Нашрияи Омӯзгор

Саҳве дар таълими зарфи макон

Сана: 2022-02-25        Дида шуд: 212        Шарҳ: 0

Ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, ки собиқаи 40-солаи корӣ дорам, мехоҳам андешаҳоямро дар бораи таълими зарфи макон дар синфи 7 баён намоям. 
Дар барномаи таълимӣ ба мавзуи “Зарф ҳамчун ҳиссаи нутқ” 18 соат ҷудо шудааст, ки як соати он ба таълими зарфи макон рост меояд. Таълими мавзуи зикршударо аз машқи 1, ки дар саҳифаи 48 (Забони тоҷикӣ, С.Аминов, с.2008) оварда шудааст, оғоз менамоям. Дар машқи 1 чор ҷумла аст, ки дар ин ҷумлаҳо зарфи макон дуруст ишора шудааст. Зарфи макон дар китоби дарсӣ чунин таъриф дода шудааст: “Зарфи макон ҷой ва макони воқеъ шудани амалу ҳолатро фаҳмонида, ба саволҳои куҷо? дар куҷо? ба куҷо? ҷавоб мешавад. Зарфи макон аз ҳисоби дигар ҳиссаҳои нутқ исм - (пеш, ақиб, қафо, дарун, берун, боло, поён), сифат - (дуртар, наздиктар), таркибҳои ҷонишинӣ - (ин ҷо, он ҷо, ин сӯ, он сӯ, он тараф), аз такрори исм - (ҷо-чо, дарун-дарун) ва зарфҳо ташкил ёфтаанд. Зарфҳои макон одатан дар паҳлуи феъл омада, ба он тобеъ мешаванд: Соҳиби хона Асоро болотар шинонд (Ҷ.И). Дар роҳ аробаҳо ин сӯ-он сӯ мегаштанд (С.У).
Дар саҳифаи 363-и китоби “Забони адабии ҳозираи тоҷик” (қ.1, с.1982) доир ба зарфи макон чунин маълумот дода шудааст: “Зарфи макон ҷой ва сӯйи воқеъ шудани амалро мефаҳмонад ва ба саволи куҷо?, дар  куҷо?, ба куҷо?, аз куҷо? ҷавоб мешавад. Миқдори зарфҳои макон хеле кам буда, аз ҳисоби исм афзуда истодааст. Мавҷҳои сабзашро танҳо харсангҳое, ки ҷо-ҷо аз камари кӯҳ барҷаста истода буданд, халал мерасониданд (С.Айнӣ, Куллиёт).
Мақсади овардани ин иқтибосҳо он аст, ки дар ҳарду китоб ҳам таърифи зарфи макон ва саволҳояш якхела аст. Фақат дар китоби дарсӣ калимаи “макон” бемаврид истифода шудааст.
Оид ба мавзуи “Хусусиятҳои сарфии зарф” дар саҳифаи 36-и китоби дарсӣ чунин мавҷуд аст: “Зарфҳо дорои хусусиятҳои махсусанд, ки асоситаринашон инҳоянд: 1.Бандаки изофӣ қабул накарда, дар алоқаи ҳамроҳӣ меоянд. 2.Асосан ба феълҳо вобаста мешаванд. 3.Шакли ҷамъ надоранд. 4.Бо пешоянду пасоянд намеоянд. 5.Дараҷаи одию қиёсӣ ва олӣ доранд.
Дар китоби “Забони адабии ҳозираи тоҷик” оид ба “Аломатҳои сарфии зарф” чунин омадааст:  “Аломатҳои морфологии зарф он қадар зиёд нестанд. Хусусиятҳои асосии зарф ин аст, ки вай тағйир намеёбад (Хусусияти тағйирнопазирии зарф танҳо дар ифодаи дараҷаи қиёсӣ мушоҳида мешавад, ки он ҳам на ба ҳамаи зарфҳо мансуб аст.... танҳо дараҷаи муқоисавӣ дорад)” (с.356).
   Чунонки муқоиса кардем, дар китоби дарсӣ дараҷаҳои одию олӣ низ номбар шудааст, ки хилофи гуфтаҳои зикршуда мебошад. Инчунин, дар ҷумлаҳое, ки дар машқи 2-и китоби дарсӣ (саҳифаи 48-49) оварда шудааст, зарфҳои макон бо пешояндҳои дар, ба, аз омадаанд, ки ба қоидаи додашуда ҷавобгӯй нестанд ва хилофи аломатҳои сарфии зарф мебошанд: Ман аввалин бор бо Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ дар ҳамин ҷо шинос шудам, нағмаи дутор ва овози дилнавози ӯро дар ин ҷо шунидам (С.А.).
Ман ҳамчун омӯзгори собиқадор чунин мешуморам, ки агар зарфҳои замону макон танҳо ба саволҳои кай?, куҷо? ҷавоб шуда, бе пешоянду пасоянд ифода ёбанд, он гоҳ ба талаботи зарфи макону замон ва аломатҳои сарфии зарф ҷавобгӯй мегарданд. Бинобар ин, ба ҳамкасбони худ муроҷиат мекунам, ки  вақти таълими мавзуъҳои “Зарфи макон”, “Зарфи замон” ва “Аломатҳои сарфии зарф” ба ин муқоисаҳо таваҷҷуҳ намуда, ба ихтилофи назар роҳ надиҳанд.
Умарқул РАҲИМҶОНОВ,
омӯзгори МТМУ №12, ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш