Нашрияи Омӯзгор

Донишманде бо ҳофизаи қавӣ

Сана: 2022-02-25        Дида шуд: 118        Шарҳ: 0

Ҳавову ҳаваси зебоипарастӣ ва шинохти одамият аз манзараҳои нотакрори зодгоҳаш-деҳаи гулбасари Кабкрези мавзеи Вашгирди қадим (ҳоло ноҳияи Файзобод) дар дилаш хона гузошта буд. 
Арсаи амали Ҷамолиддин Саидзода чунин бозтоб дорад: коргари заводи “Тоҷикгидроагрегат”, донишҷӯи шуъбаи шабонаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (1975-1981), омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи рақами 63-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт (1977-2009) ва минбаъд ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишкадаи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи Рӯдакиро дарбар мегирад. 
Ӯ дар бисёр конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат ва бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво суханронӣ намудааст. Дар бархӯрдҳои маънавии ҷомеа бетарафӣ ишғол накарда, баҳри боло бурдани ҳувияти миллӣ, бозёфтҳои тозаи илмӣ, афзудани неруи зеҳнӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҷараёнҳои мазҳабиву ифротгаро ва ғайра аз тариқи садову симо ва матбуоти давр саривақтӣ посух мегӯяд. Мавсуф на ин ки дар ҳошияи адабиёти классик ва муосири форсу тоҷик, инчунин, доир ба адабиёти Эрону Афғонистон, Ҳинду Покистон ва Қафқоз силсиламақолаҳои арзишманд таълиф намуда, аз тарафи донишмандон баҳои сазовор дарёфтааст. Соҳибназарон ба нигоштаву асарҳои ӯ дар ҳошияи эҷодиёти устодони каломи бадеъ Рӯдакиву Фирдавсӣ, Мавлавию Носири Хусрав, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Фиғонӣ, Калиму Соиб, Назирию Урфӣ, Шавкату Зуҳурӣ, Толиби Омулию Носиралии Сарҳиндӣ, Бедилу Нозими Ҳиротӣ, Қудсиву Ғазолии Машҳадӣ, Қоониву Гиромӣ, Аҳмади Донишу Айнӣ, Лоҳутиву Иқбол, Турсунзодаву Раҳимӣ ва монанди инҳо таҳқиқоти сара анҷом дода, мақбули мутахассисони соҳа гаштаанд. То кунун бештар аз 400 мақолаву тақриз марбут ба нақду адабиётшиносӣ ва омӯзишу парвариш, илова бар ин, 80 мақола барои “Донишномаи Рӯдакӣ” иншо намудааст. 
Асарҳои Ҷ. Саидзода “Сувари хаёл дар шеъри Рӯдакӣ”, “Дар силсилаи Фиғонӣ”, “Нақши Рӯдакӣ дар шеъри замони Сомониён”, “Фирдавсӣ кист ва “Шоҳнома” чист?”, “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”, “Таълими сабкҳои адабӣ дар мактаб”, “Раҳнамои омӯзгори адабиёт”... каломи тозаву дилписанд гуфтани муаллифашро тасдиқ менамоянд. Заҳмати шаборӯзӣ ва мисли шамъ ҳамвора сӯхтанҳо бо андешаи миллату Меҳан ӯро дар миёни олимони соҳаи педагогика, ҳамчунин, устодону сарварони маориф садрнишин гардондааст. Ба иддаои Файзулло Шарифзода, академики Академияи таҳсилоти педагогӣ, “фарқу бартарии бозёфтҳои илмии Саидзода ва сабки пажӯҳиши ӯ аз дигарон ин аст: забони ноб, таҳлили бодалел ва исботи ақидаҳои шахсии илмӣ, пешниҳодҳои асосноку арзишманд.” 
Барои ӯ дар арсаи илму адабиёт хомӯшиву хотирбинӣ бегона аст. Барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ як шахси фидоист, аз ҳеҷ гуна хароҷоти вақту сармоя ва ҳатто аз даст додани саломатӣ дареғ намехӯрад. Дар кулбаи хоксоронаи ӯ муқаддасоти дигаре мавҷуд буда наметавонад ҷуз китоб! 
 Ҳар ҳарфу каломашро дар мавриди зарурӣ бо шеъри баланд зинат бахшида, оид ба паҳлуҳои гуногуни ногуфтаи рӯзгори шуарои пешин далелҳои қотеъ меорад.
 Ба қалами Ҷамолиддин Саидзода рисолаву асарҳои “Ахлоқ ва муошират аз назари Соиб” (2000), “Мо ва Носири Хисрав”, “Ёде аз Дӯстмуроди Алӣ” (2004), “Нақши хаёл ва ороишоти ҳунарӣ дар шеъри Мавлоно” (2007, бо ҳаммуаллиф), “Ҷалолиддини Балхии Румӣ” (2008), “Бозор Собир-тасвиргари моҳир” “Сабки сухани Мавлоно” (2009), “Сувари хаёл дар шеъри Рӯдакӣ”, “Дар силсилаи Фиғонӣ”, “Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!” (2010), Нақши Рӯдакӣ дар шеъри замони Сомониён”, “Фирдавсӣ кист ва “Шоҳнома” чист?”, “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”, “Таълими сабкҳои адабӣ дар мактаб”, “Наврӯз рӯзгори нишот асту эманӣ” (бо ҳаммуаллифӣ), “Раҳнамои омӯзгори адабиёт” (иборат аз се китоб-2011), “Рӯ ба ҳинд...”, “Сабки ҳиндӣ гарчи сабки тоза буд” (2012) ва даҳҳо китоби чопнашуда мутааллиқанд. 
 Боре ҳангоми як мубоҳиса адабиётшиносе аз равияи яке аз шоирони дӯстдори ӯ Соиби Табрезӣ лофи доноӣ мезанад. Ҷамолиддин, ки дар мавзуи “Ақидаҳои педагогии Соиб” (соли 1999) рисолаи номзадӣ дифоъ карда буд, гуна-гуна далел меорад, вале гӯши суханношинос қабул намедорад. Соҳиби ҳофизаи нодир пеши чанд тан сари эҳсос бо вай гарав бастанӣ шуда, паиҳам ба шеъргӯӣ мепардозад. Мусоҳиб чанд байт гуфта, то поёни баҳс нарасида, толорро тарк мекунад.
 Ба ақидаи Таваралӣ Зиёзода, доктори илмҳои педагогӣ, “Фидоӣ будани Ҷамолиддин Саидзода дар он ҳам ифода меёбад, ки ӯ дар ҷодаи таҳқиқот ва навоварӣ дар илми филология, ба вижа, танқиди адабӣ, таътил надорад ва беист дар такопӯю таҳқиқ ва баёни он чи ки дастоварди илмӣ ном дорад, қарор гирифтааст. Ӯ ягон ҳарфу сухани худро дар бораи ягон асари бадеӣ ва ё илмӣ беҳудаю беасос баён намесозад. Дар бораи ҳар асар, олим, самтҳои мухталифи адабиёт, танқиди адабӣ то ба ҳамаи сарчашмаҳо шинос нашавад ва онҳоро бо ҳам мавриди муқоиса қарор надиҳад ва аз онҳо хулоса набарорад, андешаи худро иброз намедорад.” 
 Фақат дар даҳ соли замони истиқлолият Ҷ. Саидзода баробари пажӯҳиши эҷодиёти классикони адабиёти тоҷику форс ва адабиёти муосир ва иншои таълифоти пурмазмун, яке аз мавзуоти муҳимму мушкилтарини адабиёти классикӣ-сабки “ҳиндӣ”-ро мавриди омӯзиш қарор додааст. Бад-ин васила собит намуд, ки ин сабки шеъри тоҷикию форсӣ на дар Ҳиндустон, балки дар Эрону Хуросону Мовароуннаҳр ба вуҷуд омада, аз решаи аслии шеъри форсии тоҷикӣ рӯидааст. 
 Нуктаи баҳсбарангез ин аст, ки иддае аз муҳаққиқон Ҷалолиддини Балхиро дидаву дониста ба мулки Рум нисбат дода, барои тасдиқи фикрашон дар навишторҳо тамғаи чопӣ задаанд. Як зумра омӯзгорони мактаби миёнаи рақами 63-юми пойтахт пешниҳод карда буданд, ки ба нақшаи таълими синфи 1Х мавзуи Ҷалолиддини Балхӣ ворид карда шавад. Дар ниҳояти кор, Ҷалолиддини Балхӣ ба барномаи фанни адабиёт ворид карда шуд.
Донишманди якрӯву ҳақгӯ ва инсони комил Ҷамолиддин Саидзода 70-умин баҳори умрашро пешвоз гирифт. Бо ин муносибат ӯро шодбош мегӯем ва барояш тансиҳативу рӯзгори осуда ва комгориҳои тозаи эҷодӣ орзумандем.

 С. Абдуллозода,
 рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш