Боиси фараҳмандист, ки ҷаласаи 71-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” Қатънома қабул намуд, ки ба ҷонибдории он 193 давлати узви ин созмон раъй доданд.
Дар лоиҳаи Қатъномаи мазкур ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди Соли байналмилалии оби тоза эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудани соли 2013 махсус таъкид гардидааст.
Рушди саноат ва бунёди корхонаҳои азими кишварҳои минтақа мушкилоти экологӣ ва баҳсҳои сиёсиро ба бор овардааст. Аз сӯи дигар, обшавии пиряхҳо ва кам шудани сатҳи оби дарёҳо паёмади ҷиддиро ба амал меорад. Агар қисме аз давлатҳои сайёра гузаштан ба иқтисоди безарарро амри ногузир донанд, барои кишварҳои рушдкардаи саноатӣ бошад, даст кашидан аз манфиатҳои иқтисодӣ талафотест, ки онро бар зарар медонанд. Аммо партовҳои газҳои гулхонаӣ мушкилии марбут ба иқлими сайёраро рӯз аз рӯз мураккабтар месозад.
Доир ба ин масъала дар Қатънома бо нигаронии зиёд таъкид шудааст, ки «хоҷагидории бесамар, таҳияи бемақсад, афзоиши номуайяниҳо ва хатарҳое, ки бар асари тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳо ба амал меоянд, бисёре аз низомҳои экологиро (экосистемаҳоро) зери хатар қарор медиҳад».
Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028”-ро Созмони Милали Муттаҳид, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст, барои дар амал татбиқ гаштани ҳадафҳои худ таҳия ва андешидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмиро пешбинӣ намудааст, ки дар татбиқи онҳо сокинони диёри мо бояд аз худ ташаббусҳои назаррасро анҷом диҳанд.
Барои тадбиқи ин ҳадафҳо дар кишвари мо заминаҳои бузурги объективию субъективӣ мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон 14 ҳазору 509 пирях мавҷуд аст, ки 8 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд. Пиряхҳо манбаи аслии оби Тоҷикистон ва 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба мушкилоти мавҷудаи умумиҷаҳонии норасоии об ҳамеша саъю талош дорад, то дар мушкилоти марбут ба оби ошомидании на танҳо минтақа, балки сайёра низ нақши муҳим дошта бошад.
Тағйирёбии иқлим ва камшавии захираҳои обӣ зарбаи шадид ба дурнамои иқтисоди сабз ва захираҳои ҳангуфти гедроэнергетикӣ мерасонад. Нақши Тоҷикистон барои пешгирӣ аз норасоии обу ҳушдор аз таҳдиди оқибатҳои тағйирёбии иқлим ҷаҳонро водор ба масъулияти бештар дар ростои беҳдошти обу солимии инсоният мекунад. Зеро талоши имрӯза метавонад ҳаёти осоиштаи фардоро барои сокинони минтақа асос гузорад.
Ҳамасола бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ бар аҳамияти оби ширину тоза ва инчунин, ҳифзи манбаҳои оби ошомиданӣ санаи 22-юми март дар сартосари ҷаҳон «Рӯзи байналмилалии об» таҷлил мешавад. Дар ин росто, аён аст, ки рӯз аз рӯз масъалаи об ба яке аз мавзӯъҳои муҳим табдил ёфта, дар минбарҳои баланди байналмилалӣ роҳҳои дурусти истифодаи оқилонаи ин манбаи ҳаёт гуфта мешавад. Раванди рушдёбандаи ҷаҳони муосир гувоҳ аст, ки ояндаи начандон дурарзиши об аз қимати нафту газ ва дигар захираҳои табиӣ гаронтар мешавад. Яъне, имрӯз масъалаи об, бахусус оби ошомиданӣ, ба андозае муҳиму ҳаётӣ шудааст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ бештар ҷалби он шудааст. Барои мисол, танҳо дар Осиёи Марказӣ талабот ба об, бинобар зиёдшавии нуфузи аҳолӣ торафт афзуда истодааст. Тибқи баъзе ҳисобҳо, то соли 2030 истеъмоли об дар Осиёи Марказӣ то 15-20 фоиз аз сатҳи ҳозира зиёд мешавад.
Ҳоло таъмини об беш аз пеш дар Осиёи Марказӣ ба як мушкили минтақавӣ табдил ёфтааст. Ҷойи пӯшида нест, ки дар чунин шароит кишварҳои поёноби минтақа, ки солҳо боз аз истифодаи ғайри муассири об кор гирифтаанд, ин масъаларо бештар ранги сиёсӣ дода, дар муносибат бо кишварҳои болооб аз фишорҳои иқтисодӣ кор мегиранд.
Тайи даҳсолаҳои охир ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон, ки аз муҳимтарин манбаъҳои оби минтақаанд, тақрибан 30 фоиз коҳиш ёфтааст. Пиряхи Федченко яке аз бузургтарин пиряхҳои минтақа наздик ба 1 километр паст шуда, масоҳати умумии майдони он ба андозаи 11 километри мураббаъ поён фаромадааст.
Мутахассисон изҳор медоранд, ки обшавии пиряхҳо паёмадҳои ногувор дошта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешорӯи мушкили баландшавии оби дарёҳо ва омадани сел ба маҳалҳои зисти мардум мегузорад.
Умуман, захираҳои оби ошомиданӣ дар пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил менамоянд.
Умуман, захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон назар ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёдтар буда, дар самти таъмини иҷтимоиёту иқтисодиёт бузургтарин захираҳое ба шумор мераванд, ки барои рушди ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо манфиати иқтисодӣ, балки боиси ҳалли бисёр масъалаҳои сиёсӣ ва байнидавлатӣ низ мегарданд.
Аламшоҳ ПИРОВ ,
номзади илмҳои фалсафа, декани
факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДҚ ба номи Носири Хусрав,
Давлаталӣ АЛИМОВ,
номзади илмҳои таърих, мудири
кафедраи таърихи умумии ДДҚ ба номи Носири Хусрав
Иловакунӣ
Иловакунии фикр