Нашрияи Омӯзгор

Масъулиятшинос

Сана: 2022-02-07        Дида шуд: 139        Шарҳ: 0

Моҳи феврал буд. Муаллима бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ машғулияти тарбиявӣ гузаронд ва дар он Наимҷон суруди Мирсаид Миршакар “Кай аскарӣ меравам?”-ро сароида, ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Барояш модараш бо як ҳавас либоси низомӣ дӯхта буд ва ба ӯ хеле мезебид. Ба назари модар гӯё Наимҷон як ҷавони хушқаду қомат барин менамуд, ки навакак аз хизмати ҳарбӣ баргашта бошад. 

Модар оҳ кашида худ ба худ гуфта буд: “Кошки, Наимҷонам калон шаваду мисли ҷавонони имрӯза ба хизмати аскарӣ рафта, чунин либоси шинаму зеборо пӯшад. Ман ҳам мисли дигар модарон бо сари баланд аз чунин писари аскарзебам ифтихор намоям. ”
 Наимҷон ҳамон вақт дар синфи дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 таҳсил мекард. Солҳо сипарӣ гардиданд. Дар дили Наимҷон орзуи либоси ҳарбӣ пӯшидан ва ба Ватан содиқона хизмат кардан рӯз то рӯз зиёд мешуд. Ҳамин ки дар телевизион ё дар кӯчаҳо ҷавони либоси ҳарбӣ пӯшидаро медид, бо ҳавас ба ӯ менигарист ва рӯзе ба хона омада ба модараш гуфт:
- Модарҷон, ҳамин ки мактабро хатм кардам, албатта, ба хизмати ҳарбӣ меравам. Мехоҳам либоси низомӣ пӯшам, ин либос ин қадар зебост, бинед, акои Рустам аз хизмат баргаштаанд ва бо сари баланд дар кӯчаҳо қадам мезананд, ҳама бо ҳавас менигаранд. Пеш аз хизмат касе акои Рустамро намешинохт. Мегӯянд, ки Рустам ҷавони хушқад шудааст. Ман ҳам мехоҳам мисли ҳамон кас бошам. Ҷон модарҷон, шумо ба падарам гӯед, монеъ нашаванд, мақсади ман қатъӣ аст. Баъди хатми синфи 9-ум, соли 2000-ум Наимҷон Ҷалолов бо амри тақдир ва розигии волидайнаш ба литсейи ҳарбии ба номи генерал М.Тошмухаммедов дохил шуд. Дар тӯли се сол дар ин даргоҳ на фақат дониш гирифт, балки дарси ҷасорату мардонагиро омӯхт, ҳисси ватанпарвариаш бедор гашт, хислатҳои вафодорӣ, фидокорӣ, садоқат ва рафоқат низоми корбариаш гардид. Маъмурияти литсейи ҳарбӣ ӯро дар қатори беҳтарин тарбиятгирандагон ном гирифта, тавсия дод, ки метавонад таҳсилашро дар донишгоҳи олии ҳарбӣ – Академияи ҳарбӣ идома диҳад. Худи ҳамон сол бо пешниҳоди Вазорати мудофиаи кишвар ва мушовирон -омӯзгорон аз Ҳиндустон, Наимҷон Ҷалолов барои идомаи таҳсил ба хориҷи кишвар - Академияи мудофиавии миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон фиристода шуд. Таҳсил дар хориҷи кишвар, дур аз ёру диёр муҳаббати ӯро ба падару модар, хешу таборон ва алалхусус, ба Ватани биҳиштосояш дучанд гардонида буд. Ӯ мехост чун уқоби баландпарвоз ҳарчӣ тезтар парвозкунон ба Ватан баргардад, донишу малака ва машқу тармимҳои дар давраи таҳсил омӯхтаашро ба ҳамсолону ҷавонаскарон омӯзонад, ба халқу Ватанаи азизаш содиқона хизмат намояд. Наимҷон нахустин афсаре буд, ки аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар рафта, таҳсили ҳарбӣ мекард. Пас аз хатми Академияи мудофиавии миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон Наимҷон ба Ватан баргашт. Ӯ дар вақти таҳсил на фақат малакаю маҳорати таълими ҳарбиро омӯхт, балки забони англисиро низ азхуд карда буд. Ӯро чун донандаи забони англисӣ се сол дар ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, 4 сол дар қисми ҳарбии сулҳпарвар ва ду сол дар Раёсати тайёрии ҷангии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмат гирифта буданд. Дар давраи хизмат аз рутбаи ҳарбии лейтенантӣ то ба рутбаи майорӣ расид. Пас аз варақгардон кардани варақаи шахсиаш фаҳмидам, ки чӣ дар давраи таҳсил ва чӣ дар давраи хизмат барои ҷасорату хизматҳояш 16 медал гирифтааст, ки ин барояш хеле арзиш дорад. 
Соли 2016 ба сабаби вазъи оилавӣ ба зодгоҳаш, ба назди падару модар баргашт. Хизмати ҳарбӣ барояш хотима ёфт, аммо ӯ ноумед нагардида, ба Комиссариати ҳарбии шаҳр рафта, оид ба фаъолияти меҳнатиаш фикру андеша ронд. Комиссари ҳарбӣ дид, ки Наимҷон Ҷалолов барои муассисаҳои таълимӣ ҳамчун роҳбари ҳарбӣ хеле зарур аст, ӯро барои идомаи фаъолият ба Раёсати маорифи шаҳр пешниҳод кард. Наимҷон ин пешниҳодро хуб қабул кард. Бо фармоиши сардори Раёсати маорифи шаҳр Наимҷон роҳбари омодагии ибтидоии дифои ҳарбӣ дар гимназияи №5 таъйин гардид. Наимҷонро ҷомеаи омӯзгории гимназия хуш қабул карданд. Сарвари таълимгоҳ аз ин омӯзгори низомипӯш умеди калон доштанашро баён сохт. Акнун барои Наимҷон кори хеле мушкил, вале пурифтихор-роҳбари омодагии ибтидоии дифои ҳарбӣ ва таълиму тарбияи ҷавонон меистод. 
Дарсҳои роҳбари омодагии ибтидоии дифои ҳарбӣ ҳар рӯз барои хонандагони синфҳои болоӣ ба як дарси маҳорату мардонагӣ табдил меёфт. Майдончаи ҳарбии як вақтҳо холӣ ба майдончаи машқу омӯзиш ва мусобиқаҳо табдил ёфт. Муаллим он қадар хоксору ҳалиму меҳрубон ва дилсӯзи ҷавонон буд, ки ҳамаи машқҳоро ҳамроҳи бачагон баробар иҷро мекард. Бо ҳар як шогирдаш баробар қадам мезад, баробар меафтиду мехест, либосҳояш хок мешуданду худаш хаста мегашт, аммо ба шогирдаш машқи оғознамудаашро то ба охир меомӯзонд. Ҳар як дарси муаллим, чӣ назариявӣ ва чӣ амалӣ, пур аз роҳу усулҳои гуногуни таълимию тарбиявӣ мебошанд. Мехоҳад ба шогирдонаш фаҳмонад, ки хизмат ба Ватан-Модар на фақат қарз, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯсту инсонпарвар, худогоҳу худшинос аст. Имрӯз таҷрибаи пешқадами Наимҷон Ҷалолов дар байни омӯзгорон-роҳбарони омодагии ибтидоии дифоии ҳарбии шаҳр паҳн гардидааст ва таълимгоҳи мо барои омӯзгорони омодагии ибтидоии дифоии ҳарбӣ мактаби таҷрибаи пешқадам ҳисобида мешавад. 

Матлуба ТОҶИБОЕВА, 
омӯзгори гимназияи №5 
ба номи академик Р.Амонов,
шаҳри Истаравшан 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш