Нашрияи Омӯзгор

Ҷашни Сада дар Хуҷанд

Сана: 2022-02-19        Дида шуд: 86        Шарҳ: 0

10 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни Сада дар шаҳри Хуҷанд иштирок карда, аз намоиш ва фурӯши ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, гулу буттаҳо ва тухмиҳои босифат боздид ба амал оварданд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷашнгоҳ сокинони вилоят бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Гӯшаи аслии намоишгоҳро ба муносибати ҷашни Сада дар шаҳри Хуҷанд ташкили намоиши калони маҳсулоти ҳунармандии хос ба кишту кор ва деҳқониву чорводорӣ, монанди маҳсулоти оҳангарӣ, маҳсулоти деҳқонӣ, бахусус, тухмии зироатҳо, меваҳову полезиҳо ва хушкмеваҳои хоси Тоҷикистон ташкил дод.
Дар намоишгоҳ, ҳамчунин, асал ва маҳсулоти аз асал омодашуда, маҳсулоти нониву қаннодӣ, таомҳои хос ба халқи тоҷик ҷойгир карда шуд. Дар як қисмати ҷашнгоҳ намоиши бошукӯҳи либосу газворҳо ва матоъҳои миллии тоҷикон, аз қабили алоча, беқасаб, атлас, адрас, чит, сатин ва навъҳои дигари ҳунармандӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, бурёбофӣ, сабадбофӣ, армуғонсозӣ ва дигар намуди ҳунарҳо ташкил карда шуд. Умуман, саҳнаи чорабинии идона ба муносибати ҷашни Сада мувофиқи суннатҳои аҷдодӣ оро дода шуда, дар ду гӯшаи он ба таври сунъӣ оташи баланд, ки хос ба ин ҷашни бостонист, афрӯхта шуд. Ҳамаи инро сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллат ташкил намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи шоиста баргузор сохтани ҷашнҳои миллиро, ки тайи солҳои охир дар мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкилкунандагони ин ҷашни бостонӣ ва сокинони вилоят, ки дар тарғиби анъана ва русуми миллӣ ба ифтихори таҷлили Сада саҳмгузорӣ карданд, арзи сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш