Нашрияи Омӯзгор

Мақоми нави донишкада

Сана: 2022-02-07        Дида шуд: 94        Шарҳ: 0

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022, таҳти рақами 17 ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода, Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» номгузорӣ карда шуд.
Бояд гуфт, ки донишгоҳ 29 июни соли 1991 бо қарори Шӯрои вазирони собиқ ИҶШС ҳамчун Донишкадаи хизматрасонии маишӣ таъсис ёфта буд ва бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1995 ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат табдил дода шуд. Бо мақсади рушди сайёҳӣ дар кишвар, бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2020 дар заминаи муассисаи мазкур Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шуда, моҳи декабр сохтмони ду бинои нави замонавии донишкада оғоз гардид, ки бо иштироки Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ 1 сентябри соли 2021 мавриди истифода қарор гирифт.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон узви Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (СҶТ)-и Академияи байналмилалии илмҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Маркази Шабакаи иттилоотии Осиёи Марказӣ «EDNET», Ассотсиатсияи истифодабарандагони шабакаҳои академӣ, тадқиқотӣ ва таълимии «TARENA» ва Донишгоҳи СҲШ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошад.
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш