Нашрияи Омӯзгор

Бунёдкориву созандагӣ меафзояд

Сана: 2022-02-26        Дида шуд: 55        Шарҳ: 0

- Дар минтақаи Кӯлоб 598 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 291 ҳазору 128 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 19 ҳазору 287 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сармутахассиси бахши раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Б. Раҷабов. Дар 50 адад муассисаи томактабии минтақаи Кӯлоб 4818 нафар кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ фарогир мебошанд. Инчунин, 437 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 12 372 нафар фаъолият дорад, ки дар маҷмуъ 17190 нафарро ташкил медиҳад. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар 15 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз он ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб - 3, Восеъ - 1, Ҳамадонӣ - 1, Фархор - 8, Балҷувон - 1, Данғара - 1 адад муассисаи таълимӣ раванди таълиму тарбия дар се баст ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳияи Ховалинг филиалҳои муассисаи таълимии №16 (2 филиал), дар хонаҳои шахсӣ ҷойгир мебошанд. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, дар маҷмуъ, 118 муассисаи таълимӣ таъмирталаб буда, ба сохтмони бинои иловагӣ зарурат доранд. 
 Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилоят ба 74 кадри равияи омӯзгорӣ эҳтиёҷ доранд. Аз ҷумла, технологияи иттилоотӣ 2, биологияву экология 10, география 1, забони англисӣ 15, забони русӣ 6, математика - алгебра 12, химия 10, синфҳои ибтидоӣ 4, таърих 4, физика астрономия 10 нафар эҳтиёҷ доранд. 
Дар соли 2021 тибқи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, № 197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» 7 нафар омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ, 1 нафар соҳиби замини полезӣ ва 28 нафар аз қарзи имтиёзнок озод гардида, дар маҷмуъ, 36 нафар омӯзгори ҷавони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз имтиёз бархӯрдор шудаанд. 
Бо вуҷуди корҳои ба анҷом-расонидашуда, мушкилоти дар се баст фаъолият намудани муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷой дорад. Дар шаҳри Кӯлоб 4, Восеъ 4, Ҳамадонӣ 1 ва Фархор 5 муассиса ба назар мерасад. 
Б. Раҷабов афзуд, ки новобаста ба ин пешравиҳо дар самти алоҳидаи фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақа норасоиҳои зиёде мавҷуд аст, ки барои бартараф намудани онҳо барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот шароит муҳайё месозанд. Аз ин лиҳоз, омӯзгорону кормандони соҳаи маорифи минтақаро лозим аст, ки бо кӯшишу заҳмати дучанд меҳнат кунанд. 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш