Дар нишасти хабарии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ин ниҳод, доктори илми филологӣ Олимҷон Муҳаммадҷонзода доир ба фаъолияти солонаи кумита ба рӯзноманигорон маълумот дод. Номбурда зикр кард, ки дар зерсохторҳои кумита дар соли 2021 62 300 истилоҳ мавриди таҳлил ва мувофиқа қарор гирифта, барои хулосабарорӣ ба идораю муассисаҳои дахлдор пешниҳод гардид. Тӯли ин давра дар кумита номгузории ҳабдаҳ муассисаи таълимӣ ва 46 номи ташкилоту муассиса, як номи майдон ва як номи кӯча аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба муқаррароти Қонуни забон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар умум, ба 65 номгузорӣ, аз ҷумла, ба 17 муассисаи таълимӣ ва 29 номи ташкилоту муассисаҳои дигар хулоса пешниҳод намудааст. О. Муҳаммадҷонзода, ҳамчунин, аф-зуд, ки аз ҷониби мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 57 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, дар ҳаҷми 48 660 сомонӣ ҷарима таъин гардид, ки аз ин 34 860 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст. Роҳбари кумита, оид ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори ҲҶТ «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» дар як қатор вазорату идораҳо, аз ҷумла, дар шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Бохтар, Гулистон, ноҳияҳои Вахшу Қубодиён санҷида шуда, ба масъулон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар сохторҳояшон мавҷуда маълумотнома ва тавсияҳо пешниҳод гардид. - Давоми соли 2021 роҳбарият ва кормандони кумита дар 68 барномаи телевизиониву радиоӣ иштирок ва суханронӣ карда, бештар аз панҷоҳ асару мақоларо дар робита ба масоили забон ба нашр расониданд, - гуфт раиси кумита. – Боиси хушист, ки кумита соҳиби маҷаллаи нав гардид, ки шумораи нахустини он дар рӯзҳои наврӯзӣ бо номи «Забон ва истилоҳот» дастраси аҳли кишвар хоҳад шуд. Хабарнигорон дар қисмати саволу ҷавоб ба масъалаҳои муҳими вобаста ба соҳа посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Ҳотами ҲОМИД, «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр