Нашрияи Омӯзгор

Марҳилаи пурсамар

Сана: 2022-02-14        Дида шуд: 71        Шарҳ: 0

Зимни нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори муассиса, доктори илми иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода оид ба фаъолияти серпаҳлуи донишгоҳ ба рӯзноманигорон иттилоъи муфассал дод. Қайд гардид, ки тайи соли 2021 дар донишгоҳ пешравиҳои зиёде ба амал омад. Маҳз фаъолияти муназзами сохторҳои алоҳидаи донишгоҳ буд, ки тамоми маълумоти зарурӣ саривақт ва бо масъулияти том таҳия, коркард ва ҷамъбаст гардида, ба экспертҳои байналмилалии Агентии аккредитатсионии ЕККА манзур карда шуд. Дар натиҷа ин агентӣ донишгоҳро мувофиқ ба талабот ва стандартҳои таҳсилоти аврупоӣ эътироф намуда, бо сертификати мувофиқат сарфароз гардонид. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки пурра аз аккредитатсияи институтсионалии аврупоӣ гузашта, мақоми худро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳкамтар намуд. 
Лаҳзаи аз ҳама хотирмони соли сипаригардида ташрифи Пешвои миллат ба донишгоҳ ҷиҳати ифтитоҳи бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва хобгоҳи донишҷӯён, ҳамчунин, гузоштани санги асос барои сохтмони силсилаи дуюми бинои хобгоҳи 12- ошёна дар мавзеи «Шаҳраки донишҷӯён» буд. 
Чунонки ректор зикр намуд, устодону донишҷӯён, магистрон, кормандон, донишҷӯёни литсейи донишкада дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи давлатӣ, аз ҷумла, дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимпиадаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар сабқатҳо иштироки фаъолона доштанд. 
 Соли 2021 дар ДМТ «Соли рушди сифати таҳсилот» эълон гардида буд. Ба ин хотир аз ҷониби шуъбаи назорати сифати таҳсилот аз рӯйи чор номинатсия: «Факултети беҳтарин», «Кафедраи беҳтарин», «Омӯзгори беҳтарин» ва «Донишҷӯи сол» озмун эълон гардид. Дар ҷамъбаст факултети ҳуқуқшиносӣ, кафедраи метрология ва климатология, профессори кафедраи матбуоти факултаи журналистика Мурод Муродӣ ва донишҷӯи курси чоруми ихтисоси ҳуқуқшиносии факултаи ҳуқуқшиносӣ Шоҳрух Забиров (вобаста ба номинатсияҳо) ғолиб дониста шуданд.
Қ. Хушвахтзода, ҳамчунин, ба рӯзноманигорон оид ба фаъолияти таълимию методӣ, илмӣ – татқиқотӣ, такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, Институти илмию таҳқиқотии ДМТ, фаъолияти тарбиявӣ, молиявию иқтисодӣ, робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ва ғайра маълумоти муфассал дод. 
Ҳотами ҲОМИД, 
«Омӯзгор»
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш