Нашрияи Омӯзгор

Боз ҳам дар бораи сифат

Сана: 2022-02-19        Дида шуд: 131        Шарҳ: 0

Тағйироту тараққиёти босуръати ҷомеаи муосир ва ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддунҳо моро водор месозад, ки ҳарчи бештар ба рушди самтҳои гуногуни кишварамон, бахусус, ба соҳаи маориф ба таври ҷиддӣ машғул шавем, то ин ки дар қатори давлатҳои мутараққӣ ҷой гирему дар баробари ин аз асолати миллию фарҳангии хеш ҳимоя намоем. 
Нишондоду суханрониҳо, таъ-кидҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21 декабри соли 2021 ироа гардид, моро водор месозад, то дар самти баландбардории сатҳи дониш ва сифати таҳсилот чораҳои муҳим андешем.
Имрӯз дар ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоту сохторҳои гуногуни давлатию ғайридавлатӣ бо барномаю нақшаҳои мухталифи хурду бузург фаъолият доранд. 
Таҳлилу тадқиқот дар самти рушди инсон муайян намудааст, ки натиҷаи таҳсил дар зинаҳои аввали таҳсилот, ибтидо аз синфу гурӯҳҳои омодагӣ ба таҳсилоти умумӣ то давраи хатми ҳар се зинаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаёти инсон мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Маҳз дар ҳамин зинаҳо лаёқату истеъдоди инсон дар омӯзишу дарки ин ё он фанни таълимӣ (дар маҷмуъ, тамоми самтҳои ҳаёти инсон) муайян гардидаву рушд меёбад. 
Мусаллам аст, ки муассисаи таълимии муосир гуногунсамту мураккаб аст. Он ҳамеша дар рушду тағйирот аст. Ҳар тағйиру такмилу ислоҳоте, ки дар низоми муассиса ворид мегардад, онро бояд аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа бою замонавӣ гардонид. Мо мекӯшем дар бораи он низоме андеша бикунем, ки принсипи баҳодиҳии дохилимуассисавиро такмилу танзим диҳад, яъне таъсироти субъективӣ (таъсири хоҳиш, писанду нописандӣ, ҳолати равонии омӯзгор, хусумату дӯстдорӣ, тамаллуқу беэътиноӣ) ба он кам гардад. Низоми баҳодиҳии дохилимуассисавиеро ҷорӣ намоем, ки дар он ҳадди «саводу» «бесаводии» ҳар як хонанда, кӯшишу заҳмати ӯ бо далелҳои дақиқ муайян шавад. Низоме, ки ҳар хонанда аз рӯйи лаёқату истеъдод, кӯшишу ғайрат, сатҳи одобу ахлоқ мавқеи муайяни худро дошта бошад. Аввал мо бояд дар бораи мафҳумҳои «саводу» «бесаводӣ», «сатҳи дониш», «сифати таълим» ва «сифати таҳсилот» маълумоти равшане пайдо кунем, ки ҳангоми баррасии масъала ба ихтилофу номутобиқатӣ, духӯрамаъноию нофаҳмӣ дучор нагардем.
Маънои «сифати таълим» дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳамчун «тарзи ташкили дуруст ва самараноки раванди таълим, ки дар натиҷаи он шахс соҳиби таҳсилот мегардад» маънидод шудааст. Яъне, сифати таълим ташкили дуруст ва самараноки амалҳои раванде аст, ки аз он шахс соҳиби маълумот мешавад. Ба шакли аз ин ҳам содатар гӯем, сифати таълим ин низоми (системаи) ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ (бинои муассисаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, таҷҳизоти таълим, технологияи истифодашаванда ва тарзи ба роҳ мондани раванди таълим) аст, ки хонанда, донишҷӯ ба воситаи онҳо соҳиби маълумот мегардад. 
«Сифати таҳсилот» низ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳамчун «маҷмуи нишондиҳандаҳои стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи давлатӣ» муайян карда шудааст. Ба маҷмуи стандартҳои давлатии таҳсилот «маҷмуи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту муҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунанд». Яъне меъёри мазмуни таҳсилот, моҳияту муҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълим ва сатҳи азхудкунию мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимро давлат муайян менамояд. Инчунин, баҳогузорӣ ба сатҳи дониш меъёри давлатӣ дорад. Дар айни замон, ҳамин меъёрҳо дар аксарияти муассисаҳои таълимӣ аз тарафи омӯзгорон, устодон ва дигар иштирокчиёни раванди таълим таъмин карда намешаванд. Таъмин нагардидани ин меъёрҳо аз тарафи муассисаҳои таълимӣ сабабҳои гуногун дорад ва мо танҳо ба як ҷиҳати он, ба «баҳогузории сатҳи дониши хонандагон» диққат хоҳем дод. 
Тибқи низоми имрӯзаи баҳодиҳӣ, омӯзгор ҳангоми гузаронидани машғулияти навбатӣ (мафҳуми «дарс»-ро ба «машғулият» барои он иваз менамоем, ки «дарс» маънои маҳдуди чизе омӯзониданро ифода менамояд, «машғулият» бошад, барои ифодаи намудҳои гуногуни амалҳои омӯзгор дар синфу кабинети технологияи иттилоотӣ, озмоишгоҳи физика ва химия, майдони варзишию майдони таҷрибавӣ мутобиқ аст) дар асоси пурсидани машғулияти гузашта ба хонанда баҳо гузошта мешавад. Ҳангоми пурсиш аз усулҳои гуногун (варақаҳо, иҷрои амали математикӣ ва ғайраҳо) истифода мешавад. Ин низоме аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (умуман, низоми таълим) маъмул аст. Инчунин, тибқи барномаи таълим (аз рӯйи ҳар фан) дар соли таҳсил аз 6 то 15 санҷиш дар шакли хаттию тестӣ гузаронида мешавад ва аз натиҷаи он дар дафтари синф (журнали синф) баҳои муайян гузошта мешавад. Ҳамин баҳо ҳангоми ҷавоб додани мавзуъҳо дар машғулиятҳо дар охири ҳар чоряк натиҷаи омӯзиши хонанда ё баҳо ба сатҳи дониши хонанда мегардад. Дар охири соли таҳсил бошад, барои як зинаи таҳсилот ё хатми ҳар синф аз ду фанни таълим имтиҳон таъин карда шудааст. Аз натиҷаи чорякҳою баҳои имтиҳон баҳои солона гузошта мешавад. Ҳангоми хатми ҳар синф имтиҳони гузариш ва ҳангоми хатми зинаи таҳсилоти умумии асосӣ ва зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ хонандагон имтиҳонҳои давлатӣ месупоранд.
Ин тарзи муайян намудани дониш, малака, лаёқат ва кӯшишу ғайрати хонандагон аз замони Шӯравӣ маъмулу машҳур буда, дар тамоми зинаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷорӣ аст. Аз рӯйи ҳамин низом мо ба дониши хонандагон баҳо медиҳем, сатҳи дониши онҳоро муайян менамоем ва ба онҳо ҳуҷҷати намунаи давлатии хатми муассисаи таҳсилоти умумӣ медиҳем. Ба андешаи инҷониб, ин низом дигар талаботи замони муосирро таъмин карда наметавонад, зеро он дар дохили синф вобаста ба таъсири як нафар-омӯзгор аст. Омӯзгор дар асоси ҷавоби хонанда, вобаста ба хоҳиши худаш баҳо медиҳад. Баҳои омӯзгор аз ҳусни таваҷҷуҳи ӯ ба хонанда (симпатия) ва ҳолати рӯҳияш низ вобаста мебошад, зеро агар омӯзгор болидарӯҳии ӯ ба атрофиён таъсир мерасонад. 
Маълум, ки ҳеҷ гоҳ дар як синф тамоми хонандагон барномаи таълимро дар як сатҳ пурра аз худ карда наметавонанд. Илми равоншиносӣ муайян кардааст, ки хонандагон ба самтҳои гуногуни омӯзиш ва фанни таълим муносибати гуногун доранд. Агар ба яке фанҳои табиатшиносӣ писанд бошад, ба дигаре фанҳои математикӣ ё филологӣ ва ба савумӣ санъату меҳнат ё варзиш. Ин ҳолат талаботи равонии инсон буда, имкон дорад, вобаста ба гузашти рӯзҳо тағйир ёбад. Омӯзгорон бояд ин ҳолатро ба эътибор гиранд. Бинобар ин, хонанда имкон надорад, ки ҳамаи барномаҳои таълимро пурра дар як сатҳ аз худ намояд ва омӯзгорони муҳтарами мо онҳоро барои дар як сатҳ аз худ намудан маҷбур созанд. 
Бо мақсади ягона намудани тарзи санҷиш, боэътимод будани натиҷаи онҳо маводи ягонаи санҷишӣ зарур аст. Маводи ягонаи санҷишӣ дар асоси талаботи барномаҳои таълим таҳия ва аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад ва барои истифодаи умум тавсия мешавад. Дар амал бошад, чи тавре ки имрӯз дар низоми маорифи мо вуҷуд дораду ҳар лаҳза бо он рӯ ба рӯ мешавем, духӯрагию натиҷаҳои гуногуни санҷишҳо ҳосил мегардад. Як сохтори соҳаи маориф натиҷаи санҷишу омӯзиши сохтори дигарро ба эътибор нагирифта, онро рад менамояд. Дар баробари ин, натиҷаи фаъолиятамон на такмили низоми маорифу беҳгардонии барномаю нақшаҳои таълим ва сифати китобҳои дарсӣ, балки баҳсҳои беҳудаи «басаводу» «бесаводӣ» мегардад.
Маводи ягонаи санҷишӣ чӣ гуна бояд бошад? Дар айни замон дар муассисаҳои таълимӣ низоми санҷиши сатҳи дониши хонандагон аз рӯи як мавзуъ (ҷавоби хонанда дар ҳаҷми як ё якчанд ҷумла аз рӯйи машғулияти гузашта ё иҷрои амалҳои математикӣ, физикӣ ё кимиёӣ аз машғулияти гузашта) сурат мегирад. Дар охири соли таҳсил бо ҷавоб додан ба ду саволи билет ё ҳалли мисолҳои имтиҳонӣ аз фанҳои гуногуне, ки аз рӯйи он имтиҳон таъин шудааст, хонанда ба синфи дигар мегузарад. Дар асл ҳамаи омӯзгорони муҳтарами мо медонанд, ки машғулияту имтиҳонҳо чӣ гуна сурат мегиранду хонандагон дар кадом сатҳ ба саволҳо ҷавоб медиҳанд. Ҳар як омӯзгор медонад, ки барномаҳои таълим, ки меъёри давлатӣ маҳсуб меёбанд, дар кадом сатҳ иҷро мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки шакли мукаммали маводи муайян намудани сатҳи дониши хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад. Ин мавод дар асоси барномаҳои таҳсилоти умумӣ барои ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҳия гардидаанд. 
Дар асоси ин таҷрибаҳо пешниҳод мегардад, ки маводи ягонаи санҷишӣ дар асоси барномаҳои таълим барои ҳар як фан, барои ҳар як чоряк таҳия карда шавад. Ин мавод тамоми мавзуъҳоеро, ки дар барномаи фаннии муайян дар синфи муайян омӯзонида мешавад, бояд фаро гирад. Мавод бояд ягона ва санҷидашудаву аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида бошад. Дар асоси он аз хонандагон дар анҷоми ҳар чоряк ва анҷоми соли таҳсил санҷиш гирифта шавад, сатҳи дониши хонанда муайян карда шуда, масъалаи аз синф ба синф гузаронидани вай ҳаллу фасл гардад. Дар айни замон бояд дар заминаи ҳамин барнома ва китобҳои дарсӣ маводи ягонаи санҷишӣ таҳия намоем ва минбаъд барои такмили онҳо чораҳо амалӣ созем. 
 Барои ин низомро ҷорӣ намудан бояд якчанд масъаларо мавриди омӯзиш қарор диҳем. 
1. Маводи санҷишӣ, барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ мунтазам такмил дода шаванд. Мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ вобаста ба талаботи замони муосир ва кашфиёту навгониҳои бавуҷудомада таҳриру такмил дода шаванд. Мавзуъҳо барои дарки хонандагон равшану дақиқ ва мукаммал гардонида шаванд. Мазмун ва шакли онҳо барои таҳияи саволномаҳо ва ҷавоби мукаммал таҷдид шаванд. Барномаҳо низ муайяну равшан ва мутобиқ ба китобҳои дарсӣ таҳияву тасдиқ шаванд. Таҷҳизоте, ки дар машғулиятҳо истифода мешавад, ифодагари мавзуъҳои барномаи таълим бошанд. Дар ҳамин ҳолат метавон маводи ягонаи санҷишӣ барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳия ёбанд, ки дар асоси он санҷиши сатҳи дониш гузаронида шавад ва дар заминаи он такмили барномаву нақшаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, таҷҳизоти муассисаҳои таълим, усулҳои таълим ва такмили тахассуси омӯзгорон чораҷӯйӣ ва тадбирҳо амалӣ гардад. 
2. Дар самти таҷҳизонидан ва истифодаи технологияи иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои зиёде қабул карда шудаанд, вале амалишавии ин барномаҳо дар муассисаҳои таълимӣ дар зинаҳои гуногун қарор дорад. Мусаллам аст, ки тибқи талабот истифода намудани технологияи иттилоотӣ барои ислоҳоти соҳаи маорифи ҷумҳурӣ зарур аст. Дар мавриди истифодаи маводи ягонаи санҷишӣ дар муассисаҳои таълимӣ зарурияти истифодаи технологияи иттилоотӣ ҳатмӣ мегардад. Дар баробари ташкил намудани шабакаи ягона дар муассиса, таъмини ҳар як синф бо компютер, инчунин, пайвасти он бо хати интернет, таъмини барқи доимӣ зарур аст. 
3. Вобаста ба истифодаи маводи ягонаи санҷишӣ зарурати тағйири низоми додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии хатми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба вуҷуд меояд. Дар айни замон, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (моддаи 23) ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда муассисаи таҳсилоти умумӣ баъди хатми зинаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ба хонандагон ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (аттестати хатм) медиҳад. Хонандагон баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои давлатӣ сазовори ҳуҷҷати хатм мегарданд. Ин ҳуҷҷат имкон медиҳад, ки хатмкарда таҳсилашро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ идома диҳад. Дар баробари ин, ҳуҷҷати хатми муассисаи таҳсилоти умумӣ далели он аст, ки соҳиби он барномаи таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти миёнаи умумиро ба сатҳи баҳои дар он гузошташуда аз худ кардааст. Вале санҷишҳои минбаъдаи сатҳи дониши соҳибони аттестат нишон медиҳанд, ки то 70% баҳои гузошта ба воқеият мутобиқат намекунад. Яъне баҳои аттестатҳо ифодакунандаи сатҳи дониши воқеии хонандагон нест. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар ин самт нишон медиҳад, ки ҳар соле то 50% хатмкунандагон санҷишҳои (имтиҳонҳои) воқеии хатмро супорида наметавонанд. Хонандае, ки имкони супоридани имтиҳонҳои хатмро надорад, метавонад солҳои минбаъда низ кӯшиши супоридани онҳоро кунад. Ин ҳолат ҳодисаи маъмулӣ буда, натиҷаи он ба фоидаи хонанда ва ҷомеа мебошад. Зеро ҳуҷҷатҳои бадастовардаи онҳо ифодагари сатҳи дониши хатмкардагон мебошад. Ин шакли санҷишҳоро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истифода намудан аз фоида холӣ нест. 
4. Бояд санҷишҳое, ки тибқи нақша ва илова ба нақшаҳо, дар асоси зарурат ташкилоту шахсони алоҳида, падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ мегузаронанд, танҳо дар мувофиқа бо роҳбари муассиса ва шуъбаю раёсатҳои маориф бо истифодаи маводи санҷишӣ гузаронида шавад. Аслан зарурияти пай дар пай санҷидану аз амали асосӣ дур кардани омӯзгорон вуҷуд надорад. Тамоми санҷишҳои назоратии беруна бояд аз тарафи мутахассисон, тибқи мавзуи муайян сурат гирад.
5.Иштироки омӯзгорон дар таҳия ва истифодаи маводи ягонаи саҷишӣ боиси илова гаштан ба донишу малакаи онҳо мегардад. Ба воситаи ин мавод метавонанд омӯзгорони фаннӣ дараҷаи омодагии худро барои кор бо хонандагон санҷанд.
6. Ба истисно аз он ки мо хонандагонро барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии дохили ҷумҳурӣ тайёр намоем, бояд сатҳи дохилшавиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар низ омӯзем. Яъне барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо барномаи таълимии давлатҳои пешрафта наздик бошанд. Инчунин, низоми тарзи муайян намудани сатҳи дониши хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бояд ба низоми муайян намудани сатҳи дониши хонандагони хориҷи кишвар наздик бошад.
Дар маҷмуъ, мақсад аз пешниҳоди афкори зикргардида таҷдиду такмили низоми баҳодиҳӣ ба дониши хонандагону донишҷӯён ва дар ниҳоят рушди низоми маорифи Тоҷикистон аст. Аз омӯзгорону устодон хоҳиш мекунем, ки вобаста ба пешниҳодҳои зикршуда андешаҳои худро барои танзими сохтори мактабдории мо ва ислоҳоти он ба нашрияи “Омӯзгор” ирсол доранд. 

Роҳат МИРЗОЕВ, 
сармутахассиси Агентии 
назорат дар соҳаи маориф 
ва илми назди Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш