Нашрияи Омӯзгор

Дарсҳои видеоӣ

Сана: 2022-02-19        Дида шуд: 151        Шарҳ: 0

Дар ҷаҳони муосир фаъолияти инсонҳоро ҳама гуна технологияҳои иттилоотӣ фаро гирифтаанд: компютерҳо, ноутбукҳо, планшетҳо, китобҳои электронӣ ва смартфонҳо. Кӯдакони мо “фарзандон”-и технологияҳои нав мебошанд, васоити коғазӣ барои онҳо ҷолиб нестанд. Муаллим дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунад?
Пеш аз ҳама, ӯ бояд худ мутобиқи воқеияти рӯз амал кунад, дар раванди таълим истифода бурдани технологияҳои рақамӣ ва маҳсулоти онҳоро аз худ намояд.
Мехостам, бо ҳамкасбонам вобаста ба мафҳуми «дарси видеоӣ» сухан бигӯям. Дарсҳои видеоӣ метавонанд ду намуд бошанд:
1. Ҳангоме ки талабагон аз 5 то 15 дақиқа видеои таълимиро тамошо мекунанд, дар он аввал ба онҳо оид ба назария гуфта мешавад (чун қоида, маводи нав, шояд луғати нав оид ба мавзуъ ворид карда мешавад ва ғ.) ва баъд мисолҳо оварда мешаванд. Дар ин видео шумо метавонед вазифаҳои ибтидоиро диҳед, ки ба назорат, азхудкунии маводи дидашуда ва шунидашуда нигаронида шудаанд.
2. Ҳангоми дарс хонандагон наворҳои кӯтоҳмуддатро (порчаҳо аз филмҳои тасвирӣ, филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ, сериалҳои телевизионӣ ва барномаҳои илмию таълимӣ) тамошо мекунанд, ки хусусияти таълимӣ доранд (маводи нав оид ба мавзуъ, васеъ намудани мавод, мустаҳкамкунӣ, такрорӣ). Пас аз тамошои видео шогирдон аксар вақт як қатор вазифаҳои коммуникативиро иҷро мекунанд.
 Як намуди дарси видеоиро алоҳида дида мебинем.
 Агар сухан дар бораи навъи якуми видеодарс равад, пас ин усул кори мустақилонаи муаллимро дар ҳамаи давраҳои тайёрӣ дар бар мегирад. Муаллим бояд барномаи махсус барои сабти видео дошта бошад ва аз он истифода бурда тавонад, инчунин, дар PowerPoint ё барномаи дигаре, ки асоси онро ташкил медиҳад, презентатсияҳоро дуруст тартиб диҳад. Навори видеоӣ, маводи презентатсияи омодашударо тавре садо диҳед, ки қисми назариявӣ барои толибилмон дастрас ва фаҳмо бошад.
Албатта, дар айни замон дар Интернет шумо метавонед дарсҳои видеоии тайёрро дар мавзуъҳои гуногун пайдо кунед, аммо онҳо на ҳамеша ба мавзуи мушаххаси дарс мувофиқат мекунанд. Маводи видеоиро дар марҳалаи муайяни дарс, тибқи зарурат пурра додан мумкин аст ё баръакс, танҳо як қисми ками онро намоиш додан метавон.
 Сарфи назар аз заҳматталабӣ ва вақти зиёд гирифтани тайёр кардани мавод, ин намуди кор дар синф самара медиҳад. Пешниҳоди ҷолиби мавод ба афзоиши азхудкунии мавзуъ мусоидат мекунад. Бо тамошои видеофилмҳо хонандагон дар раванди таълим фаъолтар иштирок мекунанд ва агар онҳо то ҳол вазифаҳои интерактивӣ дошта бошанд, пас раванди дарки иттилооти нав на танҳо дар байни хонандагоне, ки ба ин мавзуъ шавқ доранд, балки дар байни онҳое, ки ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, зиёд мешавад.
Хусусияти дигари фарқку-нандаи ин усул дар он аст, ки хонандагон дар сурати дар дарс иштирок накарданашон ин маводро мустақилона кор карда мебароянд. Ба муаллим ва хонанда лозим нест, ки барои аз худ кардани мавзуи гузашташуда вақти муносиб ҷустуҷӯ кунанд, хонанда метавонад мустақилона мавзуъро дар замон ва маконе, ки ба ӯ мувофиқ аст, тамошо кунад ва дар сурати пайдо шудани мушкилот ё саволҳо, онҳоро бо муаллим муҳокима кунад. Инчунин, ин маводро ҳама хонандагони ҳавасманд метавонанд дар хона дубора дида, мавзуи дарсро амиқтар аз худ кунанд ва мустаҳкам намоянд. Дарси видеоӣ метавонад ҳамчун маводи ҷолиби иловагии ёрирасон ба хонандагон дар раванди таълим хизмат намояд. Бо афзоиши навовариҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, мактаббачагон метавонанд ҳатто бо телефонҳои мобилии худ ин корро анҷом диҳанд, на танҳо аз компютер, ноутбук ва планшетҳо.
 Ҳангоми истифода бурдани дарси видеоии навъи дуюм ба муаллим танҳо лозим аст, ки порчаҳои видеоиро интихоб кунад, ки ба мазмуни дарс ва маводи омӯхташавандаи хонандагон мувофиқ бошанд. Баъд муаллим машқҳо ва супоришҳоро, ки хонандагон пеш, ҳангоми ва баъди тамошои порчаи видеоӣ иҷро мекунанд, интихоб ё таҳия мекунад.
Машқҳо метавонанд инфиродӣ буда, дараҷаҳои гуногуни му-раккабӣ дошта, хусусиятҳои инфиродӣ ва тафриқавии омӯзишро таъмин кунад. Машқҳои гурӯҳӣ, ки ба рушди малакаҳои иҷтимоӣ дар байни ҳамсолон мусоидат мекунанд ва ба кор бо тамоми синф ё гурӯҳ нигаронида шудаанд, хонандагонро водор мекунад, ки фаъолтар дар дарс иштирок кунанд.
 Дар шароити муосир омили баланд бардоштани сифати таълиму омӯзиш бунёд намудани муҳити инноватсионӣ мебошад. Ҷорӣ намудани дарсҳои видеоӣ тақозои замон буда, сабабҳои зиёде дорад: масалан, вазъи бади саломатӣ, дар масофаи хеле дур ҷой гирифтани муассисаи таълимӣ, эълон гардидани карантин ё ягон офати табиӣ ва ғайра. Ҳамзамон, хонандагон мунтазам ба муассисаи таълимӣ мераванд, аммо баъзеи онҳо натиҷаи зарурии таълимро ба даст намеоранд, дар таҳсил ақиб мемонанд, майлу рағбатро ба ин ё он фан нишон намедиҳанд ва ба монанди ин рӯйдодҳои манфӣ дар раванди таълим бо хонандагон рух медиҳад.
 Аз ҳамин сабаб таҳия ва истифодаи дарсҳои видеоӣ метавонад яке аз роҳҳои пешгирӣ ва ҳалли ин мушкилот гардад.
 Бо сар задани пандемияи COVID зарурати таҳияи дарсҳои телевизионӣ дар тамоми ҷаҳон ба миён омад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ЮНИСЕФ дархост кард, ки ба онҳо дар таҳия намудани барномае, ки метавонад дар шароити хона истифода бурда шавад, мусоидат намояд, то ки идомаи таҳсили кӯдакон дар чунин вазъият таъмин гардад. Бо дастгирии техникӣ ва молиявии ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо Вазорати маориф ва илм омода намудани дарсҳои телевизиониро оғоз намуд.
 Дарсҳои сабтшуда (аз 10 то 20 дақиқа) аз фанҳои гуногуни таълимӣ буда, дар он мавзуи асосӣ, принсипҳо ва назарияҳои илмиро бо истифода аз ҳикояҳо, забони фаҳмо (аз ҷумла, забони имову ишора) ва фаъолиятҳои амалӣ, бо такя ба супоришҳои иловагӣ, бо усулҳои беҳтарини омӯзиши фосилавӣ кушода медиҳанд. Дарсҳо дар асоси стандарт, барномаи фаннӣ ва китобҳои дарсии амалкунанда тарҳрезӣ шудаанд. 
 Ба ҳамагон маълум аст, ки дар шароити Тоҷикистон, ки офатҳои табиӣ зуд-зуд ба амал меоянд, метавонад ба фаъолияти мактаб бо маҳдуд намудани дастрасии хонандагон ба омӯзиш дар синфхона таъсир расонад. Ё ин ки бо дигар сабабҳо: дурии роҳи хона аз муассисаи таълимӣ , бемории тӯлонӣ, ҳолатҳои фавқулода, ҳангоме ки мактабҳо барои таълимгирандагон дастрас нестанд, дарсҳои видеоӣ метавонанд хеле хуб мусоидат намоянд.
Инчунин, дарсҳои мазкур барои таълим ва омӯзиши интерактивӣ дар синф бо истифода аз технологияву аёниятҳо кумак менамоянд... 
Ҳамин тариқ, сарфи назар аз он ки дарси видеоӣ танҳо як пораи дарс аст дар ҷараёни он хонанда ин ё он маълумотро тавассути васоити рақамӣ қабул мекунад, дарк кардани онро меомӯзад ва дар амал ба таври кофӣ татбиқ мекунад. 
Наргис ЗИЁЕВА, 
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики  мактаби
байналмилалии Президентӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш