Ҳамкории ДМТ ва ДДС таҳким меёбанд
Дар доираи сафари ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки он аз 1 то 4 август сурат гирифт, байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Санади мазкурро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ Рустам Холмуродов имзо карданд.
Тавре Муҳаммадюсуф Имомзода зикр кард, дар асоси санади мазкур Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ҳамкории мутақобилан судмандро дар самти табодули таҷриба, амалӣ намудани корҳои илмию пажӯҳишӣ, боздиди ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои номбурда иштирок дар конфронсу симпозиумҳо ва таъмини адабиёти илмӣ – оммавиро ба роҳ мемонанд.
Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ соли 1927 таъсис ёфта, дорои факултаҳои филология, филологияи тоҷик, таъриху фалсафа, омӯзгорӣ, физика-риёзӣ, илмҳои дақиқ, иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Алҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 5 Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла, бо Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ба номи А.Навоӣ, Донишгоҳи давлатии шаҳрҳои Андиҷон, Фарғона ва Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Бояд зикр кард, ки дар доираи ин ҳамкорӣ соли равон ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар конфронсу ҳамоишҳое, ки дар шаҳрҳои Самарқанду Тошканд доир гардиданд, иштирок намуданд. Моҳи майи соли равон Донишгоҳи милли Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд 100 нусха китобу адабиёти гуногун тақдим намуд.
Дар Тоҷикистон ба рушди забони ӯзбекӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад
- Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди забони ӯзбекӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад ва беш аз 260 мактаби ӯзбекӣ фаъолият мекунад. Дар донишгоҳҳо ҳамчунин кафедраҳо барои тайёр кардани муаллимони забон ва адабиёти ӯзбек мавҷуданд, — изҳор дошт муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев зимни ҷаласаи клуби матбуотии байналмилалӣ дар Тошканд.
«Чанде пеш барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ адабиёти таълимӣ бо забони ӯзбекӣ таҳия гардид, ки дар ояндаи наздик ба нашр хоҳад расид», — афзуд муовини аввали вазири маориф ва илм. Бино ба иттилои агентии иттилоотии «Podrobno.uz», коршиносоне, ки дар ҷаласаи мазкур иштирок доштанд, зикр намуданд, ки халқҳои ӯзбеку тоҷик қариб, ки яканд, вале бо забонҳои гуногун сухан мекунанд. Муносибатҳои халқҳои ӯзбеку тоҷик воқеияти нав нест, ки дирӯз ё имрӯз пайдо шуда бошад. Дар ҳақиқат, тайи асрҳо муносибатҳои маънавӣ, динӣ ва фарҳангии ниёгонамон ба ҳам пайванд буданд.
Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки дар вақтҳои охир муносибатҳо миёни ҳарду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Созишҳои мутақобилан судманд ба даст омаданд, ҳамкории дуҷониба босуръат рушд меёбад, боздидҳои ҳайатҳои доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар роҳандозӣ мешаванд, инчунин, робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ густариш меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли гузашта дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон ва 10-14 октябри худи ҳамон сол Рӯзҳои фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор шуданд.
Тиҷорат миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон даҳ баробар афзуд
Тоҷикистон дар муносибатҳо бо Ӯзбекистон «дурнамои бузург»-ро мебинад. Ин нукта зимни ҷаласаи клуби матбуотии байналмилалӣ дар Тошканд, ки бо иштироки намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид, зикр шуд.
Зимни ҷаласаи мазкур иштирокдорон рушди муносибатҳо, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатиро баррасӣ карда, ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.
«Ӯзбекистон барои Тоҷикистон шарики тиҷорати бузургтарин буд. Аммо як муддат байни ин ду давлат тиҷорат қариб, ки ба сифр баробар гардид. Агар ду ё се сол пеш гардиши мол миёни ҳарду давлат ҳамагӣ 12 миллионро ташкил медод, вале он дар соли 2017 ба 126 миллион ва дар нимсолаи аввали соли 2018 ба 128 миллион расид. Яъне тиҷорат даҳ баробар афзуд», — зикр намуд сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар нимсолаи аввали соли 2018, 1,4 миллион нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз кишварҳои якдигар дидан намудаанд.
«Тақрибан 700 ҳазор нафар шаҳрванди Ӯзбекистон аз Тоҷикистон ва тақрибан ҳамин қадари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дидан кардаанд», — афзуд Ғ. Бобозода.
Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Лутфия Раҷабова изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои дурнамои бузург мебошанд. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҷонибҳо метавонанд дар соҳаҳои фарҳанг, мудофиа ва захираҳои обу энергетика ҳамкории дурнамодорро ба роҳ монанд.
Ҷавонони ӯзбек метавонанд дар Тоҷикистон маълумоти олӣ гиранд
Шурӯъ аз соли равон ҷавонони ӯзбек метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон маълумоти олӣ гиранд, -менависад агентии «Podrobno.uz.».
«Миёни муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии ду давлат як қатор ҳуҷҷатҳо имзо шуданд, ки ба донишҷӯёни ҳарду давлат имкон медиҳад, то дар оянда дараҷаи бакалаврро дар як давлат ва дараҷаи магистрро дар давлати дигар соҳиб шаванд. Табодули донишҷӯён ва омӯзгорон имкон медиҳад, ки робитаҳои дӯстонаи ду миллати бародар боз ҳам қавитар гарданд»,-иброз намуд раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова дар ҷаласаи пресс-клуби байналмилалӣ.
Дар назар аст, ки охири моҳи август бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ ва форуми «Тоҷикистон ва «Роҳи абрешим»: таърих ва замони муосир» баргузор карда шуда, ба он намояндагони Ӯзбекистон низ даъват карда шаванд.
«Суғдиён»-и Ӯзбекистон дар Бадахшони Тоҷикистон
Ҳунармандони кишвари дӯсту ҳамсоя қалби садҳо нафар тамошобинонро тасхир карданд
Гурӯҳи ҳунарии «Суғдиён» аз кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон ҳамроҳ бо гурӯҳи рақсии ТРИО дар Фестивали байналмилалии мусиқии «Боми ҷаҳон» бо рақсу таронаҳои зебои худ дили садҳо нафар аз тамошобинонро тасхир карданд.
Дар Фестивал 180 нафар ҳунарманд аз давлатҳои Америка, Афғонистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се рӯз барои ҳазорон нафар ширкаткунандагони он то бевақтии шаб базми рақсу таронаҳои мардумӣ, фолклорию эстрадӣ баргузор намуданд.
Ин фестивал соли ҳаштум аст, ки дар шаҳри Хоруғ доир мегардад, аммо ҳунармандони гурӯҳи «Суғдиён» бори аввал дар он ширкат меварзанд. Аз ин рӯ, ҳангоми ба саҳна баромадан тамошобинон аз ҷой хеста, онҳоро бо кафкубӣ ва шӯру валвала истиқбол гирифтанд. Дар ҳавои таронаҳояшон рақс мекарданд.
Яке аз ҳунармандони ин гурӯҳ Бекзод Тӯраев гуфт, ки воқеан истиқболи гарми тамошобинон моро ба ваҷд овард. Дарвоқеъ, миллати тоҷик аз азал фарҳангдӯсту фарҳангпарвар аст. Ман дар бораи зебоии Помир ба василаи аксу тасвирҳои видеоӣ қаблан шинос будам ва имрӯз бо чашми худ ин минтақаи афсонавиро тамошо мекунаму аз дидани манзараҳои ҷолиб ва суҳбатҳо бо мардуми меҳрубону меҳмоннавози он ҳаловат мебарам. Чизи дигари ҷолиб ин буд, ки ҳунармандони тоҷик сурудҳои ӯзбекӣ ва ҳунармандони ӯзбек таронаҳои тоҷикӣ мехонданд, ки ин хеле хушоянд буд ва фикр мекунам, ки моро ба ҳам боз ҳам наздиктар кард.
Фестивал бо кумаки Дафтари ҳамкории Швейтсария ва Ширкати мобилии ТCELL роҳандозӣ шуда, ҳадафи он рушду ҳамкорӣ байни фарҳангҳои мухталиф ва ҳифзу нигоҳдории фарҳанги қадимаи халқҳои ҷаҳон мебошад.
Силсилагузоришҳо
дар асоси маводи
АМИТ «Ховар»
омода шуд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр