Нашрияи Омӯзгор

Нақшаю ҳадафҳо иҷрошавандаанд

Сана: 2022-02-14        Дида шуд: 100        Шарҳ: 0

3-юми феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузоришаванда дар соҳаи маориф ва 65 нафар намояндаи васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Нахуст, М. Имомзода иброз дошт, ки дар соли сипаригашта 4 стратегияву барномаи давлатии соҳаи маориф бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки иҷрои талаботи онҳо ба рушду нумуи соҳаи маориф ва илми кишвар мусоидат хоҳанд кард. Ҳамчунин, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷдиди назар намудани барнома ва стандартҳои давлатии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Бори нахуст ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки дар маҷмуъ, ҳамаи маблағҳои соҳаи маориф ҳимояшаванда маҳсуб меёбанд. Ислоҳоти мазкур барои беҳбудии вазъи молиявии соҳаи маориф такони ҷиддӣ мебахшад. Инчунин, бори нахуст Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ дар лоиҳаи нави маблағгузории ташкилоти Шарикии Глобалии Маориф (СРЕ) дар миёни 76 давлат ба ҳайси гирандаи грантҳои пилотӣ интихоб гардид ва нақшаи стратегии мо барои амалишавии Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ аз нақшаҳои стратегии муваффақ дониста шуд.
Бо қабул шудани Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, имконияти зиёди ҷалби маблағҳои грантӣ барои соҳаи маориф фароҳам оварда шуд. Айни замон 19 ташкилоти байналхалқӣ барои дастгирӣ ва маблағгузорӣ намудани стратегияи мазкур таклифу пешниҳодҳо намуданд.
Дастоварди дигар ва боиси ифтихори ҳар фарди кишвар иштироки хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳо мебошад. Соли 2021 хонандагони тоҷик дар 36 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 648 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, 79 медали тилло, 190 медали нуқра ва 379 медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамзамон, дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2021 хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои бе имтиҳон қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ихтисосҳои филологияи тоҷик ва филологияи рус, донишҷӯёну магистрантону аспирантон барои қабул шудан ба зинаи дигари таҳсил аз рӯйи самту ихтисос соҳиби роҳхат гардиданд.
Сипас, саволу ҷавоб сурат гирифта, аз ҷониби 17 нафар намояндаи ВАО 33 савол вобаста ба масоили соҳа, аз ҷумла, сохтмони мактабҳо, аз таҳсил дур мондани духтарон, ҷалби магистрантону омӯзгорон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, иҷро нашудани нақшаи қабул дар зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тарки касб намудани омӯзгорон, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ барои аққалиятҳои миллӣ, бе имтиҳон дохил шудани иштирокчиёни озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба муассисаҳои таълимии касбӣ, ҷудо намудани маблағ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ, таҳсили хонандагони ношунаво дар муассисаҳои таълимӣ, сифати таҳсилот ва мустаҳкамнамоии базаи модиву техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ифтитоҳи филиалҳои мактабҳои олии хориҷӣ дар Тоҷикистон, таҳсили хонандагону донишҷӯёни афғон дар Тоҷикистон, дар муассисаҳои таълимӣ ба кор ҷалб намудани омӯзгорони афғон, таъмини хонандагон бо хӯроки гарм, сохтмони панҷ мактаб аз ҷониби Федератсияи Россия, фаъолияти омӯзгорони рус дар Тоҷикистон, таҳсили шаҳрвандони тоҷик дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Қирғизистон ва чанде дигар пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаи вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ посух доданд.
Шоистаи таъкид аст, ки фаъолияти Вазорати маориф ва  илми кишвар дар соли 2021 пурсамар буд. Шуруъ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ то муассисаҳои олии касбӣ ба пешравиҳои чашмрас ноил гардиданд. Бояд гуфт, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 696 ва шумораи тарбиятгирандагон ба 101170 нафар расидааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 18 муассиса ва 4006 нафар кӯдак зиёд мебошад.
Таҳсилоти умумӣ яке аз зинаҳои хеле муҳим дар ташаккулёбии шахсияти наврасону кӯдакон маҳсуб меёбад. Яъне фарогирии саводу дониш дар ҳамин синну сол сурат гирифта, раванди минбаъдаи ҳаёти кӯдак дар замони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муайяну муқаррар мегардад.  Соли таҳсили ҷорӣ теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3940 адад (аз ҷумла, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ 310, муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ 426 ва муассисаи миёнаи умумӣ 3204)-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ 156 муассисаи типи нав, яъне 75 гимназия ва 81 литсей фаъолият дорад. Шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 128 ҳазору 827 нафар (80 170 зан)-ро ташкил медиҳад. 
Дар ин замина, соли сипаришуда дар сохтори вазорат шуъбаи сифати таҳсилот таъсис ёфт. Ҳамзамон, “Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи меъёрҳои санҷиши идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва тибқи муқаррарот тасдиқ шуд. Шуъба дар ин давра 104 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 15 шаҳру ноҳияро мавриди санҷиш қарор дода, зиёда аз 5 ҳазор хонанда корҳои хаттӣ ва тестӣ аз фанҳои математика ва забони тоҷикӣ гирифт. Санҷиш нишон дод, ки дар ин муассисаҳои таълимӣ сифати таҳсилот ба 32,2% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 78,3% баробар аст.
Дар 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз рӯи 9 равия (омӯзгорӣ, тиббӣ, техникӣ, технологӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ, фарҳанг, ҳуқуқ ва варзиш), 206 ихтисос ва дар 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 15 равия (иқтисодӣ, техника ва технология, нақлиёт, техникаи радиоэлектронӣ, энергетика, саноати кимиёвӣ, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, меъморӣ, сохтмон, кишоварзӣ, металлургӣ, сайёҳӣ, хизмати маишӣ ва хӯроки умумӣ) мутахассисон омода гардида, бо назардошти рушди корхонаҳои саноатӣ дар кишвар, пайдо шудани талабот ба ихтисосҳои нав ҷиҳати кушодани ихтисосҳои нав дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ пайваста шароит фароҳам оварда мешавад.
Дар 42 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 234652 ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил менамояд, ки ба онҳо 12697 нафар омӯзгор таълим медиҳад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони касбии дар бозори меҳнат рақобатпазир   ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда Созишнома оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистонро ба имзо расонид. Дар ин раванд то имрӯз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (3 ихтисос), Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (3 ихтисос), Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (4 ихтисос), Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (5 ихтисос) аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуданд.
Сол то сол илми кишвар  рушду такомул меёбад ва айни замон имконоти мусоид ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба вуҷуд омадааст. Феълан дар ҷумҳурӣ 54 шӯрои диссертатсионӣ амал менамояд, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, аз рӯи 145 ихтисоси анъанавӣ ва 122 ихтисоси доктори фалсафа (PhD) рисолаҳои номзадӣ ва докториро ба ҳимоя қабул менамоянд. Дар шӯроҳои мазкур то имрӯз 1082 нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.
Таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои таълимию дарсӣ аз масъалаҳои муҳими соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Дар соли 2021 37 номгӯйи китоби дарсӣ ба миқдори 2 млн. 889 ҳазору 320 нусха барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 138 ҳазору 900 нусха адабиёти гуногуни таълимиву методӣ ба нашр расида, чопи 31 номгӯйи китоби дарсӣ бо теъдоди 3 млн. 197 ҳазору 840 нусха дар чопхонаҳои ватанӣ идома дорад. 
Ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ 159 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 2 млн. 680 ҳазору 825 нусха, 52 номгӯй китоби бадеӣ ба миқдори 1 ҳазору 814 нусха, 111 номгӯй маводи таълимӣ (барномаи таълим, дастурҳои методии роҳнамои омӯзгор, журнали синф ва ғайра) ба миқдори 176 ҳазору 166  нусха дастрас гардонида шудааст.  Илова бар ин, 24 номгӯй адабиёти таълимиву бадеӣ ба миқдори 28 ҳазору 467 нусха ба таври ройгон ба шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ ирсол карда шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таъмин гардонидани рушди иқтисодии кишвар, ҷиҳати ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани фаъолияти инфрасохтори ҳамаи бахшҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал, соҳаи илму маориф пайваста диққати махсус зоҳир намуда, то имрӯз дар самти бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 217 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 48281 ҷойи нишаст  бо маблағи 523 млн. 970 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Н. НУРАЛИЗОДА,
Н. ОХУНЗОДА, 
“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш