Эълон шудани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар байни мардуми диёрамон ҳамовозии гарму ҷӯшонро ба миён овард.
Алалхусус, ин пешниҳоди Пешвои миллатро омӯзгорон аз сидқи дил қабул намуда, дар баробари омӯзиши фанҳо корҳои берун аз дарсиро низ дар муассиса ҷоннок менамоянд.
Дарвоқеъ, ҷумҳурии азизи мо ҷойҳои саёҳатбоби бисёре дорад. Шоҳасарҳои гаронбаҳои санъати меъморӣ, тасвирӣ ва биноҳои зебосохте, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз маданияти баланди халқамон шаҳодат медиҳанд.
Барои саҳеҳу равшан аз бар намудани таърихи халқи тоҷик омӯзиши осори меъмории гузашта ва равшанӣ андохтан ба саҳифаҳои таърихи ниёгонамон хуб мешавад, ки дар муассиса кори маҳфилҳои таърихии кишваршиносиро хуб ба роҳ монд.
Дар муассисаи мо маҳфили таърихию кишваршиносӣ бо номи «Мерос» амал мекунад. Дар давоми таътили зимистона аъзоёни маҳфили «Мерос» ба саёҳати яке аз осори қадимаи халқамон Қалъаи Ҳулбак – пойтахти давлати Хатлони қадима, ки дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ воқеъ гардидааст, рафтанд.
Ин гӯшаи қадимаи диёрамонро аъзоёни маҳфил мавриди омӯзиш қарор доданд. Ҳар як бинанда аз дидани ин мавзеъ дар ҳайрат мемонад, чунки бо ғамхории Пешвои миллат Қалъаи Ҳулбук аз нав барқарор карда шудааст.
Инчунин, дар наздикии қалъа осорхонаи хеле зебои ҳозиразамон сохта шудааст, ки пешкаши сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ гардонида шудааст. Ҳар як аъзои маҳфили «Мерос» бо худ дафтарҳои қайдҳои сафарӣ доранд ва натиҷаи саёҳати худ ро дар дафтарҳо сабт мекунанд.
Аъзоёни маҳфил аз рӯи чунин нақша омӯзишро дар қалъаи Ҳулбук ба роҳ мондаанд.
Дар суҳбат, бо роҳбари осорхонаи «Ҳулбук» Абдулло Хоҷаев маълум гашт, ки соли 1953 бо кӯшиши олими Шӯравӣ Е.А.Литвинский мавзеи шаҳри Ҳулбук аниқ муайян карда шудааст. Аз соли 1957 татқиқоти он ба зиммаи олима Эркиной Ғуломова гузошта шуда буд. Имрӯз бошад, омӯзиши ин мавзеъ ба зиммаи устод Юсуфшоҳ Ёқубов афтодааст. Чуноне ки аз тадқиқотҳои олимон бармеояд, қасри шоҳони Ҳулбук аз ду қисм – ҷанубӣ ва шимолӣ иборат мебошад. Қисми ҷанубӣ нисбатан баланд мебошад. Дар қисми толори асосӣ бо тахти шоҳ биноҳои кории амалдорон, масҷид ва дигар хонаҳои хизматӣ мавҷуданд. Қисми шимолӣ аз ҳарамхона, ҳуҷраҳои хизматгорон, саҳнаи мутрибон, ҳавзи қаср иборат мебошад.
Қасри шоҳони Ҳулбук бо системаи васеи обтаъминкунии қубурӣ ва гармидиҳии зери фаршӣ бо дуд вуҷуд доштааст.
Абдулло Хоҷаев аъзоёни маҳфилро ба гӯшае бурд, ки он ҷо танӯрҳои аз хишти пухта сохташуда ёфт шудаанд. Дар ин танӯрҳо оташ гиронда мешуд. Ба воситаи қубурҳои махсус дуди ин оташ ба зери фарши биноҳо рафта, онҳоро гарм менамуд.
Аз сабаби дар наздикии қалъа набудани оби нӯшиданӣ обро аз мавзеи Сайёд ва Қайнар ба воситаи қубурҳои сафолин ба қасри шоҳон меоварданд.
Таърих гувоҳ аст, ки Султон Маҳмуди Ғазнавӣ баъди гирифтани мулкҳои Афғонистони имрӯза ба Хатлон лашкар мекашад ва ӯ фармон медиҳад, ки дар аввал қубурҳои обгузарро дар қалъаи Ҳулбук хароб кунанд. Дар Хатлони қадима баробари дигар ҳунарҳои мардумӣ ҳунари шишагарӣ хеле ривоҷ ёфта буд .
Пораҳои шишаҳои гуногун, сурмадону чиниҳо аз ҳунари волои мардуми Хатлони қадима дарак медиҳанд. Ҳунари шишадорҳои хатлонӣ дар тамоми дунё паҳн гашта буд. Ба гуфти сайёҳи мисрӣ ибни Ҳавқал дар шаҳри Бағдод кӯчае будааст бо номи шишагарҳои хатлонӣ, ки дар ин кӯча устоҳои шишагари хатлонӣ зиндагӣ мекардаанд.
Санъати кулолгарӣ баробари дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Хатлони қадима ривоҷ ёфта буд. Дар гӯшаҳои осорхонаи Ҳулбук пораҳои хуму косаю қубурҳои сафолин ҷамъ оварда шудаанд.
Аъзоёни маҳфили «Мерос» оид ба ҳамаи паҳлуҳои осорхона маълумот дастрас карда, дар дафтарҳои сафарии худ дарҷ намуданд. Баъди сар шудани дарсҳо ният доранд, ки дар назди хонандагони мактаб аз таассуроти бардоштаашон нақл намоянд.
Хулоса, саёҳат ба ин ё он муқаддасоти ниёгонамон имкон медиҳад, ки донишҳои хонандагон доир ба таърихи халқи худ амалан мустаҳкам шаванд. Ин ташаббус дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ падидаи неке мебошад. Аъзоёни маҳфил ният доранд, ки то охири соли таҳсил ба шаҳри бостонии Панҷакент рафта, аз ёдгориҳои Саразм низ воқиф шаванд.
Ҳоҷимиршакар Ҷабборов,
омӯзгори таърихи мактаби
№18, ноҳияи Восеъ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр