Нашрияи Омӯзгор

Ҳадафҳои судманди шарикони рушд

Сана: 2022-02-26        Дида шуд: 45        Шарҳ: 0

Асри XXI асри иттилоот ва равнақи технологияҳои муосир  мебошад. Гузаштан ба шаклу  усулҳои  рақамии таълим  дар соҳаи маориф  низ натиҷаҳои судбахш хоҳанд дод. Хусусан, барои гузаронидани дарсҳои муосир истифодаи технология аз ҳадафҳои муҳими ин соҳаи калидии ҷомеа ба шумор меравад. Бо ин мақсад бо ибтикор ва ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МД ДҶТИБКСМ маросими ифтитоҳи расмии нахустин студияи миллӣ барои таҳияи барномаҳои таълимии телевизионӣ ва тарғибу ташвиқи маводи инноватсионии таҳсилоти омехта баргузор гардид. Маблағгузории студияи мазкур дар доираи «Марҳилаи дуюми барномаи дастгирии сифати таълим» аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо амалӣ гардид.  
Чунонки дар ифтитоҳи чорабинӣ қайд гардид, ҳамкорӣ бо чунин ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ дар дигар самтҳои соҳаи маориф қаблан низ ба амал омада буд. Акнун чунин ҳамкорӣ идомабахши ҳамкориҳои пешин буда, барои беҳтар гардидани сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Иттилоъ дода шуд, ки студияи эҷодӣ ва маркази медиа, ки дар бинои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи назди ВМИ дарҳои худро боз намуд, дорои барномаҳо ва таҷҳизоти муосир мебошад. 
Дар идомаи чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳадафи лоиҳа – рушди таълими дарсҳои телевизионӣ тавассути намоиши дарсҳои омӯзгорони баландихтисос ва ботаҷриба, инчунин, муҷаҳҳаз гардондани ВМИ бо асбобҳо ва маводи интернетии инноватсионии таълимӣ, ки ба омӯзгорон ва хонандагон барои такмили малакаҳои дарсгӯӣ ва омӯзиш, ки барои таҳсилоти омехта ва фосилавӣ заруранд, имконияти фаровон пайдо менамояд. Ҷараёни таҳияи маводи баландсифати таълимии телевизионӣ ва маводи таълимии рақамӣ боиси навовариҳо дар соҳаи маориф гардида, ҷиҳати таҳкими дониши хонандагон аз фанҳои асосӣ кумак хоҳад намуд. 
Ин нуктаро  роҳбари  бахши ҳамкорӣ, намояндаи ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марк Бухманн ва Осама Маккавӣ – сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар ҶТ низ таъкид карданд. 
Акнун дар панҷ синфхонаи компютерӣ, сабти овоз, банаворгирӣ, китобхонаи дорои беш аз 27 ҳазор нусха адабиёти бадеӣ, илмӣ ва таълимӣ, методӣ   ва як қаҳвахона  барои гузаронидани дарсҳо ва семинарҳои омӯзишӣ дар ДҶТИБКСМ шароити созгор муҳайё гардид. Шарикони рушд ба нақша гирифтаанд, минбаъд дар панҷ филиали муассисаи номбурда низ чунин амали хайрро ба анҷом расонанд.

Ҳотами ҲОМИД,
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»    
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш