Нашрияи Омӯзгор

Тахфиф ё арзон?

Сана: 2022-02-24        Дида шуд: 104        Шарҳ: 0

Вақтҳои охир як навъ «ҳуҷум» ба калимаҳои маъмулу ба ҳамагон дастрасу фаҳмо дар забони гуфториву навиштории забони тоҷикӣ оғоз ёфтааст. Ногуфта намонад, ки дар ин кор на танҳо тоҷирон, балки баъзе «донишмандон»-у вазифадорҳо низ «саҳм» мегузоранд. 
Замоне ки забони тоҷикиро арабҳо мехостанд буғӣ кунанду олимон маҷбур шуда буданд, асарҳои худро бо забони истилогар таълиф намоянд, Абуалӣ ибни Сино бо ҷидду ҷаҳд кӯшидааст, ки дар «Донишнома» ба ҷойи истилоҳоти арабӣ вожаҳои сирф тоҷикиро истифода бикунад. Масалан, ба ҷойи мусаллас аз вожаи секунҷа, ба ҷойи мураббаъ аз чоркунҷа кор гирифтааст. Пас имрӯзҳо чӣ заруратест, ки ба ҷойи калимаҳои мустаъмалу роиҷ ва ҳамафаҳм калимаҳои бемавқеъ ё сирф арабиро корбаст бикунем. Магар вожаи «бепул» фаҳмо нест, ки ба ҷойи он «ройгон»-ро истифода кардаанд? Вожаи «фармон» дигару «фармоиш» дигар аст. Ва ё хандаовар аст, ки мактабро дар гуфтугӯ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ гӯӣ. Чунин намунаҳоро фаровон овардан мумкин аст. Ҳоло мехоҳем, оид ба калимаи «тахфиф», ки имрӯзҳо дар пештоқи дуконҳо ва мағозаю фурудгоҳҳо насб шудааст ва дар матбуот роиҷ гаштан дорад, чанд мулоҳизаи хешро бо овардани далелҳо аз фарҳангҳо баён созам. Дар «Мунтахаб-ул-луғот» вожаи «тахфиф» чунин шарҳ дода шудааст: «Тахфиф - сабук кардан» (саҳ. 119) Дар робита ба ин калимаи «хафиф»-ро чунин шарҳ бастааст: «Хафиф» - сабук; ва номи баҳрест аз баҳри арӯз» (саҳ. 189). 
Устод Садриддин Айнӣ дар «Куллиёт (ҷ. 12, Душанбе, “Ирфон”, 1976) «Тахфиф»- ро чунин шарҳ додааст: «Тахфиф - сабуккунӣ, сабукӣ» (саҳ. 387); «Хафиф» - сабук» (Саҳ. 432). 
Ғуломҳусейн Садрии Афтор, Насрин Ҳакамӣ дар «Фарҳанги форсии имрӯз» (Теҳрон, 1375) ба вожаи «тахфиф» чунин тафсирро муносиб донистаанд: «тахфиф - тахфифҳо, тахфифот; коҳиш; а) коҳиш дар баҳои коло ҳангоми дарёфти пули он аз харидор. б) (ҳақиқӣ) дар маҷозати муҷрим 2 миқдор коста шуда» фурӯшанда 10 тумсан коҳиш дод; коҳиш додан; костан; кам кардан, тахфиф гирифтан; касеро арзонтар аз баҳои пешниҳоди фурӯшанда аз ӯ харидан» (саҳ. 327). 
Мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (М, 1969) ба вожаи тахфиф чунин шарҳ бастаанд: «Тахфиф»- сабук кардан, кам кардан, арзоншуда» (саҳ. 335).
Муҳаммад Муин дар “Фарҳанги форсӣ” (Теҳрон, 1375) вожаи «Тахфиф»-ро чунин шарҳ додааст: «Тахфиф 1- сабук кардан, сабукбор сохтан; 2 - костан; 3 - кам кардан қимати чизеро; 4 - таскин додан, ором кардан; 5 - сабукӣ кардан; 6 - ҳазфи ҳуруфи як калима барои кӯтоҳ кардани он (мухаффафот) ; 7 - коҳиш; 8 - коҳиши қимат; 9 - оромиш, таскин, ҷамъ: тахфифот; тахфиф додан -1- сабук кардан, сабукбор сохтан; 2 - костан; 3 - кам кардани қиммати чизеро ; 4 - таскин додан, ором додан; тахфиф кардан - сабук кардан, сабукбор сохтан; 2 – костан ( ҷ. 1, саҳ. 1050)». 
Дар фарҳанги мазкур вожаи «арзон», ки муродифи тахфиф мебошад, чунин маънидод шудааст: «арзон, он чи ки арзанда бошад ба баҳои вақт; чизе, ки ба қимат меарзад; арзишдор; 2 - камбаҳо; рахис, муқобил бо гарон»; арзонхарид - чизе ба қимати арзон харида; колое, ки бо баҳои кам харида бошанд; астари хос; арзон харидан, чизеро ба баҳои муносиб харидан, колоеро ба баҳои кам харидан, астари хос» (саҳ. 198). 
Дар «Фарҳанги форсии Амид» вожаи «тахфиф» чунин маънидод гардидааст: «Сабук кардан, костан, мухтасар сохтани калима бо кам кардани яке аз ҳуруф ё ҳазфи ташдид барои суҳулати талаффуз, ё зарурати шеър, мисли гоҳ - гаҳ, кулоҳ - кулаҳ, агар ва он (саҳ. 306). 
Калимаи «арзон»-ро ба таври зайл маънидод кардааст: «Сабук кардани чизе, ки ба қиматаш биарзад, камбаҳо, зидди гарон» (саҳ. 104); арзонӣ доштан - зидди гаронӣ, ҳангоми арзон будан ва низ ба маънои ато ва бахшиш; ба маънои бахшидан, ато кардани чизе ба касе ва низ арзонӣ ба маънои дар ху ва шоиста ва мустаҳиқ ва фақиру дарвеш ҳам гуфта шуда, аразиён - ҷамъ (саҳ. 104). 
Мураттибони “Луғоти калима ва истилоҳоти нав” (Ғ. Ҷӯраев, С. Фатҳуллоев, Душанбе: “Ирфон”, 2003) бар калимаи тахфиф чунин шарҳи муносиб додаанд: «тахфиф - кам кардани баҳои чизе, костан аз қимати мол, фурӯшандаҳои бозор нархҳои молҳояшонро 4-5 фоиз тахфиф додаанд» (саҳ. 150).
Барои муқоиса баъзе фарҳангҳои дузабона (форсӣ) русӣ ва тоҷикиро мебинем, ки «тахфиф»-ро ба русӣ ва тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума кардаанд. Дар «Фарҳанги форсӣ ба русӣ», ки зери таҳрири Ю.А. Рубинчик нашр шудааст (ҷ. 1, М. , 1985) «тахфиф» ба таври зайл тарҷума шудааст: «тахфиф – 1. Уменшение, снижение, скидка, снижение цены» (ҷ. 1, саҳ. 357).
Мураттибони «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (Душанбе, 2006) «тахфиф»-ро ин тавр тарҷума кардаанд: «тахфиф - 1. Облечении, смиялчение; 2. Уменниение, снижение, скидка; тахфифи тиҷоратӣ – тарговая скидка; тахфиф кардан: а) облегчить; снижать, дискантировать» (саҳ. 592). 
Калимаи «арзон» дар луғати мазкур ба русӣ чунин шарҳ ва тарҷума шудааст: «арзон 1. дневый, недарогой, низкий (о ценах); 2. денево, недарого; - будан – станть недарого; - кардан – удешевлять, понижат в цене; уцеливать; - фурӯхтан – передать дёшево; недарого; - харидан – купить дешево, по дешевой цене; - шудан- дешевать, подать в ценный …» «арзонбаҳо» - дешевиы, недорогой, малоценный» (саҳ. 44). 
Мутолиаи фарҳангҳо собит месозад, ки тахфиф ба маънои арзон ва арзоншуда меояд. Вақте ки муодили тоҷикии «тахфиф» дар забони тоҷикӣ мавҷуд буда, ба ҳамагон дастрасу фаҳмост, чӣ заруратест, ки мо вожаи ба мардумамон нофаҳморо истифода барем?!

Дилбар НУРИДДИНОВА, 
омӯзгори мактаби №16, 
ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш