Нашрияи Омӯзгор

Ба қадри сулҳу ваҳдат бояд расид

Сана: 2022-02-26        Дида шуд: 105        Шарҳ: 0

Падидаҳои номатлуби замони муосир - ифротгароӣ ва терроризм ба сулҳу субот ва амнияти тамоми кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон хатар доранд. Ифротгароиву терроризм танҳо ба як минтақа маҳдуд нест. 
Рушди технологияи муосири коммуникатсионӣ, аз як тараф, дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, хоса соҳаи хизматрасонӣ имконияти мусоиди рушд фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар, он боиси сӯиистифода шудани ин восита аз тарафи созмонҳои ифротгароиву террористӣ гардидааст. Имрӯз мо худ шоҳид ҳастем, ки бо роҳи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ тафаккури ҷавонон тағйир дода мешавад. Даҳҳо ҷавонон бо ин роҳ ба доми фиреби сиёсии созмону ташкилотҳои террористиву экстремистӣ афтода, ҷони худро зери хатар гузоштаанд. Ҳоло имконияти технологияи муосир торафт хатари зуд ва дар фурсати кӯтоҳ паҳн намудани идеологияи ифротиву террористиро дар ҷомеа бештар намудааст. Сар задани ҳодисаҳои инфиҷорӣ на танҳо сабаби ҳалокати одамон, ҳамчунин, боварии аҳолиро нисбат ба мақомоти амниятӣ ва давлатӣ коста гардонида, иштироки сиёсӣ ва фаъолнокии сиёсии онҳоро то ба дараҷае суст мегардонад. 
Моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот, амнияти миллӣ ва пешрафти кишварамон ҳар лаҳза бирасем ва барои рушду ободии ҷомеа саҳмгузор бошем. Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давраи нооромӣ ва бетартибиҳои сиёсиву низомиро паси сар намудааст ва мардуми кишвар чунин ҳодисаи харобиоварро, ки бо дасти созмонҳои ифротӣ ва бо пуштибонии ташкилоту давлатҳои хориҷӣ сурат гирифт, аз ёд набаровардаанд. Ба касе пӯшида нест, ки оғози ба кӯча рехтани мардуми Қазоқистон баланд гардидани арзиши газ бошад ҳам, аммо ин як баҳона ва сабаби нооромӣ, бетартибӣ ва шикастани суботу амнияти ҷомеа аз ҷониби гурӯҳҳои махсус мебошад. Маҳз созмону ташкилотҳои террористиву ифротӣ аз чунин фурсат истифода намуда, даст ба қатлу куштор ва харобкорӣ заданд. Агар ба шароит ва имкониятҳои дар Қазоқистон барои шаҳрвандон муҳайёнамуда назар андозем, нисбат ба чанд давлати собиқ Шӯравӣ дар ин кишвар сатҳи зиндагонии мардум, имкониятҳои кору фаъолият хубтару беҳтар мебошад. Боз ҳам ношукрӣ ба чунин шароиту имконот ва ба доми фиреби ҳар гуна созмонҳо афтодани як гурӯҳи хурди мардум боиси бетартибиву харобкориҳо дар ҷомеа гардид. 
Ба миён омадани чунин ҳодисаи нохуш моро ҳушдор медиҳад, ки то ҳол созмонҳои ифротиву террористӣ интизори фурсатҳои муносиб ва аз қафои амалӣ сохтани мақсадҳои ғаразноки хеш мебошанд. Дар чунин шароит, ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ба мисли обу ҳаво шарт ва асоси амалӣ намудани ҳама гуна ҳадафу барномаҳои созанда дар ҷомеа мебошад. Бидуни ҳифзи суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва ягонагии ҷомеа таъмин ва амалӣ сохтани ҳар гуна манфиатҳои давлатӣ ғайриимкон ва ба даст оварданаш аз назари воқеъбинона номумкин аст. Аз ҳамин нуқтаи назар шаҳрвандонро зарур аст, ба қадри оромиву суботи кишвар расида бошанд ва дар пешрафти Ватани азизамон саҳми муносиб гузоранд. Дар пешрафту муваффақияти давлати Тоҷикистон таъмини амнияти миллии кишвар басо муҳим ва ҳифзи он яке аз вазифаҳои на танҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳар як шаҳрванд, махсусан, мо ҷавонони худогоҳу ватандӯсти кишвар мебошад.

Шуҳрат Саидзода,
номзади илми сиёсатшиносӣ, 
дотсент, мудири кафедраи
сиёсатшиносии ДДҲБСТ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш