Нашрияи Омӯзгор

Нигаҳдори Ватан омӯзгор аст

Сана: 2022-02-28        Дида шуд: 111        Шарҳ: 0

Омодасозии омӯзгори мусиқӣ дар ҷумҳурӣ кори хеле заҳматталаб аст ва барои ин давлату ҳукумати кишвар тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, пайваста дар ин самт имкониятҳои мавҷударо амалӣ намуда истодаанд. 

Давлати ҷавони мо ба кадрҳои соҳибмаълумот ниёз дорад. Аз ин рӯ, дастгирии ҷавонон дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ талаботи замон аст. Мо ҳама масъулияте ба дӯш дорем ва набояд аз доираи ин имкониятҳои ба дӯшамон гузошташуда берун бароему ин гуна масъалаҳоро нодида бигирем.
Дар қатори дигар омӯзгорон, омӯзгори мусиқӣ шахсиятест, ки дар ботини шогирдони худ зебоипарастӣ, меҳнатқаринӣ, инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, ғурури миллӣ ва дигар хислатҳои наҷиби инсониро мепарварад. Зеро оҳангу таронаҳои марғуб ба хислату характери шогирдон таъсир расонида, онҳоро меҳрубонтар, меҳнатдӯсту бунёдкор мегардонад. 
Омӯзгоре, ки чунин хислатҳои некро дар ботини шогирдонаш парварида наметавонад, ба маънии томаш омӯзгор буда наметавонад. 
Омӯзгор дар Ватани обод, амну осоиштаи мо вазифадор аст, ки ҳамеша баҳри баланд бардоштани савияи дониши касбии худ ва шогирдонаш кӯшиш ба харҷ диҳад. Вай, ҳамчунин, бояд кӯшиш намояд, ки илму дониши андӯхтаашро ба шогирдонаш интиқол дода тавонад. Зеро дар ҷомеа аксар навигариҳои рӯз ва дигар саволҳои баҳсталаби бамиёномадаро шогирдон нахуст аз муаллим мепурсанд, чунки ӯро шахси саводнок ва раҳнамои дигарон медонанд. Агар устод чунин хислатро надошта бошаду аз навигариҳои рӯз бехабар монад, пас вой бар ҳоли ӯ. 
Наврасони имрӯза аз назари дарёфти иттилоот аз наврасону ҷавонони асри XX фарқ доранд ва назар ба онҳо хеле пешрафтаанд. Бо истифода аз шароити муносиб ва имконоти васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, амсоли Интернет, телефон, планшет ва дигар васоит наврасону ҷавонони имрӯза аз ахбори навини ҷаҳони муосир зуд бохабар мегарданд. Аз ин нигоҳ, омӯзгорро зарур аст, ки аз технологияҳои муосир ба хубӣ баҳравар бошад, онҳоро истифода бурда тавонад, то мартабаи худро дар назди шогирдон ҳифз намояд. Дар акси ҳол, дар ҷараёни дарс пурра таъмин намудани муваффақияти кори омӯзгор зери суол меравад.  
Касбияти омӯзгор, дони-шмандӣ, сатҳи ҳунармандӣ ва малакаву маҳорати сарояндагии ӯ, ҳисси масъулиятшиносиву хуб донистани фанни омӯхташаванда, дар сатҳи зарурӣ мусаллаҳ будан аз роҳу усулҳои таълиму тарбияи мусиқӣ, бархурдор будан аз тарзи баргузории дарсҳо, дуруст ба нақша гирифтани дарс, аз уҳдаи ташкилу баргузории дарс ба хубӣ баромадани омӯзгор ва шахси эҷодкор будани ӯ дар таълиму тарбияи хонандагон, бахусус, рушду такомули ҳамаҷонибаи онҳо нақши калидӣ мебозад. Чунин омӯзгор омӯзгори асил ва дӯстдори ҳамагон ва дар ҳама чорабинӣ гули сари сабади маҳфилҳост. 
Агар насли наврасро чун меваҳои замона пиндорем, пас, омӯзгор нахли бузургест, ки ин меваҳоро ба пухтан мерасонад ва агар Ватани азизу маҳбубамонро мисли чамани пур аз гулу гиёҳҳои хушбӯю зебо пеши назар оварем, пас, омӯзгор нигаҳдорандаи ин чаманистон мебошад, ки онро ном Тоҷикистон аст.


Саидмаҳмуд САИДҲОМИДОВ,
мудири  кафедраи санъатшиносӣ 
ва назарияи мусиқии  ДДФСТ 
ба номи Мирзо Турсунзода

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш