Нашрияи Омӯзгор

Идрорпулии номӣ - 10 000 сомонӣ

Сана: 2022-02-26        Дида шуд: 81        Шарҳ: 0

Дар коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб зимни нишасти матбуотӣ директори он Зайдулло Азиззода қайд намуд, ки ҷамъбасти соли таҳсили 2020-2021 нишон дод, ки сатҳи азхудкунии донишҷӯён 1,6% ва сифати таҳсилот 8,8% боло рафта, таълиму тарбия беҳтар гардидааст. Айни ҳол раванди таълиму тарбия дар 16 кафедра аз рӯи 7 ихтисос ба роҳ монда шудааст. 
Айни  замон корҳои сохтмони бинои хобгоҳи донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар пеш рафта истодааст. Биноҳои собиқ маркази вилоятии дандонпизишкӣ ва марказии вилоятии эндокринологӣ, ки ба тавозуни муассиса гузаронида шуда буданд, пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Сатҳу сифати дониши донишҷӯён сол то сол боло рафта, дар соли 2021 аз шумораи 548 нафар хатмкунандаи коллеҷ танҳо 79 нафарашон ба ҷойи кори асосӣ таъмин гардиданд. Соли 2021 донишҷӯёни коллеҷ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар байни 79 коллеҷи ҷумҳурӣ иштирок намуда, 5 нафар аз фанҳои табиатшиносӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар коллеҷ аз тарафи фарзанди профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз идрорпулии номӣ таъсис дода шудааст, ки 10 000 сомониро ташкил мекунад. 
Шариф АБДУЛҲАМИД, 
«Омӯзгор» 
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш