Нашрияи Омӯзгор

Судхӯр ва мӯзадӯз

Сана: 2022-02-19        Дида шуд: 90        Шарҳ: 0

Жан де ЛАФОНТЕН

(Фаронса)

Судхӯре ниҳоят бой дар хонаи боҳашамате мезист, ҳар чизе мехост, мехӯрду менӯшид, аммо фоҷиааш ҳамин буд, ки дуруст хоб карда наметавонист: гоҳо дар хаёлаш меомад, ки дуздон ба ӯ ҳамла мекунанд, гоҳо ба сараш фикри муфлисшавӣ мезад, гоҳ-гоҳе рӯзи маҳшарро низ ба ёд меовард. 
Танҳо наздики субҳ хобаш меомад, аммо замзамаи сурудхонии хушнудонаи ҳамсояаш – мӯзадӯзи камбағал ба ин халал мерасонд: аҷаб, ки ин мӯзадӯз шаб то саҳар мӯза медӯхту суруд мехонд ва дамодам бӯса ба рухи ёри меҳрубон мезад, бо вуҷуди он ки дар як кулбаи назарногире дар ҳамсоягии ӯ мезист. 
Судхӯр аз ин ҳол ба танг меомад, чанд бор хоҳиш кард, ки сурудхониашро бас кунад, мӯзадӯз гапашро намегирифт… Дурудароз фикр карда, илоҷи корро гӯиё пайдо кард: мӯзадӯзро ба хонааш даъват карду аз вазъу ҳолаш пурсон шуд: мӯзадӯз шикоят накард, шукр, кораш бисёр, хонумаш зебову озода, дигар чӣ лозим барои як зиндагии одамӣ…
Судхӯр пурсид, ки оё ҳамсояааш мехоҳад, ки бой шавад? Мӯзадӯз: бойигарӣ то ҳол ба ягон кас халал нарасондааст. Судхӯр, ки интизори чунин посух буд, дарҳол ба ҳамсояаш як халта пул дода мегӯяд: «Ту аз аввал ба ман маъқул будӣ, ин пулҳорову бигиру кайфу сафо кун». Мӯзадӯз пулҳоро гирифта, ба хона метозад, баъди андешаи зиёде он халтаро дар таҳхонааш пинҳон мекунад, аммо аз ҳамон лаҳза кайфаш мепарад: ба дарди бехобӣ гирифтор мешавад, ҳама гуна садоҳо боиси ташвишаш мегарданд, гумон мекунад, ки ба кулбааш дузде омадааст ё ягон балои дигаре… 
Хулоса, дигар барои замзамаи суруду хушҳолӣ ва бӯса ба рухи ёри дамсозаш на вақт меёбаду на хоҳиш… 
Охири охирон мӯзадӯз халтаи пулро ба ҳамсояааш баргардонда изҳор мекунад: «Ту бо пулҳоят чи хеле мехоҳӣ, зиндагӣ куну ба ман кордор нашав, хушҳоливу сурудхонии ман аз ин пулҳо дида арзиши зиёдтаре доранд…».    
Хулосаи масал: Сарвате, ки боиси парешонии фикр ва ташвиши рӯҳӣ бошад, сарват не, фоҷиаи рӯзгори одамист. Вақти хуши камбизоате аз сарсонии фикрии ҳар сарватманд ҳазор бор беҳтар аст. Ками беғам насиби озодагону худододагон аст. 

 

Тарҷума ва хулосаи 
Ҳафиз РАҲМОН


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш