Нашрияи Омӯзгор

Артиши миллӣ – ҳомии осоиши мардум

Сана: 2022-02-19        Дида шуд: 148        Шарҳ: 0

Аз таъсиси Артиши Миллӣ 29 сол пур мешавад. Дар тӯли ин солҳо афсарону сарбозони қувваҳои Мусаллаҳи кашвари соҳибистиқлоламон аз имтиҳони  мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузаштанд. Онҳо барои ҳимояи дастовардҳои даврони Истиқлолият ва ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ хизмати содиқона карда истодаанд. 
Имрӯз афсарону сарбозонии далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳама он  амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузоранд, омодаанд.
Вақте ки ба таърихи гузашта назар меафканем, мебинем, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси Аритиши миллӣ афсарони мо бо дарки баланди худшиносию хештаншиносӣ новобаста аз сардию паст будани шароити иқтисодию иҷтимоии кишвар бо гурӯҳҳои ҷиноятӣ  ҷангида, дар танзими сохтори конститутсионӣ саҳм  гузоштаанд. 
Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоӣ ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ дар ҳама сохторҳои қудратӣ дида мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвор муқовимат карда, роҳи пурпечутоберо тай намуданд.
Мақсади асосии давраи аввали таъсиси Артиши миллӣ ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин мақсад баталионҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ буд.
Давраи дуюм, ташкили сохторҳои гуногуни штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ оғоз гардид. Дар ин давра ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки тавонанд мутобиқи тағйирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа амал намоянд, созмон ёфтанд.
Давраи сеюми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ пас аз имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид. 
Таърихи каҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад.
Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад. Имрӯз Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад, ҷавонони бонангу бономус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд. 
Акнун бо боварии комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистон он Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Он ба найрангҳои сиёсатхоҳону авбошон гирифтор нахоҳад шуд, аҳлу заковат ва хиради азалии миллати тоҷик ҳамеша дастболо аст ва доимо сулҳу амониро тараннум хоҳад кард.

Фирӯз АРАБЗОДА,
мутахассиси раёсати таълими 
Академияи идоракунии
давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш