20 дақиқа маҳсуб меёфт. 
Нахуст омӯзгори физикаи литсейи тамоили техникии  «Афлотун» - и ноҳияи Данғара Шавкат Тағоев дар бораи фаъолияти омӯзгории худ ва таҷрибаву навовариҳо, инчунин, дастовардҳои педагогияш маълумот дод. Довталаб бо истифода аз навор зикр кард, ки мақсад ё усули педагогии ӯ дар раванди баргузории машғулиятҳо, тарбияи шогирдон ҳамчун шахсият ба шумор рафта, ба мустақилияти эҷодии хонандагон диққати бештар зоҳир менамояд. Собиқаи кории 20-сола дошта, фаъолияти омӯзгории худро дар шаҳри Левакант оғоз карда, шуруъ аз соли 2018 дар литсейи тамоили техникии «Афлотун» ба хонандагон аз фанни физика дарс мегӯяд. Ба худомӯзӣ машғул буда,  таҷрибаву андухтаҳояш дар шакли мақолаҳои методӣ дар маҷаллаҳои «Масъалаҳои маорифи Тоҷикистон», «Мактаб» (нашрияи вилоятӣ) ва нашрияи «Омӯзгор» чоп гардидаанд. Шогирдонаш пайваста дар озмунҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд. Довталаби дигар, омӯзгори географияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Моҳира Мӯсоева гуфт, хатмкардаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ буда, дар озмунҳои зиёди шаҳрию ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, «Синфи беҳтарин», «Мақолаи беҳтарин», (доир ба экология) ғайра иштирок карда, маводу мақолаҳояш дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявии «Маорифи Тоҷикистон»», «Маърифати омӯзгор» ва ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба табъ расидаанд. Ӯ қайд кард, ки дар машғулиятҳояш аз усулу шеваҳои «Синквей», «Бовар мекунам – бовар намекунам», «Ҳа- не», навиштани эссе, усули «Ҷамъбаст бо як ҷумла» (хонандагони хулосаю андешаашонро доир ба ин ё он мавзуи дарсӣ бо як ҷумла, ба таври кӯтоҳ баён мекунанд), «Харитаи баромад», «Пурсиши занҷирии бетаваққуф», «Пурсиш бо шакли мудаввар» (аз сустхон ба фаъол), «Пурсиши кӯтоҳ» (Блитс - пурсиш) эҷодкорона истифода мекунад.
Довталаб, омӯзгори математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хоруғ Хушбахт Азизбеков пас аз хатми ДДХ ба номи М.Назаршоев (2016) дар муассисаи номбурда ба сифати омӯзгори математика ба кор оғоз кардааст. Довталаб мегӯяд, ки дар машғулиятҳо ба гунаи мунтазам аз усули муносибати босалоҳият ба таълим, корҳои гурӯҳӣ, саволу супоришҳои тестӣ ва ғайра истифода мебарад. Натиҷаи маҳорату малакаи педагогии ӯ ин аст, ки шогирдонаш дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, дар сатҳи ноҳиявӣ,  вилоятӣ ва  байналмилалӣ пирӯз гардидаанд.
-Барои ман боиси ифтихору сарбаландист, ки шогирдам аз математикаи  менталӣ дар Гурҷистон дар байни довталабони бешумор ғолиб ва барандаи Шоҳҷоиза шуд, -гуфт Х.Азизбеков ва илова кард, ки шогирдони ӯ  баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дохил шуда, таҳсил мекунанд. Соли гузашта аз 51 нафар хатмкунандаи  таълимгоҳ 50 нафар ба донишкадаву донишгоҳҳои кишвар  шомил гардиданд, ки аз байни онҳо 7 нафар ба факултети математика дохил шуданд. 
Омӯзгори физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Б.Ғафуров  Наима Зоҳидова зикр кард, ки зимни баргузории машғулиятҳояш аз усулҳои интерактивӣ, бозиҳои шавқовари дидактикӣ, методҳои фаъоли таълимӣ ва ғайра истифода намуда, дарсҳои намунавӣ мегузаронад. Таҷрибаи пешқадами омӯзгор дар ноҳия ва сатҳи вилоят ба таври васеъ тарғибу муаррифӣ гардида, вай дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия роҳбари гурӯҳи физикаро ба уҳда дорад. 
Омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №8-и шаҳри Роғун Сунбула Юсупова иброз дошт, ки ҳангоми баргузор намудани машғулиятҳо аз рӯйи принсипҳои боэътидол будан, ба тааҷҷуб овардан, боэътимод будан, ба комёбӣ ҳатман ноил шудан ва амсоли инҳо амал мекунад. Чанд навиштаи методияш дар нашрияи «Омӯзгор» ба табъ расидааст. Довталаб гуфт, мақсад дорад, барои минбаъд ҳуҷҷатҳояшро ба аспирантура супорида, ба пажуҳиши илмӣ  дар соҳаи педагогика машғул гардад. 
Ҳамин тавр, довталабон ба иҷрои шарти дувуми озмун – баргузор намудани маҷлиси падару модарон пардохтанд. Довталабон Х. Азизбеков дар мавзуи «Таъсири бегонапарастӣ ба сару либоси хонандагон», М. Мӯсоева – «Нақши падару модар дар интихоби бошууронаи касб», С.Юсупова- «Пешгирии хонандагон аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ» ҷаласаҳои хотирмон гузаронданд. Ба мушоҳида мерасид, ки ҳанӯз довталабон худро ҳамчун роҳбари синф озод ҳис намекунанд, доираю вусъати фаҳмишу дарки масъала талаб мекард, ки довталаб ба шунавандагон моҳияти тарбиявии мавзуи баррасишавандаро тавзеҳ дода тавонад, ҳамчунин, омилҳое, чун маҳорати эҷодӣ, эҳтироми якдигар ва таҳаммулпазирӣ, шунидан ва дарк кардани мавқеи падару модарон оид ба мавзуъ ва ҷалб намудани онҳо ба баҳсу хулосабарорӣ муҳим дониста мешуд. 
Шарти сеюм ва муҳими озмун – гузарондани машғулияти таълимӣ аз рӯйи ихтисос ба ҳисоб мерафт. Довталаб аз шаҳри Хоруғ Хушбахт Азизбеков машғулияти худро аз фанни математика дар синфи 9 аз пурсиши вазифаи хонагӣ оғоз намуд. Вай дафтарҳои хонандагонро санҷида, бо ҳалли муодилаҳо шинос гардид. Ҳамчунин, ба гурӯҳи хонандагон варақчаҳои супоришӣ тақсим кард. Хонандагон ба суолҳо посухҳои мукаммалу саҳеҳ ва мушаххас доданд. Довталаб кӯшиш мекард, ки ҳамаи хонандагон барои посух гуфтан ба суолҳо ҷаҳду талош варзанд. Ба ҳарфи шогирдон бо таҳаммулу бодиққат гӯш фаро медод, онҳо дар навбати худ фикрашонро озодона баён менамуданд. 
Шартҳои чорум ва панҷуми озмун таҳлили дарс (дар ҳаҷми 10 дақиқа) ва баргузор намудани соати тарбиявӣ ба шумор мерафт. Дар иҷрои шарти чорум довталабон алоқадри таҷрибаи педагогӣ ва фаҳмиши худ дарси якдигарро таҳлил намуданд, ҷиҳатҳои мусбат ва норасоиҳои машғулиятҳоро ошкор ва бармало сохтанд. Аз хусуси истифодаи васоити аёнӣ, технологияи инноватсионӣ, усулу методҳои навини муосир ва дигар паҳлуҳои маҳорату малакаи ҳамдигарӣ дар роҳандозии машғулиятҳои таълимӣ андешаҳояшонро баён намуданд. Таҳлилҳои довталабон С.Юсупова, М.Мӯсоева, Х. Азизбеков то андозае ҷанбаи методию дидактикӣ дошта, бо мушоҳидаҳои фардии онҳо тавъам буд.  Шарти  дигари озмун ҷавоб додан ба даҳ савол дар доираи ихтисос ва асноди меъёрӣ -ҳуқуқии соҳаи маориф  буд. Саволҳо (бори нахуст) озод ва вобаста ба диду фаҳмиши довталабон таҳия гардида буд. Албатта, посухҳо мухталиф, гоҳҳо пурраву мушаххас, гоҳе муҷмалу муғлақ ва баъзан кӯтоҳу ихчам ва пурмағз буданд. Ба мушоҳидаи мо, посухҳо аз он шаҳодат медоданд, ки довталабон дарку фаҳмиш, дониши хуби педагогию ихтисосӣ ва дар бораи усулу низоми соҳа тасаввуроту андӯхтаҳои кофӣ доранд. 
Дар шарти охирини озмун – кор бо компютер  иштирокдорони озмун ба таҳияи  муаррифии дарс (презентатсия), сохтани тест,  истифода аз маводи шабакаи интернет ва гузаронидани дарс бо истифода аз технологияи муосир (видеопроектор, тахтаи электронӣ) то ҷое муваффақ шуданд, аммо дар умум, ба андешаи доварон, кор бо компютер ва маҳорату қобилияти истифодаи он аз ҷониби довталабон ба дараҷаи зарурӣ сурат нагирифт, ки ин, ҳароина, боиси таҳлили ҷиддӣ дар оянда хоҳад буд. Ба  андешаи раиси ҳайати доварони озмун, номзади илмҳои филология, Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода, дар умум, панҷ нафар довталаб воқеан соҳиблаёқату дорои малакаю маҳорати хуби омӯзгорӣ буданд ва ба иҷрои шартҳои озмун  омодагии ҷиддӣ дидаанд. Дар раванди иҷрои шартҳои озмун камбудию норасоиҳое аз ҷониби довталабон ба мушоҳида расиданд, ки хотиррасон кардани он ҳама аз фоида холӣ нест. Аз ҷумла, бо лаҳҷа сухан рондани иштирокдорони озмун, содаву бурро ва равон набудани нутқи довталаб, муносибату муоширати омӯзгор бо хонандагон, маҳорати эҷодӣ дар дарс, ҳавасманд гардондани хонанда ба дарс ва омӯзиш истифодаи метод ва усулҳои фаъоли таълим вобаста ба мавзуъ ва мундариҷаи дарс, мушоҳидакорӣ ва натиҷагирӣ аз мавзуи нав ва амсоли инҳо аз ин қабил норасоиҳо ҳисоб меёбанд. Дарси иштирокдори озмун Хушбахт Азизбеков дорои хусусиятҳои ба худ хос буд. Пеш аз ҳама, довталаб тавонист, таваҷҷуҳи тамоми хонандагони синфро ба дарс ҷалб намояд. Муносибат ва муоширати омӯзгор бо хонандагон дар сатҳи баланд сурат гирифта, ба андешаву  мулоҳиза ва ҷавобҳои хонандагон баҳои арзанда медод. Новобаста аз он ки посухҳои хонандагон дуруст аст ё не, довталаб онро қабул мекард. (Дағал набуд, ба иззати нафси нафаре намерасид). Мушоҳидаи дигар: ҳангоми пурсиши вазифаи хонагӣ, баёни мавзуи нав ва ҷамъбасту хулосабарорӣ фаъолияти якҷояи омӯзгору хонандагон ба назар мерасид. Ва воқеан, довталаб дар дарс нақши раҳнаморо иҷро мекард. Дар дарс ягон хонанда дақиқае берун аз раванди он қарор надошт, ҳама баробар фаъол  буданд. Онҳо тавассути корҳои гурӯҳӣ, саволномаҳо, ҳалли масъалаҳо дар тахтаи синф, супоришҳои тестӣ ба дарс ҷалб карда мешуданд. Дар маҷмуъ, ба назари мо, ҳар як довталаб дар вақти гузаронидани дарс як навигарӣ дошт. Аз ҷумла, омӯзгор аз шаҳри Душанбе М. Мӯсоева аз тахтаи электронӣ хеле хуб ва ҳадафмандона истифода кард. Довталаб машғулиятро оромонаю батамкин ва боэътимоду боварӣ ба худ мегузаронд ва ин бозгӯйи он аст, ки омӯзгор дорои донишу маҳорати касбии педагогӣ мебошад. Н.Зоидова, аз ноҳияи Б.Ғафуров ҳоло омӯзгори ҷавон аст, бовар ҳаст, ки оянда маҳорати педагогии худро рушду такомул мебахшад. Дар раванди дарс камтаҷрибагии довталаб эҳсос мешуд. Довталаб аз шаҳри Роғун С.Юсупова ба ҷавонии худ нигоҳ накарда (вай дар яке аз деҳаҳои дурдасттарин ба пешаи омӯзгорӣ машғул аст), донишу маҳорати баланди касбӣ нишон дод. Машғулияти довталаб Ш.Тағоев аз ноҳияи Данғара аз нигоҳи методикаи таълим ва дигар ҷанбаҳои дидактикию талаботи педагогикаи муосир нисбатан заифтар ба мушоҳида расид. Таҳлилу натиҷагирӣ аз холҳои ба даст овардаи довталабон нишон медиҳад, ки тафовут дар байни холҳои онҳо чандон зиёд набуд. Дар зимн, чанд андешаю пешниҳоди худро доир ба беҳтару пурсамартар гардидани озмун барои минбаъд баён карданиям. Ба гумони мо, ба озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ба таври пухтаву тӯлонӣ (дар давоми якчанд сол) тайёрӣ бояд дид. Баъзе камбудиҳое, ки дар рафти озмун мушоҳида гардид, аз он далолат мекунад, ки довталабон то ҷое саросема ва шитобзода ба озмун ҳозир шудаанд. Дар ин бобат, масъулону мутасаддиёни раёсату шуъбаҳои маориф бояд ба озмун ҷиддӣ муносибат намуда, омӯзгоронро ба ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳаматарафа омода кунанд. Ба андешаи мо, хуб мешуд, ки раванди баргузории озмун (иҷрои шартҳои он) тавассути шабакаи телевизионии «Баҳористон» сабт ва ба таври пурра намоиш дода шавад, ки ин аз як тараф, ба шаффофияти озмун мусоидат мекунад, аз  тарафи дигар, омӯзгорони ҷумҳурӣ аз машғулиятҳои ҳамкасбони худ, ки намунавӣ ҳисоб меёбад, бештар меомӯзанд ва ҳавасманд мешаванд.
Ҳамин тариқ, озмун дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид. Муовини аввали вазири маориф ва илми кишвар Муҳаммаддовуд Саломиён зикр намуд, ки ҳайати доварон тӯли се рӯз заҳмат кашида, маҳорату малака ва лаёқати довталабонро натиҷагирӣ ва баҳогузорӣ намуданд. Мавсуф изҳор дошт, ки истифода аз усулҳои нави таълимӣ, технологияи инноватсионӣ ва таҷрибаи пешқадами педагогӣ имкон медиҳад, ки омӯзгорони соҳибистеъдод, ки дорои маҳорату касбияти баланд мебошанд, дарёфт ва муаррифӣ шаванд. Муовини вазири маориф ва илм Г.Ғаниева ғолибони озмунро муаррифӣ намуд. Омӯзгори математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хоруғ Хушбахт Азизбеков бо гирифтани 187,9 хол соҳиби ҷойи аввал, довталаб аз литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Моҳира Мӯсоева бо дарёфти 185,1 хол соҳиби ҷойи дувум ва омӯзгори синфҳои ибтидоии МтмУ №8-и шаҳри Роғун Сунбула Юсупова бо соҳиб шудан ба 185 хол сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ба ғолиби озмун аз шаҳри Хоруғ  Х.Азизбеков дар вазъияти тантанавӣ сертификат ва дипломи тасдиқкунандаи ғолиби озмун, туҳфаи муқарраргардида ва мукофоти пулӣ супурда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби раиси Иттифоқи касабаи ҷумҳуриявии кормандони соҳаи маориф З.Нозакзода ғолиб ба Ифтихорномаи ташкилот ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида  шуд. Ҳамаи иштирокдорони озмун бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Иттифоқи касабаи ҷумҳуриявии кормандони соҳаи маориф, инчунин, туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ  шуданд.
Шодӣ РАҷАБЗОД,
«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш