Барои инсон шаъну шараф ва обрӯю эҳтиром аз волотарин арзишҳоянд. Ҳар шахси баору номус пайваста мекӯшад, ки номи нек дошта бошад ва дар ҷомеа ҷойгоҳи шоиста дарёбад, аз аъмоли бад даст бикашад, канораҷӯӣ бикунад. Ниёгони ҳикматпарварамон фармудаанд: Одамият чист? Худро дур аз шар доштан, Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан. Ҷои таассуф аст, ки гоҳо гурӯҳе аз афрод, махсусан, ашхоси масъул аз хираду ақли солим қатъи назар карда, ба кирдорҳои ношоиставу пурзиён даст мезананд ва ба ин тариқа фаъолияташонро доғдору шаъну шарафашонро коста мекунанд. Яке аз аъмоли зишту манфур, ки мутаассифона, дар ҷомеаи мо густариш ёфтаасту боиси коҳиш ёфтани муҳити маънавӣ ва беобрӯю нафратзада гардидани гурӯҳе аз ашхоси тамаъҷӯву сустирода мешавад, ришвадеҳию ришваситонист, ки маъмулан бо мафҳуми коррупсия ифода меёбад. Коррупсия амали сахт номатлубу хавфбор ва зиёноварест, ки ба касодии моддию маънавӣ боис мегардад ва ҳеҷ иртиботе бо рушди ҷомеа ва ҳаёти солим надорад. Дар саросари олам афроди солимақлу тамаддунпарвар, созмону ташкилотҳои хайрхоҳу башардӯст ва роҳбарони соҳибхиради сатҳи баланд коррупсияро ҳамчун падидаи пурзиёну хатарзо ва коҳишгари шаъну шарафи халқҳову кишварҳо сахт маҳкум мекуананд ва ҳамагонро ба мубориза алайҳи ин амали бегона ба маънавияти башарӣ даъват менамоянд. Аз ҷониби неруҳои солими ҷомеа коррупсия ба гунаи бемории маънавии пурхавф, барҳамдеҳи арзишҳои муқаддас ва поймолсози хиради воло тавсиф бахшида шудааст. Коррупсия монеаи ҷиддист дар ҷодаи рушду тараққиёт ва тамаддуну пешрафт. Бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ барои мубориза бар зидди коррупсия пайваста мубориза ҷидду ҷаҳд мекунанд. Аз ҷумла, дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба коҳишбахшӣ ба коррупсия ва рафъи тадриҷии он тадбирҳои ҷиддӣ андешида шудаанд. Ин ниҳоди олитарини ҷаҳони муосир соли 2003 бар зидди коррупсия Конвенсия қабул намуд, ки зери он беш аз сад давлати дунё имзо гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати давлати озоду комилҳуқуқ ва соҳибистиқлол соли 2006 Конвенсияи СММ зидди коррупсияро эътироф намуд ва бо ин васила ба муборизаи умумиҷаҳонӣ ба рағми коррупсия расман бипайваст. Умуман, дар ҷумҳурии адолатпарвари мо зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коррупсия қотеъона маҳкум карда мешавад ва аҳли ҷомеа даъват шудаанд, ки бар зидди ин падидаи зишту номатлуб муборизаи доимиву оштинопазир дошта бошанд. Дар кишварамон барои рақобат бо коррупсия, пеш аз ҳама, як силсила асноди бунёдӣ таҳия ва қабул шудаанд, ки дар ин миён се санади зерин муҳиммияти бештар доранд: «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» Ҳамчунин, бо ҳадафи ҳар чи бештар қувват бахшидан ба мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон соли 2007 бо ибтикори Сарвари кишвар ниҳоди расмии махсус – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд, ки инак, 15 сол боз фаъолияти босамар дорад. Илова бар ин, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шӯроҳои миллии муқовимат бо коррупсия дар вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия амал менамоянд. Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия тақозо дорад, ки баҳри коҳиш бахшидан ба ин амали ношоиста ва нанговар як қатор тадбирҳо бояд амалӣ карда шаванд. Аз ҷумла, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва иҷрои босамару саривақтии онҳо, таҳкими маърифати ҳуқуқии кормандони масъул ва кулли шаҳрвандон, таъмини ширкати доираи васеи аҳолӣ дар тадбирҳои вобаста ба муқовимат бо коррупсия, корбурди технологияҳои инноватсионӣ дар ҷараёни мубориза бо коррупсия, омодасозии мутахассисони соҳоти зиддикоррупсионӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, давра ба давра баланд бардоштани музди маоши кормандони хизмати давлатӣ ва амсоли онҳо. Чунонки дар стратегия зикр шудааст, дар муқовимат ба коррупсия воситаҳои ахбори омма нақши хеле муассир ва чашмгир доранд. Рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар ва радиову телевизион барои пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ ва фош кардани тамаъҷӯёну ришвахорон корҳои зиёдеро сомон мебахшанд. Махсусан, нашри силсилаи мақолаҳои хусусияти тарбиявию таъкидгар дошта дар пешгирии ҷинояткориҳои ҳамбаста бо коррупсия дорои аҳамияти махсус мебошад. Омили дигари вусъатбахшу неруафзои муқовимат ба коррупсия ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳар чи бештар тақвият бахшидани онҳост. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд: «Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошанд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем». Воқеан ҳам, муқовимат бо коррупсия вазифаи ҷониву виҷдонии ҳамагонист. Махсусан, мо, омӯзгорон, ҳамчун гурӯҳи фаъол ва маърифатоини ҷомеа дар ин кор бояд пешрав, таъкидгари оқибатҳои фоҷеабори омезиш ба ҳаводиси коррупсионӣ ва тарғибгари зиндагии шоиставу аъмоли наку бошем ва ҳамагонро даъват намоем, ки шарафи хешро ҳамешаву ҳама ҷо ҳифз бикунанд, зеро ба таъкиди аҳли хирад, «Ҳар он кас ки шараф дорад, кабир аст». Зубайда Шарифова, директори мактаб-интернати №3-и шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр