Нашрияи Омӯзгор

Муқовимат бо терроризм - қарзи ҳамагон

Сана: 2022-02-19        Дида шуд: 125        Шарҳ: 0

Бузургтарин ва мақбултарин сарвати маънавие, ки инсоният ҳамеша дар талоши он аст ва онро орзу мекунаду мепарастад, аз будану аз пойдории он ифтихор мекунад, осоиштагист, яъне ҳаёти тинҷу ором ва орӣ аз ҳама гуна мухолифат. Аз ин ҷост, ки куҳансолони рӯзгордидаву гарму сарди зиндагӣ санҷида ва низ аҳли хирад, дар ҳар мавриди мувофиқ кафи дуо боло бардошта, самимона мегӯянд: - Илоҳо, мамлакат обод ва ҳаёти мардум тинҷу осуда бошад! 

Волотарин таманност ин. Таърих гувоҳ аст, ки инсоният ҳар чи ҷабру ҷафое дар дарозои замонҳо дидааст, пайомади халалдор гаштани мароми зиндагӣ, коҳиш ёфтани тинҷиву осоиштагӣ будааст.
Бисёр чеҳраҳои манфури таърих, аз қабили Искандару Темуру Чингизу Пиночету Гитлер барои он нафратзадаи халқ шудаанд, ки бо тохтутозу ғоратгарию кушторҳои бераҳмона осоиштагии мардумро аз байн бурдаву харобазорҳову бедодгариҳо ба вуҷуд овардаанд. Боиси афсӯс аст, ки душманони ғаддори бани башар дар ҳама марҳилаҳои таърих арзи ҳастӣ доранд ва ҳеҷ аз тахрибкорию зулму асорату даҳшатафканӣ даст намекашанд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслакашон ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд. Донистан намехоҳанд, ки “чоҳканро чоҳ дар пеш аст”, “бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад” ва “оқибат бадхоҳро по дар гил аст”. Андарзи дерину барҳақест:
Ҳар ки бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
Ва низ:
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.
Мутаассифона, ҷомеаи муосири моро низ дасти манфури ифротгароён – душманони осоиштагии мардум раҳо накарда. Мо, ҳамагон, дар ҳар чанд рӯз мефаҳмему огаҳӣ меёбем, ки дар ин ё он кишваре амалҳҳои террористӣ бо истифода аз моддаҳои тарканда, силоҳҳои оташфишон ва васоити дигари ҷонситон ба амал омадаанд. Тахрибкорони бемурувват ва кинавару худкома месӯзанд, мешикананд, ғорату таҷовуз мекунанд, даҳшат байни мардум меафкананд. Гурӯҳҳое, ки дар аксар манотиқи дунё бо ин гуна амалиёти барои кулли инсоният зарарбору пурфоҷеа машғуланд ва дар даставу созмону ташкилотҳои гуногуни махуф ба ҳам омадаанд, террористон номида мешаванду терроризмро дар гӯшаву канори олам равнақ мебахшанд. Рухдодҳои нангину фоҷеафарҷоми солҳои охир дар ақсои ҷаҳон аз мавҷудият ва гузашта аз ин, аз пайваста неру гирифтану вусъат пайдо кардани терроризму экстремизм дарак медиҳанд. Танҳо як мисол: рӯзҳои 21-22 апрели соли 2019 дар якчанд шаҳри кишвари Шри Ланка – дар се калисо ва чор меҳмонхона таркишҳо ба амал омаданд, ки кори дастаҳои террористӣ буданд. Аз нуҳ таркиши рухдода ду таркиши аз ҷониби террористони худкуш анҷом дода шудааст. Бо созмон ёфтани ба ном ДИИШ (Давлати Исломии Ироқу Шом) дар соли 2014 терроризми ҷаҳонӣ боз ҳам вусъат ёфт ва хавфноктар шуд. Имрӯз кишварҳое чун Сурия, Ироқ, Ливия, Яман, Миср, Афғонистон, Алҷазоир... аз фаъолияти доманадору ваҳшиёнаи террористон пайваста ранҷ мебаранд.
 Давлатҳои тамаддунпарвару сулҳхоҳи ҷаҳон ва кулли неруҳои солими башардӯст ягона роҳи пурсамари мубориза бо терроризмро дар амали якҷояву муташаккилона дидаанд. Бо ин ҳадаф солҳои охир дар мамолики гуногуни дунё борҳо ҳамоишу машваратҳо ба вуқӯъ пайвастанд ва созишномаҳои ҳамкорӣ барои муқовимати аҳлона бо терроризму экстремизм ба имзо расиданд.
Тоҷикистони соҳибистиқлолу башардӯст ва тамаддунпарвари мо дар сафи пеши муборизон барои таъмини осоиштагии ҳамагонӣ қарор дорад. Дар ҷумҳурии мо терроризму террористон қотеъона маҳкум карда мешаванд ва бо ин ҳадаф асноди зиёди бунёдӣ таҳияву қабул шудааст. Аз ин лиҳоз метавон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо экстремизм” ва «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро далел овард. Қонунҳои мазкур тинати манфур ва ҳадафҳои пурзиёни террористону эктремистонро ошкор ва амалиёти онҳоро сахт маҳкум мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи худ террористонро душмани башарият хонда, мубориза бар зидди онҳоро вазифаи ҷонии ҳар як шахси баору номус ва ватандӯст донистаанд. Зимни аксар суханрониҳо ва Паёмҳои худ Сарвари кишвар ҳамагонро аз идомаи амалиёти террористӣ дар арсаи ҷаҳон ҳушдор дода, даъват мекунанд, ки бар зидди ифротгароён ҳамеша бояд ҳушёру бедор буд, зеро табиати манҳуси онҳо чунон аст, ки ҳаргиз аз ҳеҷ гуна хиёнату разолат ва тороҷу ғорат даст намекашанд, ҳамеша ташнаи ниқор ва таҷовузанд. “Террорист ватан, миллат ва ирқу нажод надорад, ӯ душмани ғаддору золиму бефарҳанги башарият аст”, - ин қазовати барҳақи Пешвои миллат тинату нияти нопоки террористонро ба таври дақиқу муассир муаррифӣ ба ҳамагон мекунад. Тоҷикон бо амри қисмат дар давраҳои гуногуни таърих ба тори ҷабру ҷафои ифротгароёну тахрибкорону ҷудоихоҳон, ки ҳама иртибот бо террористон доранд, печидаву азият кашидаанд ва ба маҳрумиятҳои дилхарошу ҷонгудоз дучор омадаанд. Аз ин рӯ, ҳисси танаффури ин халқи азиятдида нисбат ба террористон ва гурӯҳҳои террористӣ бағоят бузургу неруманд аст. Тоҷикон тавассути ҳамоишу конфронсҳо ва воситаҳои ахбори омма ифротгароёни оламро шадидан маҳкум мекунанд ва ҷонибдори тантанаи ҳаёти осоишта дар саросари оламанд. Умуман, бояд гуфт, ки шинохти терроризму экстремизм тақозои ҷиддии замон, амри бағоят зарурист, зеро бехабарию ноогоҳӣ аз ин доғҳои ҷомеа ва таҳдидҳои муҳлик ба аҳли дунё зиндагии осоиштаро дар ҳама гӯшаву канори олам халалдору пурхатар мекунад. Террористону экстремистон дар таркиби ҳар халқу давлат дар ин ё он сатҳ мавҷуданду амал мекунанд, пайти мувофиқ барои пиёдасозии аъмоли нопоку зишташон мепоянд ва гузашта аз ин, байни ҳам робитаи пинҳонӣ доранд, ҳатто, аз ҷониби бархе аз қудратҳои низоъталабу ҷангҷӯи ҷаҳонӣ ва хадамоти махсуси иттилоотии баъзе кишварҳои ҳангомаҷӯю тафриқаандоз дастгирии молию пулӣ ва сиёсию мафкуравӣ дармеёбанд. Боз як махсусияти омоли террористон дар он аст, ки мекӯшанд, то бештар ҷавононро ба доми худ бикашанд ва онҳоро барои амалисозии ниятҳои нопокашон истифода баранд. Аз ҷониби дигар, маъмулан ҷавонон ҳанӯз таҷрибаи кофӣ надоранду баъзан ба калавишҳо роҳ медиҳанд. Террористон, ҳамчунин, аз бовару эътимодҳои динии мардум сӯиистифода мекунанд ва динро беимононаву манфурона ҳамчун силоҳ истифода мебаранд, аз ҷумла, дини мубини исломро, ки табиатан мухолифи ифротгароисту муъминро бародари муъмин мехонад.
Мо, аҳли маориф, ҳамчун қишри фарҳангиву пешсафи ҷомеа бояд дар мубориза ба рағми терроризм ҳар чи бештар фаъолу кӯшо бошем ва шогирдонамонро аз ҳадафҳои терроризму амалиёти террористон огоҳ созем ва онҳоро ба ҳушёрии ҳамешагӣ ва танаффур ба ҳама гуна зишткорону каҷравон даъват намоем. Ончунонки Пешвои миллат таъкид менамоянд, ҳамбастагию ваҳдату якдиливу ватандӯстии мо зарбаи шадиду ҳалокатоварест ба терроризм ва террористон.


Зубайда Шарифова,
директори  мактаб-интернати №3-и
шаҳри Душанбе 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш