Нашрияи Омӯзгор

Даст ба дасти ҳам ниҳем!

Сана: 2022-02-26        Дида шуд: 99        Шарҳ: 0

Дар муассисаи таълимӣ раванди фаъолиятҳои таълимӣ ва тарбиявӣ яке дигареро пурра мекунад. Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ  (ин вазифаро дар муассисаи  таълимӣ ҳамин тавр меноманд)    чунин вазифа ва уҳдадориҳоро иҷро мекунад: барномарезӣ    ва иҷрои  корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ  бо хонандагон; ба танзим даровардани кору фаъолиятҳои ашхосе, ки ба тарбия нигаронида шудааст, аз ҷумла,     роҳбарони синфҳо, созмонҳои талабагӣ ва дигар кормандоне,   ки фаъолияташон ба корҳои тарбиявӣ рабт дорад; нишон додани ташаббус  ва ширкати фаъол     дар коркард ва танзими ҳуҷҷатҳои методӣ;   дар тӯли соли хониш беш аз сад соат дар дарсҳои беруназсинфӣ,  чорабиниҳои беруназмактабӣ, маҳфилҳо, гурӯҳҳои рӯзашон бардавом ва ғайра ширкат менамояд, шакл ва мазмуни онҳоро   ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дода, онро ба таваҷҷуҳи маъмурияти таълимгоҳ ва омӯзгорон мерасонад; созмондиҳии корҳои маърифатӣ бо волидон;  падару  модарон ва дигар ашхоси   ивазкунандаро дар масоили хубтар ба роҳ мондани раванди тарбия мепазирад; кумак  расонидан  ба омӯзгорон дар масоили азхудкунии барномаи технологии   тарбияи инноватсионӣ ва технологӣ;   ҳамроҳ бо ҳамтои хеш доир ба умури таълимӣ-тарбиявӣ ҷадвали машғулиятҳоро дар гурӯҳҳои рӯзашон бардавом ва дигар шаклҳои  фаъолиятҳои маданӣ-фароғатиро ба тартиб медароранд.
  Вазифаҳое, ки ба дӯши муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ  гузошта шудааст, хеле зиёд буда, ин ҷо ду чорабинии муҳиммеро, ки дар муассисаи таълимӣ бо ширкати фаъоли вай мегузарад, хотиррасон намоем.  Якум, ширкати муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар омодагӣ ва гузаронидани аттестатсияи кормандони педагогӣ ва дигар кормандони муассисаи таълимӣ нақши калидӣ дорад. Дувум, саъйю талоши вай дар ғанӣ гардонидани китобхонаи муассисаи таълимӣ бо адабиёти бадеӣ,  таълимӣ-методӣ,  бо маҷаллаву рӯзномаҳои соҳавӣ ва  раванди обуна муҳим арзёбӣ мегардад.
Табиист, ки  на ҳамеша   муҳити иртиботӣ,   тарбияи хонаводагӣ   ба раванди мутобиқшавии наврасон ба ҷомеа мусоидат менамояд. Танҳо мактаб қодир аст бо он неруи тарбиявие, ки дорад, дар соҳиб шудан ва таъйини шахсияти кӯдак кумак расонад. Гузашта аз ин, кӯдак дар раванди зиндагии худ натанҳо аз назари ҷисмӣ, зеҳнӣ ва ғайра, балки аз назари иҷтимоӣ ва равонӣ низ рушд мекунад. Илова бар ин, ҳамаи анвои рушди ӯ дар амалҳои иҷтимоии вай на танҳо бо ҷомеаи атроф дар синни мактабӣ, балки ҳамчунин, бо ҷомеа ба унвони як шахсияти кулл замоне ки   ба як шоҳроҳи бузург ворид мешавад, ошкор мегардад.  Кайфияти ин амалҳои дуҷониба, албатта, натиҷаи омӯзиш ва ширкат дар мактаб    аст. 
Мо ҳамеша дар кору фаъолиятамон, ки ба тарбияи насли давронсозу ояндасозони Ватани соҳибистиқлоламон нигаронида шудааст,  аз осори  адибону педагогҳои машҳури ватанӣ истифода мекунем.
Дар муассисаҳои таълимӣ  омӯзгори  фанни таълимӣ низ муваззаф аст, ки  чанд дақиқаеро ба тарбияи ахлоқии шогирдон бахшад. Дар ин масир вазифа ва уҳдадориҳои роҳбари синф, ки бо муовини директор дар ҳамоҳангӣ фаъолият анҷом медиҳанд, дучанд мебошад. Ҳоло ҷалби волидайн ба мактаб то ҷойе  мушкилӣ эҷод кардааст, на ҳама вақт онҳо аз сабаби  «серкорӣ»  ё дар муҳоҷират қарор доштан, ба муассисаи таълимӣ ташриф меоранд. Аз ин сабаб маҷлисҳое, ки роҳбарони синфҳо ба хотири тақвияти тарбияи ахлоқии хонандагон мегузаронанд,  аксар вақт он қадар муассир нест.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз соли 2011 амал мекунад. Дар он, бахусус, дар боби дуюм - “Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (моддаҳои 6,7,8 ва 9) маҷмуи ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва вазифаҳои падару модар  дар самти тарбия нишон дода шудааст. Уҳдадориҳои волидон, таваҷҷуҳ ба тарбияи фарзандон арзёбӣ шуда, қонуни фавқ бори дигар вазифаи падару модарро дар тарбияи фарзанд мушаххас намудааст. Гуфтан бамаврид аст, ки ин санади муҳим   як қатор масоилро вобаста ба мушкилоти ҷойдоштаи тарбияи ахлоқии хонандагон рафъ сохт. Пӯшида нест, ки на ҳамаи волидон ва на ҳамеша, ба тарбияи ахлоқии фарзандон таваҷҷуҳ мекунанд. То ҷое ба мушоҳида мерасад, бо телефон ба муассисаи таълимӣ омадан аз байн нарафтааст, духтарони синфҳои болоӣ баъзан аз маводи косметикӣ ва зеварот истифода мекунанд, ки ин ба   тарбияи ахлоқӣ латма ворид мекунад. 
Агар мо хоҳем, ки кору фаъолиятамон   дар самти тарбияи ахлоқии хонандагон ҳамеша босамар бошад, на танҳо раванди рӯйдодҳои ҷомеа, балки вазъи дунёи муосирро бояд ба эътибор гирем. Ҳоло ҷавонони мо тавассути интернет дониш ва ҷаҳонбинии худро такмил дода метавонанд, инчунин, маҳз интернет бо шабакаҳои иҷтимоияш метавонад ба ҳолати равонии ҷавонон, бахусус, хонандагони мактабҳои миёна аз ҳар нигоҳ  таъсиргузор бошад. Албатта, ин масъалаи ҳаётан муҳим дар маркази диққати мо-муовинони директори муассисаҳои таълимӣ оид ба корҳои тарбиявӣ  қарор дорад. Вақти он расидааст, ки дар ин бобат бепарда ҳарф занем. Ҳоло далелҳое вуҷуд доранд, ки хонандагони синфҳои болоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ «дӯстон»-и худро аз ҳисоби писарону духтарон ёфтанӣ шуда, зери бори гарони қарз мемонанд.

Таҳмина ПИРОВА, 
муовини директор оид ба тарбияи литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш