Нашрияи Омӯзгор

Панҷ озмоишгоҳи нав дар донишкада

Сана: 2022-02-28        Дида шуд: 68        Шарҳ: 0

Дар Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 бо доираи васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нахуст рӯзноманигорон аз фаъолияти озмоишгоҳҳои донишкада аз наздик шинос шуда, роҷеъ ба он  маълумоти кофӣ  гирифтанд.
Дар соли 2021 дар донишкада 5 озмоишгоҳи нав ва 1 маркази таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии лоиҳаҳои байналхалқӣ ташкил карда шуд. Аз ин 3 озмоишгоҳ дар самти зеҳни сунъӣ, 1 озмоишгоҳи  технологияи молиявӣ, озмоишгоҳи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, як маркази таълимӣ, ки аз озмоишгоҳи дӯзандагӣ ва синфхонаи компютерӣ оид ба лоиҳакашии автоматикунонидашудаи либос иборат мебошад, маҳсуб меёбад. Он  бо 34 компютери замонавии пуриқтидор, ки имконияти гузаронидани ҳисобу китобҳоро бо истифодаи барнома ва алгоритмҳои математикии мураккаб дар забонҳои барномарезии муосирро доранд, муҷаҳҳаз мебошад. Дар озмоишгоҳи технологияҳои молиявӣ низ 12 компютери нави муосир насб карда шуда, барои гузаронидани машғулиятҳо аз фанҳои муҳосибот, фаъолияти биржаҳо ва автоматикунонии фаъолияти бонкдорӣ бо барномаҳои махсуси компютерӣ таъмин карда шудаанд. 
Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ доир ба самтҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, байналхалқӣ ва хоҷагии ин муассисаи олии таълимӣ иттилоъ дода, аз ҷумла, афзуд, ки чор факултети донишкада – информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ - иқтисодӣ аз рӯи 29 ихтисоси зинаи бакалавриат, 5 ихтисоси шакли таҳсилашон фосилавӣ ва аз рӯйи 18 ихтисоси бакалавриатура таҳсилоти олии дуюм тариқи фосилавӣ, 18 ихтисоси зинаи магистратура, 9 ихтисоси зинаи докторантура (PhD), инчунин, 13 курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, аз ҷумла, омӯзиши забонҳои хориҷӣ 181 нафар устод ба  4121 нафар донишҷӯ дарс мегӯянд.
Дар парки технологӣ ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои ҷавонон ва калонсолон ҷиҳати омӯзиши забони англисӣ, забони русӣ, забони олмонӣ, васлу насб ва таъмири таҷҳизоти барқӣ, тарҳрезӣ ва дӯзандагӣ, хизматрасонии техникии нақлиёти автомобилӣ, технологияи информатсионӣ, технологияҳои истеҳсоли ғизо, технологияҳои истеҳсоли нӯшокиҳо ва муҳосиби компютерӣ ба роҳ монда шудааст. 
Раёсати донишкада нисбат ба ятимону маъюбон ғамхорӣ зоҳир намуда, ҳамасола ятимони кулл ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз супоридани маблағи хобгоҳ озод карда шудаанд.  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш