Мо ҳама бо сабабҳои зиёд аз интернет вобастаем. Аз дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарӣ то навсозии худ дар бораи воқеаҳои ҷорӣ ва иртибот бо ҷаҳон, мо ба он такя мекунем. Новобаста аз он ки истифодаи як шабакаи иҷтимоӣ ё мубодилаи рӯйдодҳои атрофи мо ё истифодаи баъзе барномаҳо барои пайвастшавӣ бо наздикони худ, инчунин, дастрасӣ ба маълумот ё фароғати худ метавон таъкид сохт, ки интернет интихоби аввалини мост. Мо ин технологияро барои фармоиш додани хӯрок, харидани либос, хондани китобҳо ва бозиҳои онлайнӣ истифода мебарем. Ба туфайли интернет, бо як клик, мо метавонем, ба ҳамаи он чизе, ки майл дорем, аз масъалаҳои молиявӣ то нигоҳубини тиббӣ дастрас кунем. Ин технология, бешубҳа, ба ҷомеа таъсири мусбат расонидааст. Интернетро метавон ҳамчун воситаи дастрасӣ, ирсол ва қабули иттилоот ва инчунин, анҷом додани корҳои зиёде арзёбӣ кард. Ин технология як анбори иттилоот ва шояд бузургтарин пойгоҳи иттилоотиест, ки ба осонӣ барои ҳама дар ҷаҳон дастрас аст. Интернет баъзе воситаҳои муассиртарини муоширатро пешкаш мекунад. Почтаи электронӣ ва паёмнависии фаврӣ муоширати онлайниро имконпазир месозад. Шабакаҳои иҷтимоӣ, вебсайтҳои блогнависӣ ва форумҳои чат беҳтарин ҷой барои изҳори назар мебошанд. Бисёр одамон аз қисматҳои гуногуни ҷаҳон метавонанд, тавассути интернет якҷо кору фаъолият намоянд. Онҳо метавонанд дар интернет андешаҳо ва иттилооти худро мубодила карда, бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунанд. Мутахассисоне, ки дар минтақаҳои дурдаст кор мекунанд, метавонанд, аз дастовардҳои худ ба шарофати интернет додугирифт намоянд. Ин технологияи навин ҷаҳонро ба ҳам наздик карда, ҷойҳои дурдастро дастрас намудааст. Он чи, ки замони ҳозираро аз гузаштаи башарият тафовут мегузорад, технология ва табодули иттилоотро дар бар мегирад, ки рушди он ба интернет вобастааст. Дар ҷаҳони имрӯза, ки технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ҳаёти инсон мавқеи хоса пайдо кардаанд, нақши шабакаҳои интернетӣ дар интиқол ва табодули ҳаҷми бузурги иттилоот хеле равшантар шудааст. Оқибатҳои мусбат ва манфии ҷаҳони виртуалӣ ҳамчун падидаи нав дар ҷомеаҳои башарӣ, мисли дигар технологияҳо густариш меёбанд. Ҳамарӯза нақши мусбати интернет дар рушди иқтисоди башар ва нақши манфии он дар барқарор кардани муносибатҳои нодурусти иҷтимоӣ, равобити инсонӣ ва фарҳангӣ тавассути васоити ахбори омма (ВАО) ва бо мақсади беҳтар намудани таъсири мусбат ва коҳиш додани таъсир ва паёмадҳои манфӣ дар интернет эродҳо ва таклифҳои зиёде пешниҳод карда мешаванд. Дар ҷаҳони имрӯза фарҳанги ВАО бо бартарии интернет ва расонаҳои мобилӣ фарогиртарин ва афзалиятноктарин фарҳанги таъсиргузор дар ҷомеа мебошад. Таваҷҷуҳи ин таъсир, бавижа, ба наврасон ва ҷавонон нигаронида шудааст. Яъне бахши қобили мулоҳизаи зиндагии наврасон ва ҷавонони имрӯзаро интернет ва телефонҳои мобилӣ ташкил медиҳад. Ҳарчанд ин равобит метавонад боиси рушди маҳоратҳои гуногун шавад, аммо бар замми ин манфиатҳо, хатарҳои ниҳонии он низ бояд дар маърази таваҷҷуҳ қарор гирад. Вақте сухан дар бораи таъсири мусбати интернет ба паҳлуҳои мухталифи ҷомеа меравад, дар навбати аввал, бахшҳои маориф, тандурустӣ ва молия ба назар мерасанд. Рушди интернет таҳсилоти онлайн ва омӯзиши фосилавиро имконпазир сохт. Ин технология динамизмро дар усулҳои таълим ба вуҷуд оварда, инчунин, ба муаллимон барои фароҳам овардани муҳити мувофиқ барои таълими беҳтар кумак кардааст. Ба шарофати интернет, дастрасии мутахассисони соҳаи тибро зудтар ва хулосаҳои коршиносии онҳоро дар шакли ҳисоботи тиббӣ осонтар кардан мумкин аст, ё сабтҳои беморон метавонанд дар чанд сония ба маконҳои дурдаст фиристода шаванд. Ба ҳамин монанд, бо чанд клик маслиҳати иқтисодӣ гирифтан мумкин аст ва ба туфайли интернет коршиносони ин соҳаро метавон ҷустуҷӯ кард. Арзиштарин неъмате, ки интернет ба ҷомеа додааст, баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳли ҷомеа мебошад. Дар робита ба мавҷудияти захираҳои зиёди интернетӣ, ки муҳтавои таълимӣ ва иттилоотиро пешкаш мекунанд, як навъ огаҳии омма дар байни ҷомеа афзоиш ёфтааст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба фазои маҷозӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоӣ хеле муҳим аст, зеро ҳоло бахши бештари корбарони интернетро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин қишри ҷомеа ба далели ҷолибияти ин шабакаҳо дар давоми рӯз вақти зиёд сарф мекунанд ва ин метавонад боиси мушкилоти гуногун ва хисороти равонӣ, маънавӣ ва тарбиявии онҳо шавад. Аз ин рӯ, барои кам кардани оқибатҳои манфӣ ва истифодаи дурусту созанда аз имкониятҳои интернет ҷанбаҳои мусбату манфии интернетро омӯхт. Ҷиҳати мусбат он аст, ки интернет як ҷузъи ҷудонашавандаи пажӯҳишгоҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, таълимӣ, иқтисодӣ ва оилавӣ мебошад. Функсияҳои мусбати интернетро метавон ба чанд меҳвар тақсим кард: 1). Рушди иқтисодӣ. Интернет ҳазорҳо коргарони соҳаи ВАО ва ба таври ғайримустақим миллионҳо ойилаи дигарро бо кор таъмин кардааст, то тавассути фаъолиятҳои марбут ба интернет зиндагӣ кунанд. 2) Рушди фарҳангӣ. Ҳар қадар гардиши иттилоот дар ҷомеа бештар шавад, ҷомеа ҳамон қадар фаъолтар мешавад ва раванди эҷодкорӣ ҳамон қадар зиёд мешавад. Интернет бо нақши хосааш дар интиқол ва интишори фарҳангҳо метавонад боиси афзоиш ва тарғиби фарҳанги бештар дар ҷомеа гардад. 3) Интегратсияи иҷтимоӣ. Аз дидгоҳи равоншиносии иҷтимоӣ, интернет барои фароҳам овардани фазои солими муколамаи тамаддунҳо, ба роҳ мондани равобити байни кишварҳо ва дар натиҷа паст шудани шиддати фарҳангӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Дар ин ҳолат дар ҷомеаҳои инсонӣ падидае бо номи ҳамдардӣ ташаккул меёбад. 4). Дониш ва азхудкунии малакаҳои нав. Истифодаи интернет дар пажуҳиш ва дарёфти малакаҳои зиндагӣ низ хеле муҳим аст. Мо барои дастрасӣ ба ҳама гуна маълумот ба интернет муроҷиат мекунем. Муҳити интернет фазои васеи иттилоотест, ки одамон метавонанд барои таҳқиқотҳои худ дар мавзӯъҳои гуногун истифода баранд. Муоширати интернетӣ инчунин ба инкишоф ва таҳкими малакаҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Тибқи баъзе бозёфтҳо, одамон тавассути интернет бо фарҳангҳои гуногун ошно мешаванд ва малакаҳои иҷтимоиро меомӯзанд. 1). Интернет ва бартарияти фарҳангӣ. Дар психологияи интернет ва махсусан, баррасии вазифаҳои манфии он муҳим аст, ки ангезаҳои нуҳуфтаи паси интернет ва ҳадафҳои аз ҷониби операторони он пешгирифтаро баррасӣ кард. Тибқи ин назария, васоити ахбори омма, аз ҷумла, интернет, аз сиёсати шадиди қудратҳои сиёсиву иқтисодӣ пайравӣ мекунанд. Васоити ахбори омма, аз қабили рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои бонуфузи радио ва телевизион ва робита бо ҷомеа ҳамеша ба сифати тарғибкунандагони муътамади арзишҳо, ахлоқи ширкатҳо ва созмонҳои бузург амал кардаанд. Тибқи ин ақида, интернет метавонад барои аз ҷиҳати фарҳангӣ бартарӣ доштан ва тарғиби арзишҳо ва меъёрҳои гурӯҳ ё ҷомеаи мушаххас амал кунад. 2). Интернет ва оқибатҳои манфии он ба солимии равонӣ ва рафтори инсон. Тибқи пажуҳишҳои равоншиносони соҳаи интернет, фарҳанги барҷастаи интернет ба солимии равонӣ ва рафтори инсон оқибатҳои манфӣ ва зараровар дорад. Имрӯзҳо усулҳои муошират бо дигарон тавассути интернет зиёд шудааст. Почтаи электронӣ, паёмнависии матнӣ, утоқҳои чат, вебсайтҳо ва бозиҳо ба роҳҳои пешбурд ва нигоҳ доштани муносибатҳои иҷтимоӣ табдил ёфтанд. Миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон ҳамарӯза аз интернет истифода мебаранд ва яке аз истифодаҳои аслии интернет муошират бо дигарон аст. Шояд камбуди асосии муоширати интернетӣ дар он аст, ки муошират дар фазои маҷозӣ ба матн асос ёфтааст ва аз ин рӯ, аломатҳои биноӣ ва шунавоӣ дар муоширати рӯ ба рӯ ба ҳадди ақал кам карда мешаванд. 3). Порнография ва таҳрик. Яке аз паёмадҳои манфии интернет, паҳншавии аксу наворҳои фаҳш ва иғвоангезист. Дар ҳоли ҳозир интернет бо се хусусияти худ ба яке аз муҳимтарин манбаъҳои паҳнкунии порнографӣ табдил ёфтааст, ки ин се хусусият инҳоянд: 1) дастрасии осон ба он; 2) тавони пардохти арзиши он барои ҳар шахс; 3) ношинос мондани истифодабарандагони он. Баъзе сайтҳои интернетӣ саҳнаҳоро ба таври бараҳна, ошкоро ва бадахлоқона намоиш медиҳанд. Дар гузашта мардум барои дастрасӣ ба маҷаллаҳои фаҳшо ва огоҳӣ аз алоқаи ҷинсӣ ба ҷойҳои муайян мерафтанд, аммо имрӯз бо пайдоиши интернет дастрасӣ ба ин маводҳо хеле осон шуда, шумораи чунин ҳодисаҳо сол то сол меафзояд. Интернет тавонист ба тарзи зиндагӣ андозаҳои нав ворид кунад. Ҳарчанд истифода аз он тавонист мушкилоти зиёдеро дар зиндагӣ ҳал кунад, аммо боиси мушкилоти зиёди насли башар шудааст. Албатта, таъсири технологияи интернетӣ дар ин самт мустақим нест ва бештар аз намуди истифода ва инчунин, ба тағйироти синну сол, ҷинс, таҳсилот ва ғайра вобаста аст. Бинобар ин, таъсири манфии интернетро ба ҳаёти инсон метавон ба ҷанбаҳои зерин мансуб донист: - истифодаи бемақсад ва ғайриилмӣ; - дастрасӣ ба масъалаҳои ғайриахлоқӣ; - набудани маҳдудияти истифода барои гурӯҳҳои гуногун; - таъсири манфӣ ба эътиқод ва ҳувияти фарҳангии ҷавонон; - фош кардани сирри шахсӣ; - коҳиши фаъолияти рӯзмарра; - нобоварии волидайн ба фарзандони худ; - коҳиши муоширати рӯ ба рӯ; - мушкилоти инфиродӣ; - таъсири ҷисмонӣ - мушкилоти биноӣ; - ҷароҳатҳои системаи скелетӣ; - фарбеҳӣ; - таъсири психологӣ; - изтироб ва афсурдаҳолӣ - вобастагии интернетӣ ва ғайра. Имрӯз интернет ба як ҷузъи ҳаёти одамон табдил ёфтааст. Албатта, ин технология камбудиҳо низ дорад, аммо агар аз он оқилона истифода шавад, таъсири мусбати он паҳлуҳои манфиро бартараф мекунад, ки дар натиҷа фарҳанги истифодаи дурусти интернет дар ҷомеа густариш ёфта, аз зарару хатарҳои манфии он пешгирӣ мешавад.
Наҷмиддин Солиҳов, устоди ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр