Нашрияи Омӯзгор

56 нафар - соҳиби дипломи аъло

Сана: 2022-02-28        Дида шуд: 70        Шарҳ: 0

Дар нишасти матбуотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори муассиса, доктори илми ҳуқуқшиносӣ А. Ғафурзода иттилоъ дод, ки академия муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, барномаҳои таълимӣ, барнома ва нақшаҳои илмию татқиқотӣ, таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва фармоиши давлатиро  оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд. Имрӯз дар ин ҷо устодон дар  се факултет, шонздаҳ кафедра ва шуъбаи магистратура ба фаъолияти таълимӣ ва илмию методӣ машғуланд. 
Ректор афзуд, ки бо мақсади беҳтар кардани сифати таҳсилот дар соли 2021 раёсати академия тадбирҳои амалӣ андешида, ҷиҳати иҷрои бандҳои нақшаи кории раёсати таълим дар заминаи муассиса курси такмили ихтисос аз рӯи равияи педагогика ва психология дар якҷоягӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассиаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ баргузор карда шуд. Дар курси мазкур 72 нафар омӯзгор ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. 
- Таҳлилҳо нишон дод, ки, - гуфт А. Ғафурзода, - натиҷаи аттестатсияи  давлатии хатмкунандагон нисбат ба соли гузашта 5,9 фоиз афзудааст. Аз шумораи умумии хатмкунандагони зинаи бакалавру магистратура 56 нафарашон дипломи «аъло»  гирифтанд, ки 6,67 фоизи умумиро ташкил медиҳад. 
А. Ғафурзода вобаста ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба фаъолияти  китобхонаи илмӣ, таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули донишҷӯёни академия, робитаҳои байналмилалӣ, ҷалби грантҳо ва татбиқи лоиҳаҳо дар академия, фаъолияти Маркази дӯстӣ ва ҳамкории созмони ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи омодагии касбии хизматчиёни давлатӣ, корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ, дастгирии донишҷӯёни ятиму бепарастор ва ғайра  ҷавобҳои мушаххас дод.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш