Нашрияи Омӯзгор

Калиди дари ганҷи соҳибҳунар

Сана: 2022-02-07        Дида шуд: 134        Шарҳ: 0

Забон ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ ҳамеша дар ҳоли тағйиру таҳаввул ва инкишофу такомул ё инқироз буда, пайваста мафҳумҳои нав ва маълумоти тоза тавассути расонаҳои мухталифи ахборӣ ба он ворид мегарданд, ё доираи истеъмоли калимоти муайни он маҳдуд гардида, ба ҷойи онҳо вожаҳои нав ворид мегарданд. Мувофиқи омори расмии забоншиносӣ, имрӯзҳо инсоният бо бештар аз панҷ ҳазор забон муошират менамояд, ки дар байнашон сесад забон нисбатан серистеъмолтаранд ва бештар аз 96% аҳолии сайёра бо ин забонҳо суҳбат мекунанд. Зиёда аз сад забон чун забони расмиву давлатӣ шинохта  шудааст, ки забони тоҷикӣ низ дар ин миён мавқеи намоён дошта, чун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад.
Масъалаи ҳифзу беолоиш нигоҳдоштани забон, дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, дар миёни миллатҳои зиёде чун проблемаи миллӣ шинохта шудааст. Донишмандони тоҷик низ ин масъаларо ба хубӣ  дарк намуда, ба масъалаи мақоми давлатӣ гирифтани  забони модарӣ таваҷҷуҳ намуданд ва ҳанӯз 22-юми июли соли 1989 бо қарори Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон №15, моддаи 102, Қонуни забон қабул гардид, ки мувофиқи он забони тоҷикӣ чун забони асосии муомилоти давлати Тоҷикистон пазируфта шуд.
Баъдан, 5 октябри соли 2009 таҳрири нави ин қонун бо номи «Дар бораи  забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардид, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Дар қонуни мазкур омада, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад ва ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад. Боиси хурсандист, ки тайи солҳои охир озмунҳои ҷумҳуриявие, ба мисли «Фурӯғи субҳи доноӣ  китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва ғайраҳо бо дастури бевоситаи Пешвои миллат роҳандозӣ гардидааст, ки ин халои маънавиро то ҷое пур мекунад. Вале нодида набояд гирифт, ки иштироккунандагони ин озмунҳо дар муқоиса бо соҳибзабонон ниҳоят каманд ва чораҳои дигаре низ бояд андешид шавад, ки аксари муҳассилини макотиби миёнаву олии кишвар рӯ ба китоб оранд ва бо забони ноби тоҷикӣ ошноии амиқтар пайдо намоянд, ки яке аз муҳимтарин василаҳои таҳкими забон дар шароити кунунӣ ба ҳисоб меравад.
Фотима Боева,
омӯзгори мактаби №15, 
ноҳияи Шаҳринав
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш