Бо мақсади амалигардонии «Барномаи давлатии рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон» аз ҳисоби лоиҳаи муштараки «Бонки Исломии Рушд/Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмони як қатор биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои маориф ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» амалӣ карда мешавад. Бо мақсади амалигардонии лоиҳаи мазкур, 27-28 январи соли ҷорӣ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” Сатторӣ Баҳром, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ашӯралӣ Олимӣ ва масъулини шаҳру ноҳияҳои Данғара, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Темурмалик ба сохтмони муассисаи таълимии №21 барои 192 ҷойи нишаст дар деҳаи Нурофари Ҷамоати деҳоти Сангтӯда ва сохтмони бинои муассисаи таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Шаҳбури Нави ноҳияи Данғара, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №22, деҳаи Сомончии ноҳияи Фархор, сохтмони муассисаи таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар маҳаллаи навбунёди Файзободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, сохтмони бинои иловагӣ барои 192 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №47, деҳаи Афғондилии ноҳияи Восеъ, сохтмони бинои муассисаи таълимии №10 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Чавроқ ва сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №15, деҳаи Фалҳободи ноҳияи Темурмалик расман оғоз бахшида шуд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр