Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022 ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода, он Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» номгузорӣ карда шуд. Бо эълони ҳамин паёми хуш ҳусни оғоз ёфт нишасти матбуотӣ дар мактаби олии мазкур. Ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода иброз дошт, ки ин навгонии фараҳбахш аслан иртиботманд бо ғамхорию ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, имконот ва беш аз ин, масъулияти аҳли донишгоҳро боз ҳам меафзояд. Ректор дар оғози соли нави таҳсил (1 сентябри соли 2021) бо ширкати Сарвари давлат мавриди истифода қарор додани 2 бинои нави таълимии баландошёнаву пуршукӯҳро аз мондагортарину фараҳбортарин ҳаводиси соли сипаригашта дар донишгоҳ номид ва иттилоъ дод, ки ин биноҳои нави замонавӣ мусоидат бар он карданд, ки таълимгоҳ иловатан соҳиби 9 лабораторияи таълимӣ, китобхонаи илмию электронии муосир, маҷлисгоҳ барои 600 нафар, 37 синфхона ва 22 дафтари кор гардад ва ҷои нишаст барои донишҷӯён дар дарсхонаҳо 3061 адад зиёд шавад. Дар радифи ҳодисоти манфиатбори соли гузашта дар донишгоҳ рухдода, У.Асрорзода навгониҳои зеринро зикр кард: таъсиси филиалҳои донишгоҳ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ифтитоҳи факултети муштарак миёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия, ба даст овардани розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси кафедраи ҳарбӣ (фаъолияти ин кафедра аз соли таҳсили 2022-2023 шуруъ меёбад). Дар идомаи нишаст ректори донишгоҳ ва масъулини дигари ин мактаби олӣ ба саволҳои сершумори намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки бештар ба масоили сифати таҳсилот, китобу дастурҳои таълимӣ, таҷҳизоти техникӣ, таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, имтиёзҳо ба фаъолону камбизоатон, рушди илму инноватсия, вазъи таълиму тарбия дар филиалҳо, хоҷагидории донишгоҳ… иртибот доштанд, посух гуфтанд. Аз ҷониби рӯзноманигорон, аз ҷумла, таъкид гардид, ки фаъолияти устодони донишгоҳ вобаста ба тарғиби сайёҳиву соҳибкорӣ тавассути ВАО тақвиятталаб аст.
А.Муродӣ, “Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр