Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати миллӣ буда, дар қаламрави он намояндагони дигар миллату нажод низ умр ба сар мебаранд. Барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ақаллиятҳои миллӣ санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла, Эъломия “Дар бораи ҳуқуқҳои шахсоне, ки ба ақаллиятҳои миллӣ ё этникӣ, динӣ ва забонӣ тааллуқ доранд” ва Конвенсияи ҳудудӣ “Дар бораи ҳимояи ақаллиятҳои миллӣ” қабул шудаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба онҳо имзо гузоштааст.
Яке аз паҳлуҳои муҳимми ҳаёти ақаллиятҳои миллӣ, дастрасии онҳо ба таҳсилот мебошад. Бо мақсади таҳлили вазъи дастрасии ақаллиятҳои миллии маскуни Тоҷикистон ба таҳсилоти миёна ва касбӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Иқтисод ва маориф” тадқиқот гузаронда шуд. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум, ба ғайр аз забони давлатӣ – тоҷикӣ, боз мактабҳои дузабона ва сезабона бо 6 забони ақаллиятҳои миллӣ ва ғайр (русӣ, узбекӣ, қирғизӣ, туркӣ, туркменӣ, англисӣ) ҳастанд, аммо теъдоди онҳо зиёд нест. Дар назарсанҷии волидони хонандагон маълум шуд, ки 80% иштирокчиёни назарсанҷӣ зиёд кардани шумораи мактабҳои таълимашон бо забонҳои ақаллиятҳои миллиро муҳим медонанд. Аз 100 нафар иштирокчӣ 51% ҷонибдори онанд, ки мактабҳои таълимашон бо ду забон бештар карда шаванд. Мушкили асосие, ки онҳоро нигарон кардааст, таъмини имконияти идомаи таҳсил, яъне таҳсилоти касбӣ бо забони ақаллиятҳои миллӣ мебошад. Ба ҳамин хотир, 96% зиёд таъмини шароит барои идомаи таҳсилро муҳим арзёбӣ карданд. Бартарии забони муошират дар мактабҳои миёна низ паҳлуи дигари назарсанҷӣ буд. 35% гуфтанд, ки беҳтараш, ба хонандагон – намояндагони ақаллиятҳои миллӣ иҷозат дода нашавад, ки дар муассисаи таълимӣ байни ҳамдигар бо забони модарӣ муошират кунанд, чун ин монеаи омӯзиши осони забони давлатӣ мегардад. 55% ба ин ақида буданд, ки донистани забони тоҷикӣ барои ақаллиятҳои миллӣ муҳимтар аст. Дар ин баробар 69% хостори таъмини шароит барои омӯзиши забони модарӣ ба ақаллиятҳои миллӣ буданд. 77% беҳтар донистанд, ки интихоби забони таълим ва муошират ба худи хонандагон вогузор гардад. Иштирокчиён, инчунин, шароити моддию техникии мактабҳоеро, ки дар онҳо намояндагони ақаллиятҳои миллӣ таҳсил мекунанд, арзёбӣ карданд, ки натиҷа чунин аст: Ба назар гирифтани тафовутҳои фарҳангӣ ҳангоми ташкили ҷараёни таълим ва истироҳат дар мактаб маъно надорад, зеро бачагон – намояндагони фарҳангҳои гуногун аз ҳамдигар фарқ намекунанд. Ба дурустии ин ақида 30% ихтилофи назар ва 21% бетафовутӣ зоҳир карданд, аммо 49% ҷонибдории худро ба ин андеша тасдиқ намуданд. Аз ин посухҳо бармеояд, ки то ҳанӯз миёни аксарият ва ақаллият тафовутҳои фарҳангӣ ҷой доранд ва ин ҷиҳатҳо бояд дар ташкили ҷараёни таълим ба назар гирифта шаванд. 13% аз пурсидашудагон барои бо забони давлатӣ таҳсил кардани бачагон – намояндагони ақаллиятҳои миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ розӣ нестанд, яъне онҳо розиянд, ки аз хизматрасониҳо истифода бурда, бачаҳо бо забони модарияшон таҳсил кунанд. Барои 31%, ки дар ҷавоб оҷизӣ кашиданд, шояд ин масъала бефарқ бошад, аммо барои 56% муҳим ин аст, ки бачаҳо бояд ба забони давлатӣ таҳсил кунанд, барои онҳо хизматрасониҳои таҳсилотӣ пешниҳод кардан муҳим нест. Масъалаи муҳим ва мушкилоти ҷойдошта барои ақаллиятҳои миллӣ имконияти идомаи таҳсил аст. Зеро барои касоне, ки дар мактабҳо бо забони ғайр таҳсил кардаанд, дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ омӯзиш бо забони давлатӣ мушкил аст. Ба саволе, ки фарзандони Шумо, бо забони модариашон таҳсилоти касбӣ мекунанд (ё карданд), 35 нафар аз русҳо, 11 нафар ӯзбек, 2 нафар қирғиз ҷавоби мусбат доданд, вале қисме иброз доштанд, ки фарзандонашон аз ноилоҷӣ бо забони ғайримодарияшон таҳсил мекунанд. Масалан, 35 нафар аз ноилоҷӣ бо забони тоҷикӣ, 9 нафар бо ӯзбекӣ, 1 нафар қирғизӣ мехонанд. Натиҷаи назарсанҷӣ нишон дод, ки намояндагони ақаллиятҳои миллӣ мутаносибан бо шумораашон имконияти бештар доранд. Масалан, азбаски шумораи ӯзбекҳо дар Тоҷикистон нисбат ба дигар миллатҳо зиёд аст, ҳоло дар кишвар мактабҳои таълимашон бо забони узбекӣ, тоҷикӣ-узбекӣ, тоҷикӣ-ӯзбекӣ-туркманӣ (то соли 2016), тоҷикӣ-русӣ-узбекӣ, тоҷикӣ-ӯзбекӣ-қирғизӣ фаъолият доранд. Барои туркманҳо бошад, дар умум, 1 мактаби туркманӣ ва 4 мактаби тоҷикӣ-туркманӣ фаъолият дорад. Омӯзиши ин динамика нишон медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини дастрасии ақаллиятҳои миллӣ ба таҳсил кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Таҳлили дастрасӣ ба таҳсилот барои ақаллиятҳои миллӣ», ки онро Иттиҳодияи ҷамъиятии «Иқтисод ва маориф» амалӣ менамояд, омода шудааст.
Саидаи ФАЗЛ, Нурулло ҒАФУРИЁН
Иловакунӣ
Иловакунии фикр