Ба муносибати ғолиб гардидани омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и ба номи Шоҳҷон Шонаврӯзови шаҳри Хоруғ Хушбахт Азизбеков дар озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими соли 2022» ва соҳиб шудани мураббии литсейи Оғохон Гулрӯ Гулбекова ба ҷои сеюми озмуни «Мураббии соли 2022»-и кишвар, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҳамоиш баргузор гардид. Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ғолибони озмунро бо ин муваффақияти калон табрик намуд. Нулуфар Асламшоева, муовини раиси вилоят оид ба ин дастоварди омӯзгорони вилоят қайд намуд, ки ободии кишвар маҳз аз устоду омӯзгор маншаъ мегирад. Ҷавонони мо имкониятҳои аз ин ҳам бештар доранд. Имрӯз дастрасӣ ба нозукиҳои илму маориф ва омӯхтани таҷрибаи бойи давлатҳои дигари ин соҳа аз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ имконоти зиёдтар даст медиҳад. Омӯзгорони ғолиб Хушбахт Азизбеков ва Гулрӯ Гулбекова дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби раиси вилоят бо Ифтихорнома, мукофоти пулӣ ва молӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҷ.Қозибеков, «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр