Нашрияи Омӯзгор

Ҳам қарзу ҳам шараф

Сана: 2022-02-07        Дида шуд: 125        Шарҳ: 0

Воқеан, то кадом дараҷа  ҳисси ватандӯстиамон ташаккул меёбад, он аз  муҳити оилаву боғчаву минбаъд мактабу маҳалли зистамон алоқаманд аст, дар ин маврид рисолати Артиши миллӣ бузургтар аст, зеро он чун мактаби камолоту тарбияи ҷавони содиқу ватандӯст масъулияти бештарро ба зимма дорад,  маҳз ҳангоми иҷрои хизмат ҷавонон  паҳлу ба паҳлу аз мактаби родмардиву ҷасурӣ сабақи зиндагӣ меомӯзанду меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ҳамаи онҳоро сарҷамъ менамояд.  Имрӯз бисёриҳо, бахусус, насли калонсоламон анъанаҳои хуби гусели ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ ба хотир меоранду афсӯс мехӯранд, ки ин анъана аз байн рафтааст.  Албатта, истифодаву пайравӣ аз  анъанаҳои хуби гузашта ба манфиати кор аст. Дар баробари ин, имрӯз вақте бархе волидон садди роҳи хизмати фарзандон мегарданду  дар ҷомеа мушкилоту нофаҳмиро ба миён меоранд, бешак, чунин рафтор муносибати нодуруст ва падидаи манфӣ барои ҷомеамон маҳсуб меёбад. Агар 15-20 сол қабл, чун дигар соҳаҳо дар мавриди хизмати ҳарбӣ мушкилоту душвориҳо мавҷуд буданд гӯем, шояд асос дошта бошад, зеро фаромӯш насозем, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ аз сифр, қариб ки дар ҷои холӣ ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳамон таъсис ёфт. 
Мо бояд ба масъала ба таври дигар, воқебинона баҳо диҳем. Аввал ин ки, дар ягон давру замон дилхоҳ кишвар бе неруи ҳимоятгар - Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. 
Муҳимтар аз ҳама, мо сол аз сол шоҳиди ба таври ихтиёрӣ ва   муташаккилона ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гаштани  ҷавононамон гашта истодаем, ки чунин муносибати онҳо баҳри иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ва конститутсиониашон шоистаи таҳсин аст.  Ҳамзамон, имрӯз бо як ифтихормандӣ садҳо нафар ҷавон хоҳиши дар сафи Артиши миллӣ хизмат карданро доранд, ба ибораи дигар, касби боифтихори афсарӣ ва шарафи ҳарбиро муқаддас медонанд, ки ин низ падидаи беҳтарин аст.  Албатта, ин гуна чавонон шуури баланди ватандӯстӣ, ҳисси баланди муҳаббат ба Ватани худро доро буда,   ба анъанаҳои гузаштагонамон  ва ормонҳои олии он садоқати зиёд доранд.
Барои насли ҷавонамонро ҳамчун неруи бунёдкору созанда, ватандӯсту ҳомии воқеии марзу бум ба камол расонидан, фикр мекунам, пайваста ба масъалаҳои зерин бояд диққат диҳем;
Якум, волидон  дар оила, дар ниҳоди фарзандон ҳисси нафрату бадбиниро ба рафтору  хислатҳои ношоиста, чун бекорӣ, бадбинӣ, зӯроварӣ парвариш намуда, баръакс, онҳоро аз хурдӣ дар муҳити  муносибатҳои гуманистӣ – шафқату меҳрубонӣ, қатъияту талаботи ягона  парвариш намоянд.  
Дуюм,   садди ба хизмати ҳарбӣ рафтани ҷавонон нагардему ҳар гуна ақидаҳои носолими беасосро миёни ҷавонон дар мавриди хизмати ҳарбӣ паҳн насозем. Мутаассифона, имрӯз бархе волидон ва афроди ҷомеа хизмати ҳарбиро макони пурхатар маънидод намуда, бо ин амал ҷавононро аз хизмати ҳарбӣ дилсард мегардонанд. Баръакс, мебояд дар қалби фарзандон меҳру муҳаббат ба сарзамину диёрро бештар талқин  намоему фарзандонро ба хизмати Ватан роҳнамоӣ ва аз ин ифтихор намоем.
Сеюм, дар тамоми шароиту вазъи ҷомеа рӯҳияи шикастонопазириро миёни сокинон, бахусус, ҷавонон тарғиб бояд намоем.  Воқеан, мардуми тоҷикро  ҳанӯз аз қадим ин хислату фазилатҳояш  аз ҳар мушкилот эмин медошту медорад. 
Чорум, манбаъҳои шинохти Ватан барои миллатамон хеле зиёданд, ки яке аз чунин манбаъҳо ба насли ҷавон фидокориву  корнамоиҳои абармардони олами маънавии гузаштаву муосир, ба мисли Куруши Кабиру Спитамен, Ҷомиву Бедил, Айниву Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемуру Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзодаро бештар омӯзем ва онҳоро ҷиҳати пайравӣ аз ин гуна ашхоси бузург бештар ҳидоят намоем. 
Панҷум, робитаву ҳамкориҳоро бобати сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ боз ҳам таҳким бахшем, дар ин самт, аз ҷумла, ташкили боздиди хонандагони синфҳои болоӣ ва ҷавонони синни даъватшаванда, инчунин, волидони сарбозон аз қисмҳои ҳарбӣ натиҷаҳои хуб медиҳанд.
Шашум, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ, бахусус, насли ҷавон бештар намоем. Имрӯз тавассути шабакаҳои телевизион ва матбуот   барномаву гӯшаҳои алоҳида, чун “Ҳомиёни Ватан”, “Марзбони Ватан”, “Ватанпарвар”  пахшу нашр мегарданд, бояд шумораю сифати чунин барномаву гӯшаҳоро бештару беҳтар намоем. Холисона бояд зикр намуд, ки худи эълон гаштани ҳамин озмун  дар рӯзномаи “Омӯзгор” иқдому тадбири беҳтаринест, бобати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон. Дигар нашрияву  рӯзномаҳо низ бояд дар ин маврид бештар тадбирҳо андешанд.  
 Дар маҷмуъ, вақте мо ҷавони солимақлу бомаърифатро ба воя мерасонем, вай ба қадри сарзамини биҳиштосо мерасаду ҳеҷ гоҳ  фирефтаи  ҳар гуна дасиса намегардад  ва қодир аст, ки аз Ватан дифоъ намояд.    Шахси воқеан ватандӯст хиёнаткор буда наметавонад, ӯ  ҳеҷ гоҳ тарки Ватан намекунад,    маҳз ватандӯсти воқеӣ   аз  Ватан, аз марзу буми он ҳимоя месозад.   

Мавлон ШАРИФОВ,  
барандаи Ҷоизаи
Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рӯзноманигорӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш